Главная / Чугрофия / ГИДРОСФЕРА

ГИДРОСФЕРА

Гидросфера чист? Дар сатхи Замин об моддаест, ки дар сатхи Замин васеъ пахн гардидааст. Вай дар се холат дучор мешавад: сахт, моеъ ва бухор. Аз хамин сабаб об на факат дар укёпусхо, бахрхо, инчунин дар хушки (дарёхо, кулхо, обанборхо, ботлокхо, пиряххо, обхои зеризамини) ва кабати поёнии атмосфера (хамчун буги ноаён) дида мешавад.

Хамаи онхо  якчоя кабати обии Заминро ташкил медиханд, ки онро гидросфера меноманд. Кариб 94 фоизи таркиби онро оби укёнусхо ва бахрхо ташкил медиханд, 4 фоизи бокимондa ба обхои зеризамини 1.6 фоиз ба пиряххои Арктика ва Антартика ва 0,4 фоиз ба обхои сатхи хушки, рутубатн кабати атмосфера ва хок рост меояд . Обхои сатхи Замин на факат бо холат (сахт, моеъ, буг), инчуиин бо таъму ранг худ фарк мекунанд. Оби укёнус ва бахрхо, ки 71 фоизи Заминро ишгол менамоянд, шуранд. Такрибан 2,5 фоизи оби сатхи Замин ширии мебошад. Онро инсоният ба максадхон гуногун истифода мебарад, чунки ягон амалиёти хочагидории инсои бе иштироки об ба сомон намерасад. Бе об бисёр чизхои зиндаи табиат хам ба миён намеоянд ва зохир намегарданд.

uqyonus

Гайр аз ин, мавчуд будани пардаи обии сатхи Замин намегузорад, ки хавои он аз хад зиёд гарм ва ё сард шавад. Ин табиат ва хаёти руи Замин ахамияти калон дорад.

Гардиши об дар табиат. Дар сатхи Замин чое нест, ки дар он об набошад. Дар об кариб хамаи моддахо хал мешаванд. Бинобар ин кабати обии Замин аз моддакои халшуда бой аст. Халшавии онхо ба гардиши об дар табиат вобаста мебошад. Кумаи харакатдиханда ва асосии гардиши об гармии нури Офтоб мебошад. Тахти таъсири он дар сатхи Замин гардиши  ва калони об ба амал меояд.

Хангоми ба руи Замин расидани нури Офтоб сатхи хушки ва укёнуси Олам гарм мешавад. Дар натича аз сатхи онхо  мунтазам об бухор мегардад. Бухоршави дар сатхи укёнусхо нисбат ба сатхи хушки 6,6 маротиба зиёд мебошад. Оби аз сатхи укёнусхо ва хушки бухоршуда ба боло харакат мекунад. Дар баландихои он вобаста ба тагйир ёфтани харорати хаво аз он абр хосил мешавад, ки дар худ микдори муайяни рутубат дорад. Хангоми харакати абрхо заррахои нами бо хамдигар бархурда, ба заррахои калони об ва ё яхча табдил меёбанд ва дар шакли борону барф ба сатхи укёнусхо ва хушки мерезанд. Ин ходисаро гардиш хурди об дар табиат меномаид. Аммо оби аз сатхи укёнусхо бухоршуда як кисмаш хамчун боришот ба он бармегардад, кисми  дигари он хамчун абр ба воситаи чараёни хаво ба хушки  мегузарад.

Дар ин сурат гардиши об хусусияти дигар мегирад, Яъне он рутубате, ки хамчун боришот аз абрхо ба сатх хушки  мерезад, кисман бухор шуда, ба атмосфера бозмегардад. Бокимондаи он ба дарёхо, кулхо, ботлокзорхо чори мегардад. ба кабати Замин захида меравад, хокро нам ва обхои зеризаминиро пурра мекунад, дар сатхи пиряххо хамчун барф боки мемонад. Дар охир он рутубате, ки аз укёнусхо бо чараёни хаво ба сатхи хушки гузаштааст, ба воситаи обшавии пиряххо барфхои доими яхпорахои шинокунанда, дарёхо ва обхои зеризамини боз ба укёнус бармегардад. Инро гардиши бузурги об дар табиат мегуянд. Онро чунин ифода кардан мумкин аст.

Ахамняти Гарднши об дар табиат. Гардиши об бо хам алокамандии кисмхои таркибии гидросфера (кабати обин Замин), Укёнуси Олам, оби хушки ва рутубати атмосфераро таъмин менамояд. Ин алокамандй барои дар укёнусхо, бахрхо, хушки ва атмосфера пахн гардидани хаёт мусоидат менамояд. Ба туфайли он хаёт на факат дар сатхи хушки ва дар укёнус, инчунин дар кабати атмосфера ва хок вучуд дорад.

Мубодилаи гармй ва нами байни хушкию укёнус ва хушкию укёнусу атмосфера хам ба гардиши об вобаста аст, чунки барои як дарача гарм кардани як литр об нисбат ба гарм намудани хамин микдор хаво хазорхо маротиба бештар гармй сарф мешавад. Аз ин ру, обе, ки аз сатхи укёнус буг мешавад, дорои гармии зиёди нихони мебошад. Хангоми бо чараёни хаво ба хушки харакат кардан аз буг абр хосил шуда, бориш мешавад. Гармин нихонй озод шуда, хаворо гарм мекунад. Аз хамин сабаб хаво хангоми боридани боришот нисбат ба хавои бебориш гармтар аст. Аз се ду хиссаи гармии аз Офтоб ба Замин воридшавандаро укёнус ба худ мегирад. Пас маьлум мешавад, ки он гарми на хамааш барои буг кардани об сарф мешавад, балки як кисми он бо чараёни об ба кабатхои поёни укёнус фаромада, захира мегардад. Ин гармиро укёнус оххиста- охиста аз худ хорич намуда, дар зимистон хавои сатхи Заминро гарм нигох медорад.

Хамин тавр, дар рафти гардишн нихоят мураккаби об дар сатхи Замин таксимоти васеи рутубату гарми ба амал меояд, ки дар он ба хам алокамандии кисмхои гидросфера мавкеи асоси дорад. Бояд дар хотир дошт, ки ин алокаманди на факат дар пахншавии хаёт, мубодилаи рутубату гарми, балки дар мубодилаи моддахои минерали зохир мегардад. Яъне обе, ки аз атмосфера ба сатхи хушки ба шакли боришот мерезад, дар таркиби худ гайр аз оби соф дигар омехта надорад. Хангоми аз кабати чинсхои кухии тахшини захида гузаштани об таркиби он тагйир меёбад. Об хама гуна моддахоро шуста, хал намуда, ба худ хамрох менамояд. Аз обхои зеризамини дарёхо, кулхо, ботлокхо об мегиранд. Ин об ба воситаи дарёхо ба укёнус бармегардад ва бо худ Чинсхои тахшини ва моддахои халшудаи минералиро бурда, Дар укёнус тахшин мекунад. Аз онхо  охиста-охиста кабати гафси чинсхои тахшин ташаккул меёбад. Баьд ин тахшинхо дар натичаи ходисаи кухпайдошави бардошга ва чин шуда, ба хушки табдил меёбанд.

Оби аз хушки ба укёнус дохилгардида холати ибтидоии худро тагйир медихад. Хосияти нави химияви ва физики пайдо мекунад. Хангоми бухор шудани оби укёнус моддахои дар он халгардида тахшин мешаванд. Оби бухоршуда аз сари нав холати аввалаи худро мегирад. Ин гардиши беинтихо буда, мунтазам давом мекунад.

Савол ва супориш

  1. Гидросфера чист?
  2. Кисмхои таркибии гидросфераро номбар кунед.
  3. Дар табиат об чи тавр гардиш мекунад?
  4. Гардиши хурди об аз гардиши бузурги об чи тафовут дорад?
  5. Гардиши об дар табиат чи ахамият дорад?

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …