Главная / Биология / Зироатҳои полизии Тоҷикистон

Зироатҳои полизии Тоҷикистон

Растаниҳои полезиро аксари сокинони шаҳру деҳотамон на танҳо хуб мешиносанд, балки шаҳду лаззати меваҳои онҳоро борҳо чашидаанд. Растаниҳои полизӣ, аз қабили харбуза, тарбуз ва каду меваи серобу сершира дошта, онҳоро истеъмбл мекунанд ва баъзе навъҳояшонро ба сифати хӯроки чорво истифода мебаранд. Ҳамаи растаниҳои полизӣ мансуби танҳо як оила – оилаи кадугулҳоянд.

Тарбуз
Сурати Тарбуз дар Тоҷикистон

Тухми растаниҳои полизӣ аз равған бой буда, равғани онҳоро дар соҳаи техника ва ё барои истеъмол истифода мебаранд. Равғани хушбуй сифати истеъмолиро аз тухми каду ҳосил мекунанд. Инчунин, аз меваи каду таомҳои болаззат пухта, аз баъзе навъҳояш консерва тайёр мекунанд.

Тарбузро бошад, ҳамчун воситаи хуби пешоброн ва инчунин ҳангоми камхунӣ ва дар заҳра (талха) – дону роҳи пешоб пайдо шудани санг истеъмол мекунанд.

Ҳамаи растаииҳои полизии кишта растаниҳои яксолаанд. Решаи растаниҳои полизӣ ба хок чуқур дохил мешавад. Масалан, решаи харбуза 1-3 м, каду ва тарбуз то 4-5 м ба хок чуқур реша меронанд.

Поя ва навдаҳои зироатҳои полизӣ гирда ё қиррадор буда, бо мӯякчаҳо пӯшида мебошанд. Навдаҳои паҳлӯии растаниҳои полизӣ хеле шохронда буда, дар баъзе ҳолатҳо аз пояи асосӣ дарозтаранд. Масалан, ин хели навдаҳо дар харбуза 2-3 м, тарбуз 4-5 м ва каду то 10 м дарозӣ доранд. Лаъличаҳои (паҳнаки) баргашон думчаи дароз дорад. Баргҳо калони яклухт, панҷашакл (дар харбузаю каду) ва ё 3-5-парра (дар тарбуз) буда, бо мӯякчаҳои сершумор пӯшида шудаанд. Гулҳояшон дар бунбағалаи баргҳо ҷойгиранд. Гулҳояшон ҷудоҷинса ё дуҷинса мебошанд. Меваи растаниҳои полизӣ кулӯла, тухмшакл, дарозрӯя, нокшакл буда, рангашон сабз, гулобӣ, дорчинӣ, зард, сабзи сиёҳтоб, нақшин ё бенақш мебошад:

Зироатҳои полизиро халқҳои Осиёи Миёна, махсусан тоҷикон аз замонҳои қадим инҷониб парвариш мекунанд. Сонитар парвариши растаниҳои полизӣ ба Эрону Туркиё ва аз ин мамлакатҳо ба ноҳияҳои ҷанубии Аврупо васеъ паҳн шуд. Ҳоло растаниҳои полизиро дар ҳамаи ноҳияҳои Тоҷикистон парвариш мекунанд.

Харбуза
Сурати Харбуза дар Тоҷикистон

Аксари растаниҳои полизӣ гармипарвар буда, рӯзҳои гарми офтобиро меписанданд. Чунончи, тухми каду дар ҳарорати 13-14°С ва харбуза дар 15-17°С гармй ба сабзидан шурӯъ мекунанд. Шароити аз ҳама беҳтарин барои сабзиши зироатҳои полизӣ ин баланд шудани ҳарорат то 33-35°С мебошад. Онҳо инчунин, ба рав- шанӣ низ талаботи калон доранд. Зеро равшании давомноку гармии нисбатан зиёд боиси дар меваи онҳо афзудани микдори қанд мегардад. Дар байни растаниҳои полизӣ аз ҳама зиёдтар харбуза ва баъд тарбуз растаниҳои гармипарвар ва равшанидӯст ба ҳисоб мераванд. Каду нисбат ба инҳо ба гармӣ ва равшанй эҳтиёҷоташ камтар аст.

Зироатҳои полизӣ дар заминҳои солиёни дароз бекорхобида, нав корам, ғурӯшахоки ҳосилхез бисёр хуб нашъунамо мекунанд. Онҳо хусусан, ба хоки нарму мулоим талаботи калон доранд.

Растаниҳои полизӣ ба монанди дигар растаниҳои кишта ба ни- гоҳубини хуб эҳтиёҷ доранд. Нигоҳубини киштзори ин зироатҳо аз сари вақт обмонӣ, нест кардани алафҳои бегона, ягонакунӣ, нарму хокгардон кардани бехи ниҳолҳо ва андохтани моддаҳои ғизоӣ иборат аст. Ниҳолҳоро баъди 3-4-барга шуданашон ягона мекунанд. Одатан ниҳолҳои боқувватро гузошта, ниҳолҳои ним- ҷону заифро канда мепартоянд. Ниҳолҳои заифро бо решаашон кандан мумкин нест, зеро ба решаи ниҳолҳои атрофаш осеб мера- сад.

Дар давраи сабзиши растаниҳои полизӣ байни қаторҳоро 2-3 ма ротиба нарм мекунанд. Ин кор дастй ё бо култиваторҳо гузарони да мешавад. Баъди ҳар маротибаи нарм кардан бехи ниҳолҳоро хокчош е хокгардон мекунанд.

Дар давоми нашъунамояшон, вобаста ба дараҷаи намнокии хок, ба растаниҳои полизӣ аз 5 то 9 маротиба об медиҳанд.

Бо нишондоди мутахассисон ба киштзори растаниҳои полизӣ нуриҳои маъдании нитрогендор, калийдор ва фосфордор (аз рӯи миқдори муқарраркардашуда) андохта мешавад.

Бо сабабҳои дар як вақт напухтани (нарасидани) ҳосили тарбузу харбуза онро дар ду ё се давра меғундоранд. Ҳосили кадуро бошад, метавон якбора гун кард.

Тарбузу харбузаро на танҳо дар заминҳои обёришаванда, инчунин дар заминхои лалмии ноҳияҳои (доманакӯҳҳои) водии Ҳисор ва дигар минтақаҳо бомуваффақият киштукор мекунанд. Ба ин мақсад заминҳои навкорамро истифода мебаранд. Коштани тухми растаниҳои полизиро дар заминҳои лалмӣ охирҳои моҳи май ё аввалҳои моҳи июн анҷом медиҳанд. Тухмиро 2-3 ё 5 шабонарӯз пеш аз кишт дар муҳити нам нигоҳ медоранд.

  1. Растаниҳои полизӣ ба кадом оила тааллуқ доранд?
  2. Одамон чаро растаниҳои полизиро парвариш мекунанд?
  3. Кадом растаниҳои полизиро медонед?
  4. Аломатҳои махсуси растаниҳои полизиро номбар кунед?
  5. Барои нашъунамои хуби зироатҳои полизӣ гузарондани кадом чорабиниҳо ниҳоят муҳиманд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …