Главная / Биология / Занбуругхои телпакчадор

Занбуругхои телпакчадор

Занбуругхо гурухи калони организмхо буда, такрибан 100 хазор намуд доранд. Онхоро аз руи таснифоти хозирамалкунанда ба 6 синф чудо менамоянд, ки аз инхо 3-тоаш ба занбуругхои дарачаи паст ва 3-тои дигараш ба занбуругхои дарачаи оли мансубанд. Агар занбуругхои дарачаи паст сохти якхучайраги дошта бошанд, занбуругхои дарачаи оли бисёрхучайраанд. Тахмин меравад, ки синфхои гуногуни занбуругхо шояд аз организмхои соддаи кадима пайдо шуда бошанд.

Занбуругхо мавчудоти хеле пахншуда мебошанд. Онхо дар хама чое, ки моддахои органики хастанд, яъне дар хок, об, хонахои истикомати, махсулотхои гуногуни гизои, дар наботот, бадани инсону хайвонот мавчуд хастанд. Онхо агарчанде аз чихати сохташон гуногун бошанд хам, аз руи тарзи гизогириашон ба хамдигар монанданд.

Расми 90. Сохти занбуруги телпакчадор
Расми 90. Сохти занбуруги телпакчадор

Занбуругхо аз моддахои тайёри органики гизо мегиранд. Аз руи ин хусусияташон онхо ба хайвонот наздиканд, лекин аз руи тарзи кабул кардани хурок бо рохи чаббидани он ба растанихо монанди доранд.

Гизогирии занбуругхо бо тарзи сапрофити ё паразити мегузарад. Зеро дар хучайраи занбуругхо хлорофилл мавчуд нест ва онхо табиатан кобилияти фотосинтез карданро надоранд. Агар занбругхои сапрофити моддахои органикии тайёрро (организмхои нобудшударо) гизо гиранд, занбуругхои паразити, баръакс, дар чисми мавчудоти зинда (хайвоноту наботот) дохил шуда, аз хисоби онхо гизо мегиранд.

Занбуругхо организмхои якхучайра ва бисёрхучайра мешаванд. Дар таркиби чилди хучайраи занбуругхо моддаи хитини дида мешавад. Хитин моддаи органикиест, ки асосан ба баъзе намудхои хайвонот хос аст.

Танаи (чисми) занбуругхо аз риштахои борики сафед, ки кундарешаи занбуругхо пайдо мекунанд, иборат аст. Дар баъзе занбуругхо риштаи (гифи) реша ба хучайрахои алохида чудо нашуда, балки он ба як хучайраи калони бисёрядродор табдил ёфтааст. Умуман, риштахои реша бисёрхучайра буда, хучайрахои он метавонанд як ё якчанд ядро дошта бошаид.

Афзоиши занбуругхо бо рохи чинси, гайричинси ва нашви мегузарад. Афзоиши нашви бо рохи кандашавии ягон кисми риштаи реша ё бо рохи мугчабанди (дар занбуруги якхучайраи хамиртуруш) мегузарад. Афзоиши гайричинси бошад, тавассути спорахо-силкуни мегузарад. Спорахои майдаву сабуки расида (болиг) мерезанд ва онхоро шамол ба хар тараф пахн мекунад. Дар баъзе занбуругхо афзоиши чинси низ дида мешавад. Ин холат дар хучайрахои махсусгардидаи решаи занбуруг дар натичаи ба хам омезиш ёфтани махсули ядрои онхо ба вукуъ меояд.

Макоми занбуругхо дар табиат ва хаёти инсон. Занбуругхо ба мисли бактерияхои сапрофити бокимондаи организмхои нобудшудаи наботот ва хайвонотро вайрон (тачзия) карда, ба моддахои маъдани табдил медиханд. Ва бо ин васила дар гардиши моддахо дар табиат фаъолона ширкат меварзанд. Дар натичаи парвариши баъзе занбуругхо аз онхо дорухои пуркимат (антибиотикхо) мегиранд. Занбуругхо инчунин, барои расиши хамир дар нонпази, истехсоли спирт, пиво ва гайрахо заруранд. Бисёр намудхои занбуругхои хурданиро дар таомпази истифода мебаранд.

Аз тарафи дигар занбуругхо метавонанд ба хочагии халк зарари калон расонанд. Баъзе намудхои онхо боиси ба касалихои сирояти дучор шудани растанихо, хайвонот ва инсон мегарданд. Намудхои дигари онхо махсулоти гизоиро вайрон карда, бинохои аз чуб сохташударо меафтонанд.

Занбуругхо. инчунин. дар давоми фаъолияти хаётиашон ба мухити зисташон моддахои захрнокро хорич карда, ба организмхои дигар метавонанд таъсири марговар расонанд.

3анбуругхои телпакчадор. Хар як намуди занбуруги телпакчадор аз кундареша (реша) ва танамева иборат аст. Махз одамон танамеваи онро занбуруг меноманд. Танамеваи аксарияти занбуругхои хурдани (ба чуз трюфел, уччакорч, дили барра) аз кундапоя ва телпакча (саллача) иборатанд. Аз хамин сабаб онхоро занбуругхои телпакчадор мегуянд.

Агар хоки чои занбуруги русгаро кобед, шумо риштахои сафеди шохаронда, яъне кундарешахоро мебинед, ки дар онхо занбуруг (танамева) меруяд. Хучайрахои кундарешаи занбуругхои телпакчадор аксаран дутоги ядро доранд, аммо пластид надоранд. Кундареша чузъи асосии хар кадом занбуруг буда, танамева махз дар он инкишоф меёбад. Телпакча ва кундапоя аз риштахои гафсу бахампечидаи кундареша иборатанд. Дар танареша хамаи риштахо якхелаанд, вале риштахои телпакча ду кабат пайдо мекунанд: кабати болои, ки бо пуст пушида шудааст ва аз моддахои гуногуни ранговар рангин аст ва кабати поён. Кабати поёнии баъзе занбуругхо, масалан, сафедкорч, тускорч ва корчи руганак аз найчахои сершумор иборатанд. Бинобар он, онхоро найчакорчхо мегуянд. Кабати поёнии дигар занбуругхо, аз кабили зардкорч, тарракорч.

Пайдошавии спора дар занбуругхои телпакчадор. Сараввал, дар найча ё лавхачахои телпакчаи занбуруг хучайраи махсус — спора инкишоф меёбад. Занбуругхои телпакчадор тавассути спорахо афзоиш мекунанд. Спорахо на танхо тавассути шамол, инчунин ба туфайли хашарот ва лесак (балгамшуллук), санчоб ва харгуш, ки онхо занбуругхоро истеъмол мекунанд, пахн карда мешаванд. Спорахо дар узвхои хозимаи хайвоноти дар боло номбаршуда хазм нашуда, бо начосати онхо ба берун хорич мешаванд ва боиси пахн шудани спорахо мегарданд.шонакорч аз лавхачахои сершумор хосил шудаанд. Онхоро лавхачакорчхо мегуянд.

Расми 91. Афзоиши занбуруги телпакчадор

Спорахои занбуруг дар замини серрутубат ва аз моддахои органикии нимпусида бой нагз нашъунамо мекунанд. Аз спорахо риштахои кундарешаи занбуруг инкишоф меёбад. Кундарешаи аз як спора пайдошуда метавонад танамеваи навро ба вучуд оварад. Дар бисёр намуди занбуругхо танамевахо аз кундарешае, ки тавассути бо хам омезиш ёфтани махсули ду хучайра-спорахои гуногун пайдо шудааст, инкишоф меёбанд. Аз ин чост, ки хучайрахои чунин кундарешахо дуядродор мебошанд. Одатан, кундарешахо суст месабзанд. Кундарешахо баъди ба микдори кифоя захира намудани моддахои гизои метавонанд танамева хосил кунанд.

Симбиози занбуруг ва наботот. Маълумаст, кикорчи сафед дар наздикии тус, санавбар, булут, юган, сафедор, зардкорч дар санавбарзору кочзор ва корчи сурх дар назди ларзонбед месабзанд. Ин гувохи медихад, ки дар байни решаи намудхои муайяни растанихо ё дарахтон бо занбуруг алокаи мустахками ба якдигар фоиданок, яъне симбиоз ба вучуд меояд. Хамин тавр, риштахои кундарешаи занбуруг решаи дарахтро печонда ва хатто ба он дохил шуда, занбуругреша ё микоризаро хосил мекунанд. Кундарешаи занбуруг аз хок об ва намакхои маъдании дар об халшударо мечаббад ва онхо ба туфайли занбуруг ба решаи дарахт мегузаранд. Гуё кундарешаи занбуруг вазифаи муякрешаи дарахтонро ичро мекунад. Дар навбати худ аз решаи дарахтон ба кундарешаи занбуруг моддахои органикие, ки дар натичаи фотосинтез дар барги сабзи растанихо хосил шудааст дохил шуда, ба сифати гизо барои ташаккули танамева сарф мешаванд.

Расми 92. Симбиози занбуруг бо растани

Расми 93. Занбуругхои хурдани

Занбуругхои хурданибоб ва захрнок. Дар байни занбуругхои телпакчадор занбуругхои хурданибоб ва захрнок вомехуранд. Аз занбуругхои хурданибоб аз хама мухимашон саморуг, корчи сафед, руганак, тускорч, шонакорч (грузд) мебошанд. Хусусан, корчи сафеди хушконидашуда арзиши баланд дорад. Барои он корчи сафед меноманд, ки он хангоми чушонидан, хушк кардан, дар намак нигох доштан, ранги “гушти” (магзи) он тагйир намеёбад. Зардкорч, шонакорч, ушнакорч хам дорои лаззати баланд мебошанд ва онхоро дар намакоб нигох медоранд.

Ташаккулёбии таиамева дар намудхои гуногуни занбуругхо дар як вакт ба амал намеояд. Ин холат ба харорати шабонарузии хавои махал, намнокии хок ва бо моддахои гизои бой будани он ва гай- рахо вобаста мебошад. Чунончи, дар шароити Чумхурии Точикистон аз аввалхои мохи апрел то миёнаи мохи май якумин шуда занбуруги дили барра ва уччакорч, баъдтар саморуг меруянд. Корчи сафед дар доманакуххо дар мохи апрел, дар баландкуххо бошад, охирхои июн нашъунамо мекунад.

Занбуругхои хурданибоб аз моддахои гизоии барои организми инсон зарури, аз кабили сафедахо, витаминхо, намакхои маъдани ва гайрахо бой мебошанд. Дар вакти чамъоварии танамеваи занбуруг онхоро тавре буридан лозим, то ки кундарешаи онхо зарар набинад.

Хангоми занбуругчини занбуругхои хурданибобро аз занбу- ругхои захрнок фарк карда тавонистан лозим. Зеро занбуругхои захрнок одамонро захролуд мекунанд. Ба занбуругхои захрнок корчи пашшахурак, телпакчаи кози, гулкорчи девак, захрак, телпа- ки морак ва гайра мансубанд.

Инчунин, хангоми занбуругчиии аломатхои хоси занбуругхои захрнокро донистан ба манфиати кор аст. Масалан, телпакчаи кози ба саморуг каме монанди дорад. Вале таги телпакчаи телпаки Телпаки кози Захркорч    Корчи пашшахурак Телпаки морак

Расми 94. Занбуругхои захрнок

кози агар хокистарранг бошад, аз они саморуг гулоби буда, бо пардача пушида шудааст. Факат дар саморуги пиршуда кисми по- ёнии телпакчаааш ба худ ранги сиёхро мегирад. Истеъмоли занбуругхои пиршуда (мухлати истеъмолаш гузаштаги) ба монанди занбуругхои захрнок хеле хавфнок аст. Аз онхо низ захролуд шудан мумкин аст.

Корчи пашшахуракро, ки телпакчааш сурхи кушод (равшан) буда, холхои сафед дорад, шинохтан осон асг, Баъзан корчи пашшахураки телпакчааш хокисгарранг хам вомехурад.

Занбуруги захрак ба сафедкорч монанд аст. Фарки захрак аз сафедкорч он аст, ки дар нуги кундапояи вай (занбуруги захрак) накшунигори туршакли сиёх ё хокистарии сиёхтоб дида мептавад, магзаш бошад, дар вакти пора кардан сурхтоб мешавад.

Гулкорчи девак ба гулкорчи хурдани монанд аст. Вале телпакчаи гулкорчи захрнок (девак) хамвору норинчии сурхтоб буда, азони гулкорчи хурдани зарди кушод аст. Хангоми шикастани (пора кардани) телпакчаи гулкорчи захрнок аз он шираи сафед мебарояд.

Ахамияти гизоии занбуругхои телпакчадорро ба инобат гирифта. дар бисёр мамлакатхои чахон баъзе намудхои хурданибоби онро дар шароити сунъи парвариш мекунанд ва хосили дилхох меруёнанд.

  1. Занбуруги телпакчадор чи гуна сохт дорад?
  2. Кундареша ва танамеваи занбуруг чист?
  3. Спорахо дар кучо ташаккул меёбанд ва дар занбуругхо чи вазифаро ичро мекунанд?
  4. Занбуругхо бо кадом роххо гизо мегиранд?
  5. Симбиози занбуруг бо растанихои дарахти чй тавр сурат мегирад?
  6. Микориза чист?
  7. Кадом занбуругхои хурданибобро медонед?
  8. Занбуругхои захрнок кадомхоянд ва онхо чи хел аломатхои хос доранд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …