Дар нимаи аввали асри XIX асосан хамон шаклхои пешинаи моликияти хусусии заминдории феодали – замини хирочи, амлок – заминхои давлати ва заминхои вакф нигох дошта мешуданд. Усули ба танхох додани хочагии дехкони ва огози хукмронии сулолаи хонадони мангития ба таври васеъ чори гардид, ки дар хаёти ичтимоии ин давр усули танхох мавкеи мухим дошт. Замини танхох ин тарики хизматона ба шахсони чудогона инъом намудани китъаи замини як ва ё якчанд дех ва хатто вилояти тамом аст, ки даромади он комилан дар ихтиёри танхохдор буд. Ба]зан сохиби танхоo гайр аз амалиёте, ки ба фоидаи худ чамъ мекард, музде ба маблаги муайян аз хазинаи амир дарёфт менамуд.
Аксари вакт минтакахои начандон калон ба тарики танхох ба шахсони гуногуни сохибмансаб, аз он чумла ба сипохиён инъом карда мешуданд. Микдори танхохдорон дар чоряки аввали асри XIX факат дар аморати Бухоро аз 12 то 36 хазор нафар ба шумор мерафтанд. Агар танхохдор ба чои дигар кучад, заминаш ба танхоххури нав дода мешуд. Андозаи замини ба сифати танхох додашуда ба рутбаи шахс алокаманд буд; сохибони рутбаи поинтари харби аз 1 то 5 гектар замин мегирифтанд. Шахсони олирубта аз кабили саркардахо як дехаи тамомро бо садхо гектар замин, осиёб ва дигар дороихояш ба даст медароварданд. Агар писар мансаби падарро ишгол намояд, ба танхохи у низ сохиб мешуд.
Дар мулкхои кухистон – Каротегину Дарвоз танхох дорои хусусиятхои ба худ хосе дошт. Дар ин чо на замин, балки хочагихои дехкони ба танхох дода мешуданд. Онхо хар сол ба хиссаи маълуми хосилоти дехкони сохиб гардида, дар айни замон, ахолии дехахои зеридасти худро ба корхои хочагии шахсии худ низ чалб менамуданд. Аз хамин сабаб барои дехкононе, ки хочагиашон ба танхохи гузаштааст, рузхои сахт пеш меомаданд. Танхоххурхо дехкононро гайр аз корхои хочагии кишлок боз дар дигар корхои гуногун ба манфиати хочагии худ истифода мебурданд.
Хулоса, танхох ба ивази мавочиби пули ва галла дода мешуд, ки аз он мадохили (дахл, фонда) бузурге ба даст медароварданд.
Заминхое, ки барои истифодаи онхо андози замин – хироч ё ушр медоданд, заминхои хирочи ном доштанд. Кисми зиёди ин навъ заминхо лалми буда, хосилашон ба бориш вобаста буд. Дар мобайни асри XIX дар музофоти Хучанду Уротеппа 82300 таноб замини хирочи буд. Сохибони чунин заминхо ба хазинаи хокимон даромади калон меоварданд.
Заминхое, ки давлат аз онхо хеч гуна андоз намегирифт, замини мулки хурр ё мулки хурри холис ном доштанд. Сохибони чунин заминхо феодалони имтиёздоштаи авлоди буданд, ки худро ба авлоди Хазрати Мухаммад (с) нисбат медоданд. Заминхои мулки хурр асосан дар чойхои бехтарин чойгир шуда, аз об таъмин буданд ва хосили хуб медоданд.
Заминхои давлатиро «замини амлок» ё «замини подшохи» меномиданд. Онхоро дехконон кишт карда, барои истифодаи замин ба хазина андоз медоданд. Сохибони замини амлоки хукуки ба меросхурон додан, вакф кардан ва ба гарав монданро надоштанд. Заминхои амлоки мусодира намешуданд. Хукуки сохибони замини амлоки абади набуд. Хамин ки сохиби замин кишти онро катъ мегардонд, хукуки вай бекор шуда, замин боз ба давлат баргардонида мешуд.
Дар охири асри XVIII ва ибтидои асри XIX дар хонигарии Бухоро замини вакф бисёр шуд, чунки дар ин давра таъсири рухониён пурзур мешавад. Дехконони дар замини вакф кишткунанда бештар ба мутаваллихо вобаста буданд. Барои дехконон дар ин замин кор кардан пурмашаккат буд. Зеро онхо дар заминхои вакф тамоми сол аз субх то шом кор карда, танхо аз чор ва ё панч хиссаи хосилро мегирифтанд.
Дар аморати Бухоро заминдории вакфии феодалони рухони 24 фоизи замини киштро ташкил медод. Дар атрофи Панчакент ва дехаи Киштут то ду хазор таноб заминхои вакф буд. 70 дехаи заминхои Уротеппа заминхои вакф доштанд.
Заминхои вакф ба се навь таксим мешуданд.:
- Заминхои вакф, ки даромади он ба манфиати муассисаи дини – хонакох, мазору масчидхо ё мактабу мадрасахо сарф карда мешуд.
- Заминхои вакф, ки фоидаи он ба нафъи чамъият сохтмон ё таъмири рох, купрукхо ва гайрахо сарф мегашт. Ин намуди вакфро вакфи омма меномиданд.
- Заминхое, ки мутаваллии он аз авлоди вакфкунанда таъин мешуд. Ин намуди вакф ба манфиати меросхурон буда, «вакфи авлоди» номида мешуд.
Дар худуди Панчакент дар нимаи аввали асри XIX калонтарин сохиби вакфи авлоди Хасан Халифа буд, ки зиёда аз дах хазор таноб замин, якчанд осиёбу нахрхоро сохиб буд.
Ба гайр аз заминхои номбаршуда заминхои истифодашавандаи чамъияти низ буданд. Онхо бештар дар дашту биёбонхо, дар махалхои зимистонгузаронии кучманчиён ва дар доманакуххо вокеъ буданд. Маргзор ва чарогоххо дар баъзе нохияхо умуми хисоб меёфтанд. Чарогохи умумии дар водии Ромит вокеъбуда «Замин мири» ном дошт. Дар Мастчоху Фалгар чарогоххо моликияти чамъияти хисоб меёфтанд. Онхо аз замонхои кадим байни дехахо ё якчанд деха таксим шуда буданд.
Дар минтакахои дашт ё худ дар доманакуххо (масалан дар водии Хисор) аксар вакт заминхои лалми заминхои умуми хисоб меёфтанд. Ин заминхо баъд аз кишт шудан аз тарафи дехконон ба катори заминхои хирочи дохил мешуданд ва аз хамин хисоб ба давлат андоз месупориданд.
Чангалхои кухи низ дар баъзе нохияхо умуми хисоб меёфтанд.
Дар харидуфуруши замин хеч гуна махдудият набуд. Хар як тараф – фурушандаву харидор мебоист коидахои шариатро ба инобат гиранд. Харидуфуруш дар назди кози расмият мегирифт. Нархи замин ба хосилнокии он, обёри шуданаш, масофаи рох то деха ё то шахр вобастаги дошт. Токзорхо ва богот назар ба замини кишт нархи баланд доштанд. Дар баъзе музофотхои камоб (масалан мулки Уротеппа) об хам манбаи хариду фуруш буда, нархи он аз нархи замини кишт болотар меистод.