Главная / Гуногун / Тачзияи хокимият ба макомоти конунгузор, ичроия ва суди мебошад.

Тачзияи хокимият ба макомоти конунгузор, ичроия ва суди мебошад.

 Нишонаи чахоруми давлати хукукбунёд . Харсе шохаи хокимият дар татбики фаъолияти худ мустакил мебошанд. Тачзияи хокимияти ягонаи давлати ба се шохаи мустакил яке аз принсипхои асосии ташкил ва фаъолияти макомоти давлати мебошад. Вай асоси конститутсионии худро дар бисёр кишвархои дунё ёфтааст. Дар моддаи 9 (Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон омадааст, ки хокимияти давлати, дар асоси тачзияи он ба хокимияти конунгузор, ичроия ва суди амали мегардад. Максади ин принсип ноил шудан ба мустакилияти пурраи шохахои хокимият, рох надодан ба хама гуна суиистеъмоли хокимияти давлати аз тарафи макомоти он мебошад.

Ин чунин маъно дорад, ки худи хокимияти давлати ягона ва таксимнашаванда буда, танхо шохахои он бояд аз хамдигар фарк намоянд, ки онхо дар чудо будани салохияти хар як шохаи хокимият ифода меёбад.

Фаъолияти макомоти хокимият дар доираи конун ба рох монда мешавад ва ин ба онхо имконият намедихад, ки аз хадди мукаррарнамудаи конун берун бароянд. Хар як шохаи хокимият вазифахоеро ичро менамояд, ки ба доираи салохияти он дохил мешаванд. Хамаи се шохаи хокимият мухиманд. Онхо ба хамдигар таъсир расонида ва барои барпо намудани давлати хукукбунёд хизмат мекунанд. Хокимияти конунгузор аз тарафи халк интихоб карда шуда, истиклолияти давлатро ифода менамояд. Хокимияти ичроия бо амали намудани конунхо ва фаъолияти хочагию идоракуни машгул мешавад. Хокимияти суди ба сифати кафили баркароркунандаи хукукхои вайронкардашуда баромад намуда, барои хама гунна суиистеъмолкуни чазо медихад. Дар давлати хукукбунёд факат суд метавонад хама гуна бахсхои байни шахрвандон ва хокимиятро барраси намояд. Суд танхо ба конун такя намуда, фаъолияти худро мустакилона ба амал мебарорад.

karikatura

Чамъияти шахрванди ва давлати хукукбунёд Чамъияти шахрванди ва давлати хукукбунёд бо хамдигар алокамандии зич доранд. Давлати хукукбунёдро дар он чое барпо намудан мумкин аст, ки дар он чой чамъияти шахрвандии инкишофёфта ва пуркувват мавчуд бошад. Чамъияти шахрванди сохаи нисбатан мустакили новобаста аз давлат хаёти чамъияти мебошад, ки дар он гуруххои ичтимоии гуногун, иттиходияхои мадани, милли, дини, худуди ва хислати дигар доштаи ифодакунандаи манфиатхои хархелаи одамон амал менамоянд. Чамъияти шахрванди чунин чамъиятест, ки дар он конуни хукуки хукмрон буда, устувории озодии шахс, хукук, шаъну шараф, кадру кимати он, инчунин чавобгарии тарафайни шахс ва давлат амал менамояд. Мафхуми «чамъияти шахрванди» имконият медихад, ки сохаи сиёси ва гайрисиёсии хаёти чамъияти фарк карда шуда, мафхумхои давлат ва чамъият аз хамдигар чудо карда шаванд.

Чамъият аз организми мураккабе иборат аст, ки дар он одамони дорои манфиатхои гуногун, талабот, хислатхои гуногун хамкори менамоянд. Хамзамон бо ин, одамон бо хамдигар дар алокахои мадани, тичорати, манзили, оилави, мехнати ва гайрахо карор доранд. Ба низоми чамъияти шахрванди ба гайр аз муносибатхои сиёси муносибатхои иктисоди, нажоди, маънави, иттилооти, оилави ва гайрахо дохил мешаванд, ки новобаста аз давлат вучуд доранд ва инкишоф меёбанд. Албатта, чамъият ва давлатро пурра аз хамдигар чудо кардан номумкин аст, зеро давлат махсули инкишофи чамъият ва шакли мавчудияти он мебошад. Чудо намудани чамъияти шахрванди аз давлат маънои онро дорад, ки сохаи хаёти чамъиятие вучуд дорад, ки дар тобеият ва назорати давлат намебошад. Яъне давлат набояд ба хаёти хусусии одамон дахолат намояд.

Хамзамон инсон дар чамъияти шахрванди унсури асоси аст, вале вай наметавонад талаботи худро дар алохидаги ё бе алокаманди бо одамони дигар конеъ гардонад. Он чи ки ба муносибати байни шахс ва давлат тааллук дорад, ин пеш аз хама дар ичрои ухдадорихои шахс дар назди давлат, хусусан ухдадории шахс оид ба итоат намудан ба конун ва супоридани андоз ифода меёбад. Агар шахс ухдадорихои худро дар назди давлат софдилона ичро намояд, он гох дар дигар мавридхо хаёти шахсии инсон бояд барои давлат фарк надошта бошад ва давлат хак надорад, ки ба он дахолат намояд.

Давлат бояд ба чамъияти шахрванди ва манфиати он хизмат намуда ва бо хамин манфиати умумии чамъиятро ифода намояд. Инкишофи нопурраи чамъияти шахрванди мумкин аст шароитеро мухайё созад, ки боиси фуру бурдани чамъияти шахрванди аз тарафи давлат ё мукобил гузоштани он ба чамъият ва манфиати худро бо зури ба чамъият бор кардан гардад. Барои хамин, на хама гуна чамъият чамъияти шахрванди мебошад. Нишонаи асосии чамъияти шахрванди – ин чамъияти дорои муносибатхои иктисодии инкишофёфта будани он мебошанд.

Дар чунин чамъият шахс аз моликият чудо набуда, баръакс имконият дорад, ки хама гуна шакли моликиятро интихоб намояд, инчунин хак дорад натичаи мехнат ва кобилияти худро ба мехнат ихтиёрдори кунад. Салохияти давлат дар чунин чамъият барпо намудани шароити муътадил барои ташаббусноки ва инкишофи фаъолияти сохибкори, мухофизат ва хифзи моликият, таъмини ракобати озод, мубориза бар зидди чинояткори ва мухофизати тартибот мебошад.

Нишонаи дигари чамъияти шахрванди эътирофи хукук ва озодихои табиии инсон ва хифзи самараноки он мебошад.

Нишонаи сеюми чамъияти шахрванди мавчуд набудани манополизми идеологи дар чамъият мебошад.

Дар чунин чамъият фикр, нуктаи назар, акида, мулохиза ва мафкураи гуногун раво мебошад. Чамъиятишахрванди доираи гузаронидани фаъолияти гуногуни сиёсии ташкилотхо, институтхо ва иттиходияхоро муайян менамояд. Вай гояхои пешкадам ва инсондустонаро пеш бурда, тарзхои демократии идоракунии корхои чамъиятиро истифода мебарад.

Хусусияти фарккунандаи чамъияти шахрванди ошкоро ва худидора будани корхои шахси мебошад. Ошкоро будан аз чумла озодона ворид шудан ба хамаи манбаъхои иттиллоот (ба гайр аз сирри давлати ва тичорати), ошкоро гузаронидани хама гуна чорабинихое, ки ба хаёти чамъияти вобастаанд, озодии сухан, матбуот, танкид, озодии алокахо бо ташкилотхои байналмилали ва хоричиро дар назар дорад.

Хамин тавр, чамъияти шахрванди – ин чамъияти хукуки, демократи, инсондуст ва сулхдустона буда, дар он барои хеч гуна зури ба шахсият чой нест, баръакс дар он адолат, баробари ва озодии пурра хукмрон аст.

Саволхо:

  1. Мохияти давлати хукукбунёд аз чи иборат аст?
  2. Нишонахои асосии давлати хукукбунёдро номбар кунед.
  3. Бартарии хукук дар давлати хукукбунёд чи маъни дорад? 4.Волоияти конун чист?
  4. Арзиши оли доштани хукуку озодихои инсон дар чи ифода меёбад? 6. Масъулияти тарафайни давлат ва шахсро фахмонда дихед. 7. Мохияти тачзияи хокимиятро ба макомоти конунгузор, ичроия ва суди баён намоед.
  5. Чамъияти шахрванди чист?
  6. Фарки давлат аз чамъияти шахрванди дар чист? 10.Нишонахои чамъияти шахрвандиро номбар намоед.

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

buxoro

ВОКЕАХОИ НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVI

Муборизахои Бобур Мирзо бе окибат монданд. Сарзамини Осиёи Миёна ба зери тасарруфи Шайбониён даромад. Вале …