Главная / Гуногун / Заминдории феодалӣ дар Аморати Бухоро

Заминдории феодалӣ дар Аморати Бухоро

Дар нимаи аввали асри XIX асосан ҳамон шаклҳои пешинаи моликияти хусусии заминдории феодалӣ – замини хироҷӣ, амлок – заминҳои давлатӣ ва заминҳои вақф нигоҳ дошта мешуданд. Усули ба танхоҳ додани хоҷагии деҳқонӣ ва оғози ҳукмронии сулолаи хонадони манғития ба таври васеъ ҷорӣ гардид, ки дар ҳаёти иҷтимоии ин давр усули танхоҳ мавқеи муҳим дошт. Замини танхоҳ ин тариқи хизматона ба шахсони ҷудогона инъом намудани қитъаи замини як ва ё якчанд деҳ ва ҳатто вилояти тамом аст, ки даромади он комилан дар ихтиёри танхоҳдор буд. Ба]зан соҳиби танхоo ғайр аз амалиёте, ки ба фоидаи худ ҷамъ мекард, музде ба маблағи муайян аз хазинаи амир дарёфт менамуд.

hqdefault

Аксари вақт минтақаҳои начандон калон ба тариқи танхоҳ ба шахсони гуногуни соҳибмансаб, аз он ҷумла ба сипоҳиён инъом карда мешуданд. Миқдори танхоҳдорон дар чоряки аввали асри XIX фақат дар аморати Бухоро аз 12 то 36 ҳазор нафар ба шумор мерафтанд. Агар танхоҳдор ба ҷои дигар кучад, заминаш ба танхоҳхӯри нав дода мешуд. Андозаи замини ба сифати танхоҳ додашуда ба рутбаи шахс алоқаманд буд; соҳибони рутбаи поинтари ҳарбӣ аз 1 то 5 гектар замин мегирифтанд. Шахсони олирубта аз қабили саркардаҳо як деҳаи тамомро бо садҳо гектар замин, осиёб ва дигар дороиҳояш ба даст медароварданд. Агар писар мансаби падарро ишғол намояд, ба танхоҳи ӯ низ соҳиб мешуд.

Дар мулкҳои кӯҳистон – Қаротегину Дарвоз танхоҳ дорои хусусиятҳои ба худ хосе дошт. Дар ин ҷо на замин, балки хоҷагиҳои деҳқонӣ ба танхоҳ дода мешуданд. Онҳо ҳар сол ба ҳиссаи маълуми ҳосилоти деҳқонӣ соҳиб гардида, дар айни замон, аҳолии деҳаҳои зеридасти худро ба корҳои хоҷагии шахсии худ низ ҷалб менамуданд. Аз ҳамин сабаб барои деҳқононе, ки хоҷагиашон ба танхоҳӣ гузаштааст, рӯзҳои сахт пеш меомаданд. Танхоҳхурҳо деҳқононро ғайр аз корҳои хоҷагии қишлоқ боз дар дигар корҳои гуногун ба манфиати хоҷагии худ истифода мебурданд.

Хулоса, танхоҳ ба ивази мавоҷиби пулӣ ва ғалла дода мешуд, ки аз он мадохили (дахл, фонда) бузурге ба даст медароварданд.

Заминҳое, ки барои истифодаи онҳо андози замин – хироҷ ё ушр медоданд, заминҳои хироҷӣ ном доштанд. Қисми зиёди ин навъ заминҳо лалмӣ буда, ҳосилашон ба бориш вобаста буд. Дар мобайни асри XIX дар музофоти Хуҷанду Ӯротеппа 82300 таноб замини хироҷӣ буд. Соҳибони чунин заминҳо ба хазинаи ҳокимон даромади калон меоварданд.

Заминҳое, ки давлат аз онҳо ҳеҷ гуна андоз намегирифт, замини мулки ҳурр ё мулки ҳурри холис ном доштанд. Соҳибони чунин заминҳо феодалони имтиёздоштаи авлодӣ буданд, ки худро ба авлоди Ҳазрати Муҳаммад (с) нисбат медоданд. Заминҳои мулки ҳурр асосан дар ҷойҳои беҳтарин ҷойгир шуда, аз об таъмин буданд ва ҳосили хуб медоданд.

Заминҳои давлатиро «замини амлок» ё «замини подшоҳӣ» меномиданд. Онҳоро деҳқонон кишт карда, барои истифодаи замин ба хазина андоз медоданд. Соҳибони замини амлокӣ ҳуқуқи ба меросхурон додан, вақф кардан ва ба гарав монданро надоштанд. Заминҳои амлокӣ мусодира намешуданд. Ҳуқуқи соҳибони замини амлокӣ абадӣ набуд. Ҳамин ки соҳиби замин кишти онро қатъ мегардонд, ҳуқуқи вай бекор шуда, замин боз ба давлат баргардонида мешуд.

Дар охири асри XVIII ва ибтидои асри XIX дар хонигарии Бухоро замини вақф бисёр шуд, чунки дар ин давра таъсири рӯҳониён пурзур мешавад. Деҳқонони дар замини вақф кишткунанда бештар ба мутаваллиҳо вобаста буданд. Барои деҳқонон дар ин замин кор кардан пурмашаққат буд. Зеро онҳо дар заминҳои вақф тамоми сол аз субҳ то шом кор карда, танҳо аз чор ва ё панҷ ҳиссаи ҳосилро мегирифтанд.

Дар аморати Бухоро заминдории вақфии феодалони рӯҳонӣ 24 фоизи замини киштро ташкил медод. Дар атрофи Панҷакент ва деҳаи Киштут то ду ҳазор таноб заминҳои вақф буд. 70 деҳаи заминҳои Ӯротеппа заминҳои вақф доштанд.

Заминҳои вақф ба се навь тақсим мешуданд.:

  1. Заминҳои вақф, ки даромади он ба манфиати муассисаи динӣ – хонақоҳ, мазору масҷидҳо ё мактабу мадрасаҳо сарф карда мешуд.
  2. Заминҳои вақф, ки фоидаи он ба нафъи ҷамъият сохтмон ё таъмири роҳ, купрукҳо ва ғайраҳо сарф мегашт. Ин намуди вақфро вақфи омма меномиданд.
  3. Заминхое, ки мутаваллии он аз авлоди вақфкунанда таъин мешуд. Ин намуди вақф ба манфиати меросхурон буда, «вақфи авлодӣ» номида мешуд.

Дар ҳудуди Панчакент дар нимаи аввали асри XIX калонтарин соҳиби вақфи авлодӣ Ҳасан Халифа буд, ки зиёда аз даҳ ҳазор таноб замин, якчанд осиёбу наҳрҳоро соҳиб буд.

Ба ғайр аз заминҳои номбаршуда заминҳои истифодашавандаи ҷамъиятӣ низ буданд. Онҳо бештар дар дашту биёбонҳо, дар маҳалҳои зимистонгузаронии кучманчиён ва дар доманакӯҳҳо воқеъ буданд. Марғзор ва чарогоҳҳо дар баъзе ноҳияҳо умумӣ ҳисоб меёфтанд. Чарогоҳи умумии дар водии Ромит воқеъбуда «Замин мирӣ» ном дошт. Дар Мастчоҳу Фалғар чарогоҳҳо моликияти ҷамъиятӣ ҳисоб меёфтанд. Онҳо аз замонҳои қадим байни деҳаҳо ё якчанд деҳа таксим шуда буданд.

Дар минтақаҳои дашт ё худ дар доманакӯҳҳо (масалан дар водии Ҳисор) аксар вақт заминҳои лалмӣ заминҳои умумӣ ҳисоб меёфтанд. Ин заминҳо баъд аз кишт шудан аз тарафи деҳқонон ба қатори заминҳои хироҷӣ дохил мешуданд ва аз ҳамин ҳисоб ба давлат андоз месупориданд.

Ҷангалҳои кӯҳӣ низ дар баъзе ноҳияҳо умумӣ ҳисоб меёфтанд.

Дар харидуфуруши замин ҳеҷ гуна маҳдудият набуд. Ҳар як тараф – фурушандаву харидор мебоист қоидаҳои шариатро ба инобат гиранд. Харидуфуруш дар назди қозӣ расмият мегирифт. Нархи замин ба ҳосилнокии он, обёрӣ шуданаш, масофаи роҳ то деҳа ё то шаҳр вобастагӣ дошт. Токзорҳо ва боғот назар ба замини кишт нархи баланд доштанд. Дар баъзе музофотҳои камоб (масалан мулки Ӯротеппа) об ҳам манбаи хариду фуруш буда, нархи он аз нархи замини кишт болотар меистод.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

hosilshavii-tuxm

КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТӢ

РӮЙХАТИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИТАБОБАТИЮ ПРОФИЛАКТИКИИ ЗЕРТОБЕИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ   № НОМ …