Главная / Илм / ЗУЛФИ ЯТИМАК

ЗУЛФИ ЯТИМАК

zulfi-yatimakЗУЛФИ ЯТИМАК (Plantago lanceolata), зулфак, морпечон, гиёхест бисёрсола. Барги нештаршакл, гули майдаи бечило, гузаи дарозруя дорад. Тухмаш кахваранг. Апр. – май гул карда, июн – окт. дон мебандад. Дар канори чуйбору рох, заминхои партов, нишебии теппахо, бог, полез, юнучказор ва наздикии чашмасор меруяд. Кариб дар хама нохияхои Точикистон вомехурад.
Бо максади табобати баргхои сабзи онро мегундоранд (аз огози гулшукуфт то пажмурда шудани баргхо). Тирамох тухми растани низ чамъовари карда мешавад.
З. я. растании доруии маъмул аст. Онро хангоми беморихои гурда, илтихоби шуш, илтихоби асаб (неврит), бронхит, чарохат, захм, сурфа ва г. истифода мебаранд. Барги он чун давои хунбанд, чушобу накеъи решааш хини хунравии узвхои дарун ва хунпартои тавсия мешавад. Шираи барги сабзи З.я. кори узвхои хозима, чигар ва сипурзро бехтар намуда, хунравии бавосир ва бачадонро бозмедорад; онро хоида ба чарохату думбал мебанданд. Чушоби тухми куфтааш барои исхоли хунин ва дарунрави нафъ дорад. Чушоби барги сабзи он ба газак ва захми меъда даво мебахшад. Барги дар оби гарм таркардаи растаниро ба чарохат, захмхои сухта, хафтпуст ва думбал мебанданд. Чушоби тухму барги З. я. давои амрози меъдаю рудахо аст. Бо ин максад баргхои растаниро чида нагз мешуянд. Сипас онхоро ба оби чуш андохта, баъди 2 – 3 дак. обро мерезанд ва ба зарф оби хунук андохта даворо 2 – 3 соат (то гафс шуданаш) мечушонанд. Баъд онро полонда, хар пагохи дар дили нахор як чумча меошоманд. Пас аз 10 руз як хафта танаффус карда, сипас муоличаро боз 10 рузи дигар идома медиханд. Хамин тавр, табобатро боз 2 маротибаи дигар давом додан лозим аст. Агар онро то «арак» кардан, руи оташ дошта сипас ба захм банданд, фасодро мекашад.
Тибби илми накеъ ва шираи барги З. я.-ро барои илочи гастрит, беморихои шадиди меъдаву руда, халаи шадид ва музмин, тухми онро чун воситаи исхоловар (хангоми кабзияти давомдор) тавсия медихад.
Ад.: Кобилов Н.М., Лекарственные растения Таджикистана, Д., 1962; Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …