Главная / Илм / ЗУЛФИ ЯТИМАК

ЗУЛФИ ЯТИМАК

zulfi-yatimakЗУЛФИ ЯТИМАК (Plantago lanceolata), зулфак, морпечон, гиёҳест бисёрсола. Барги нештаршакл, гули майдаи беҷило, ғӯзаи дарозрӯя дорад. Тухмаш қаҳваранг. Апр. – май гул карда, июн – окт. дон мебандад. Дар канори ҷӯйбору роҳ, заминҳои партов, нишебии теппаҳо, боғ, полез, юнучқазор ва наздикии чашмасор мерӯяд. Қариб дар ҳама ноҳияҳои Тоҷикистон вомехӯрад.
Бо мақсади табобатӣ баргҳои сабзи онро меғундоранд (аз оғози гулшукуфт то пажмурда шудани баргҳо). Тирамоҳ тухми растанӣ низ ҷамъоварӣ карда мешавад.
З. я. растании доруии маъмул аст. Онро ҳангоми бемориҳои гурда, илтиҳоби шуш, илтиҳоби асаб (неврит), бронхит, ҷароҳат, захм, сурфа ва ғ. истифода мебаранд. Барги он чун давои хунбанд, ҷӯшобу нақеъи решааш ҳини хунравии узвҳои дарун ва хунпартоӣ тавсия мешавад. Шираи барги сабзи З.я. кори узвҳои ҳозима, ҷигар ва сипурзро беҳтар намуда, хунравии бавосир ва бачадонро бозмедорад; онро хоида ба ҷароҳату думбал мебанданд. Ҷӯшоби тухми кӯфтааш барои исҳоли хунин ва дарунравӣ нафъ дорад. Ҷӯшоби барги сабзи он ба газак ва захми меъда даво мебахшад. Барги дар оби гарм таркардаи растаниро ба ҷароҳат, захмҳои сӯхта, ҳафтпӯст ва думбал мебанданд. Ҷӯшоби тухму барги З. я. давои амрози меъдаю рӯдаҳо аст. Бо ин мақсад баргҳои растаниро чида нағз мешӯянд. Сипас онҳоро ба оби ҷӯш андохта, баъди 2 – 3 дақ. обро мерезанд ва ба зарф оби хунук андохта даворо 2 – 3 соат (то ғафс шуданаш) меҷӯшонанд. Баъд онро полонда, ҳар пагоҳӣ дар дили наҳор як чумча меошоманд. Пас аз 10 рӯз як ҳафта танаффус карда, сипас муолиҷаро боз 10 рӯзи дигар идома медиҳанд. Ҳамин тавр, табобатро боз 2 маротибаи дигар давом додан лозим аст. Агар онро то «арақ» кардан, рӯи оташ дошта сипас ба захм банданд, фасодро мекашад.
Тибби илмӣ нақеъ ва шираи барги З. я.-ро барои илоҷи гастрит, бемориҳои шадиди меъдаву рӯда, халаи шадид ва музмин, тухми онро чун воситаи исҳоловар (ҳангоми қабзияти давомдор) тавсия медиҳад.
Ад.: Қобилов Н.М., Лекарственные растения Таджикистана, Д., 1962; Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …