Главная / Илм / ЗИЁНИ КАСБи

ЗИЁНИ КАСБи

zieni-kasbiЗИЁНИ КАСБи, осеби касби, зарари касби, омилхои гуногуни мехнат ва мухити истехсолот, ки ба саломати ва кобилияти кории одам таъсири ногувор расонда, дар баъзе мавридхо боиси беморихои касби ё авчи хар гуна беморихои дигар мешаванд. З. к. дар сурати номукаммалии технологияи нав, истифодаи моддахои захрнок ва риоя накардани меъёрхои санитарию техники ба амал меояд.
Ба З. к.-е, ки бинобар номукаммалии технологияи истехсолот ва тачхизот бармеояд, чангу гард, шавкун, навасон, харорати баланд ва паст, рутубати нисбатан баланди хаво, баланд ё паст шудани фишори атмосфери, моддахои захрнок ва радиоактив, манбаъхои афканишоти ионхо, мавчхои электромагнити, микроорганизмхо ва г. мансубанд. З. к. ба чараёни мехнат ва ташкилу давомоти он низ вобаста аст, мас., асабони ва оташин шудан, хастагии чашм ва шунавоии ронандагон, харакати паихаму якранг зимни кор бо конвейер, шиддати мушакхо ё кори вазнини дастгохсозон ва г.
Омилхои истехсолот, ки ба организми одам таъсири номусоид мерасонанд, ба хатарнок ва зиёновар таксим карда мешаванд. Омилхои хатарнок онеанд, ки ба зарбу лат ёфтани организм ва хароб гаштани саломати оварда мерасонанд. Хангоми таъсири омилхои зиёновар ин ё он бемори рух намуда, кобилияти кори паст мегардад. Хар ду омили номбурда ба се гурух – химияви, физики ва биологи чудо карда мешаванд.
Ба омилхои химияви бисёр моддахои органики ва гайриорганики, хамчунин пайвастхои онхо мансубанд. Онхо дар хавои коргох метавонанд дар шакли аэрозол, газ ва буг пахн шуда, ба тавассути увзхои нафас ба рохи меъдаю руда, пуст ва луобпардахо рох ёбанд.
Омилхои физики харорати баланд ё паст, намноки, харакати хаво, якбора тагйир ёфтани фишори барометри, вибратсия, ултрасадо, шуру магал ва г.-ро дарбар мегиранд.
Ба омилхои биологи васоити микробиологии химояи растанихо, антибиотикхо, гормонхо, микроорганизмхо, махсули синтези микробиологи ва г. тааллук доранд. Онхо метавонанд хавои корхонаро ифлос намуда, боиси сар задани беморихои гуногун шаванд.
З. к.-е, ки ба раванди мехнат асос ёфтааст, асосан омилхои номусоиди психофизиологиро дарбар мегиранд, мас., зур омадан бинобар бардоштани бори вазнин, ба ягон кисми бадан дуру дароз таъсир расондани ашёи атроф, зур омадан ба системахои организм (хунгардиш, рохи садо, чашм, сомеа ва г.), камхаракати, кори босуръат ва г.
Дар мавриди наандешидани тадбирхои зарури З. к. боиси пайдоиши беморихои касби мешавад. Таъсири З. к. ба организми инсон бо синну сол ва чинс вобаста аст. Чунончи, ичрои хамон як кори чисмони дар наврасон мумкин мучиби тагйир ёфтани силсилаи дилу рагхо ва нафаскаши гардад, вале дар одамони калонсол ягон дигаргуни ба вучуд наорад.
Нишонахои З. к. дар бонувон дар тагйири хайз, фаъолияти насловари, таваллуди кудаки носолим ба мушохида мерасад. Мехнате, ки бо бардоштани бори вазнин, хаму рост шудан, бисёр рост истодан, дар як вазъи нокулай карор гирифтан алокаманд аст, хох нохох боиси осеби мушакхо, асаб, ихтилоли хайз, вайрон кардани кудак, хуручи беморихои занона мешавад. Мукаррар шудааст, ки хассосияти занхо ба таъсири афканишоти ионнок, майдони электромагнити, радиобасомад, сурб, симоб ва г. нихоят зиёд мебошад.
Бо максади кам кардани З. к. ба организм, мувофики талабот ба рох мондани низоми кору истирохат, дуруст тачхизонидани чои кор, ичрои машкхои чисмони (варзиши коргохи) ахамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …