Главная / Илм / ЗАНЧАБИЛ дар Канзи Шифо (Китоб)

ЗАНЧАБИЛ дар Канзи Шифо (Китоб)

zanjabil-610x330Занчабил — ин бехрешаи гиёхест, ки ба решаи сабзии сахрои мемонад, вале аз он майдатар ва баргхояш борики дароз аст. Ин дар сарзамини Хиндустон бисёр аст. Навъкои кухи ва дашти низ дорад. Дар бозорхои шахрхои Осиёи Маркази ёфт мешавад.

Мизочи тару тозааш дар дарачаи севум гарм ва дар якум хушк аст. Мизочи хушкаш дар дарачаи дувум хушк ва бо рутубати зиёдати мебошад.

Хислатхои шифобахши Занчабил: хурдани ин куввати хофизаро афзун мегардонад, инчунин кувватхои узвхои хозимаро, ки меъда, чигар, рудахо ва сипурз мебошанд, зиёд месозад; гирехи чигарро мекушояд, бохро мустахкам мекунад; бодхои гализи меъда ва рудахоро тахдил медихад; балгам ва рутубати гафси ба сатхи даруни меъда часпидаро тит ва пароканда мекунад; зардпарвин ва чакмезакро, ки аз сарди ва сустии олатхои пешоб ходис шуда бошанд, шифо мебахшад; инчунин исхолеро, ки аз вайрон шудани гизо ба амал омада бошад, манъ менамояд; захрхои хайвониро аз бадан дафъ мекунад; агар ташнаги аз зиёд гаштани балгам ба зухур пайваста бошад, таскин медихад. Бо набот ва шилми кундур бихуранд, зарари, яъне газанди аз хурдани мевахои тар баамаломадаро дафъ месозад, рутубати зиёдатии меъдаро ба эътидол меоварад. Инро бо зардии тухми мурги нимпухта хамрох карда бихуранд, маниро зиёда мегардонад ва гафсии маниро ислох мекунад.

Занчабили хушкро махин соида, чун сурма ба чашм кашанд, пардаи ба чашм афтодаро, ки торикии басорат меоварад, инчунин сурхи ва гули чашмро дафъ мекунад. Занчабилро дар дахан нигох доранд, ташнагиро, ки аз чамъ шудани балгам дар меъда ба амал омада бошад, таскин медихад.

zanjabil-2Агар инро куфта гузошта банданд, узвхоро кави мегардонад, кузоз (столбняк)-ро сихат мекунад, бавосири бодиро шифо мебахшад; дард ва варамро, ки сабаби инхо сарди ва афзудани балгам бошанд, дафъ мекунад, варами вабои ва бодии хояхо, инчунин варамхои дигар узвхоро шифо мебахшад. Агар ба ин баробари ду микдораш хазориспандро хамрох намоянд, таъсираш кавитар мегардад.

Вале хурдани занчабил ба халк зарар дорад — дар ин холат асал ва равгани бодоми ширин бихуранд, ки ислохи зарар намояд. Микдори як бор хурдан аз занчабил дар як руз то 5 грамм аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …