Главная / Илм / ЗАГИР

ЗАГИР

zagirЗАГИР (Linum usitatissimum), растаниест яксола. Аз 30 то 120 см кад мекашад. Пояи панчазада, барги нештаршакл, гули нилоби, кабуд, баъзан сафед ё гулоби, гузаи сертухм, тухми кахваранги зардтоб дорад. З.-ро аз кадим хамчун зироат мепарваранд. Равгани З. дар техника, саноати хуроквори, рангубор, бофандаги, чармгари ва г. васеъ истифода мешавад.
Дар тибби кадим тухми З. ба сифати давои халкунанда ва нармсозанда ба кор бурда мешуд. Бино ба маълумоти Абуалии Сино тухми бирёни З. барои рафъи сурфаи тар, захми пешобдон ва гурда муфид аст. Буидани дуди тухми З. зукомро рафъ месозад. Чушоби тухми онро якчоя бо равгани садбарг хукна кунанд барои захми руда нафъи зиёд дорад. Тухми бо содаи табии ва анчир омехтаи он мархами хубест барои доги кунчидак. Тухми З.-ро бо хиссаи баробари чилликгул ва асал омехта ба нохун моланд, чиндорию дуруштии нохунхоро бартараф месозад. Мархами тухми З. варамхои пурхарорат, бахусус варами пушти гушро гардонда, омосхои сахтро мепазонад.
Мувофики маълумоти Мухаммад Хусайни Шерози истеъмоли 3 дирхам (8,9г) тухми З. сандуки синаро тоза, омосхои чигар ва диг. узвхоро нест мекунад. Загири бирён хунпартоиро бозмедорад ва хангоми сулфаи пуразоб муфид аст. Муддати тулони хар руз ним мискол истеъмол кардани З. дар мавриди дарди руда нафъ дорад, давои хуби пешоброн ва араковар аст, шири модаронро зиёд ва организмро нарм мекунад, ба захми гурда ва пешобдон нафъ меорад. Мархами онро ба омосхо ва захми сар мемоланд. Хокаи тухми бирёни З.-ро ба чарохат пошанд, онро мехушконад ва дарду сузишро таскин мебахшад.
Табибони халки ба максади давои тухм ва равгани З.-ро истифода мебаранд. Тухми З. чун давои балгамовар ва зидди сурфа хангоми илтихоби шуш, бронхитхои музмин ва шадид тавсия мегардад. Онхо хамчунин давои исхоловар мебошанд. Бо ин максад 2 чумча загири куфтаро дар 1 истакон оби чуш омехта, рузе 2 – 3 маротиба 100 – 150 мл менушанд. Чушоби тухми З. варам ва дарди санги масонаро даво мебахшад. Равгани З. барои муоличаи сил, холесистити музмин, дарди шадиди рудаи гафс ва бавосир нафъовар аст.
Ба акидаи табибони мардуми гули З.-ро бихуранд, дилро кави мегардонад. Тухми онро куфта, бо оби хунук сиришта гузошта банданд, дарди сареро, ки аз варам кардани майна бошад, шифо мебахшад. Луоби тухми З.-ро дар чашм чаконанд, сурхии онро дафъ мекунад. З.-ро куфта, бо асал хамир сохта, лесида бихуранд, сурфаи балгамиро даво мебошад. Агар 10,5 г тухми З.-ро бирён карда, куфта бихуранд, хунпартои ва сурфаи тарро шифо мебахшад. Чун 11 г тухми онро пок карда, дар об чушонанд ва луобро якчоя бо тухмхояш биёшоманд ва чанд руз ба ин мудовамат намоянд, санги гурдаро майда карда мерезонад. Ба ин луоб асал ва 4 – 5 дона мурчро куфта омехта намоянд ва хамаашро биёшоманд ва табобатро 6 – 7 руз давом диханд, барои касоне, ки аз мардиашон махрум гашта бошанд, хеле муфид аст. Тухми З.-ро куфта, бо танакор ва хокистар сиришта гузошта банданд, озахро хушк карда мерезонад.
Луоби З. барои табобати захми аъзои хозима кумак мерасонад. Бо ин максад 1 хисса З.-ро дар 2 хисса оби чуш андохта, 15 дакика меомезанд. Баъди хунук шуданаш, онро полида, рузе 20 – 30 дакика пеш аз хурок 3 – 4 маротиба 0,5 – 1 чумча истеъмол мекунанд. Равгани З. барои пешгири ва табобати беморихои марбут ба ихтилоли мубодилаи чарб, бахусус атеросклероз истифода мешавад. Он ба сифати давои исхоловари сабук хангоми кабзият (шаб 1 – 2 чумча) низ муфид аст. Доруи линетолро, ки аз равгани З. мегиранд, барои муолича ва пешгирии атеросклероз истифода мебаранд. Онро инчунин ба чойхои сухта ва чарохатхои шуоъии пуст низ мемоланд.
Ад.: Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …