Главная / Илм / ЗАҒИР

ЗАҒИР

zagirЗАҒИР (Linum usitatissimum), растаниест яксола. Аз 30 то 120 см қад мекашад. Пояи панҷазада, барги нештаршакл, гули нилобӣ, кабуд, баъзан сафед ё гулобӣ, ғӯзаи сертухм, тухми қаҳваранги зардтоб дорад. З.-ро аз қадим ҳамчун зироат мепарваранд. Равғани З. дар техника, саноати хӯрокворӣ, рангубор, бофандагӣ, чармгарӣ ва ғ. васеъ истифода мешавад.
Дар тибби қадим тухми З. ба сифати давои ҳалкунанда ва нармсозанда ба кор бурда мешуд. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино тухми бирёни З. барои рафъи сурфаи тар, захми пешобдон ва гурда муфид аст. Бӯидани дуди тухми З. зукомро рафъ месозад. Ҷӯшоби тухми онро якҷоя бо равғани садбарг ҳуқна кунанд барои захми рӯда нафъи зиёд дорад. Тухми бо содаи табиӣ ва анҷир омехтаи он марҳами хубест барои доғи кунҷидак. Тухми З.-ро бо ҳиссаи баробари чилликгул ва асал омехта ба нохун моланд, чиндорию дуруштии нохунҳоро бартараф месозад. Марҳами тухми З. варамҳои пурҳарорат, бахусус варами пушти гӯшро гардонда, омосҳои сахтро мепазонад.
Мувофиқи маълумоти Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ истеъмоли 3 дирҳам (8,9г) тухми З. сандуқи синаро тоза, омосҳои ҷигар ва диг. узвҳоро нест мекунад. Зағири бирён хунпартоиро бозмедорад ва ҳангоми сулфаи пуразоб муфид аст. Муддати тӯлонӣ ҳар рӯз ним мисқол истеъмол кардани З. дар мавриди дарди рӯда нафъ дорад, давои хуби пешоброн ва арақовар аст, шири модаронро зиёд ва организмро нарм мекунад, ба захми гурда ва пешобдон нафъ меорад. Марҳами онро ба омосҳо ва захми сар мемоланд. Хокаи тухми бирёни З.-ро ба ҷароҳат пошанд, онро мехушконад ва дарду сӯзишро таскин мебахшад.
Табибони халқӣ ба мақсади давоӣ тухм ва равғани З.-ро истифода мебаранд. Тухми З. чун давои балғамовар ва зидди сурфа ҳангоми илтиҳоби шуш, бронхитҳои музмин ва шадид тавсия мегардад. Онҳо ҳамчунин давои исҳоловар мебошанд. Бо ин мақсад 2 чумча зағири кӯфтаро дар 1 истакон оби ҷӯш омехта, рӯзе 2 – 3 маротиба 100 – 150 мл менӯшанд. Ҷӯшоби тухми З. варам ва дарди санги масонаро даво мебахшад. Равғани З. барои муолиҷаи сил, холесистити музмин, дарди шадиди рӯдаи ғафс ва бавосир нафъовар аст.
Ба ақидаи табибони мардумӣ гули З.-ро бихӯранд, дилро қавӣ мегардонад. Тухми онро кӯфта, бо оби хунук сиришта гузошта банданд, дарди сареро, ки аз варам кардани майна бошад, шифо мебахшад. Луоби тухми З.-ро дар чашм чаконанд, сурхии онро дафъ мекунад. З.-ро кӯфта, бо асал хамир сохта, лесида бихӯранд, сурфаи балғамиро даво мебошад. Агар 10,5 г тухми З.-ро бирён карда, кӯфта бихӯранд, хунпартоӣ ва сурфаи тарро шифо мебахшад. Чун 11 г тухми онро пок карда, дар об ҷӯшонанд ва луобро якҷоя бо тухмҳояш биёшоманд ва чанд рӯз ба ин мудовамат намоянд, санги гурдаро майда карда мерезонад. Ба ин луоб асал ва 4 – 5 дона мурчро кӯфта омехта намоянд ва ҳамаашро биёшоманд ва табобатро 6 – 7 рӯз давом диҳанд, барои касоне, ки аз мардиашон маҳрум гашта бошанд, хеле муфид аст. Тухми З.-ро кӯфта, бо танакор ва хокистар сиришта гузошта банданд, озахро хушк карда мерезонад.
Луоби З. барои табобати захми аъзои ҳозима кӯмак мерасонад. Бо ин мақсад 1 ҳисса З.-ро дар 2 ҳисса оби ҷӯш андохта, 15 дақиқа меомезанд. Баъди хунук шуданаш, онро полида, рӯзе 20 – 30 дақиқа пеш аз хӯрок 3 – 4 маротиба 0,5 – 1 чумча истеъмол мекунанд. Равғани З. барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои марбут ба ихтилоли мубодилаи чарб, бахусус атеросклероз истифода мешавад. Он ба сифати давои исҳоловари сабук ҳангоми қабзият (шаб 1 – 2 чумча) низ муфид аст. Доруи линетолро, ки аз равғани З. мегиранд, барои муолиҷа ва пешгирии атеросклероз истифода мебаранд. Онро инчунин ба ҷойҳои сӯхта ва ҷароҳатҳои шуоъии пӯст низ мемоланд.
Ад.: Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …