Главная / Илм / ВАСКУЛИТИ ХУНРЕЗ

ВАСКУЛИТИ ХУНРЕЗ

vaskuliti-hunrezВАСКУЛИТИ ХУНРЕЗ (Vasculitis haemorrhagica), бемории Шенлейн – Генох, капилляротоксикоз, яке аз навъхои васкулит. Хангоми В. х. асосан рагхои хурди пуст, чавфи шикам ва гурдахо осеб меёбанд. Пайдоиш ва чараёни бемори нагз омухта нашудааст. В. х. баъзан пас аз сирояти вирусу бактерияхо, беморихои ангали, тазрики ваксинаю зардоб, истифодаи дорухо ба вучуд меояд.
Бемори метавонад дар хар синну сол пайдо шавад; асосан дар кудакон ва наврасон ба мушохида мерасад. Аломати асоси ва бисёр вакт ягонаи бемори дар пуст дамидани бусурот аст (доначахои сурхтоб ва кабудранги майда, ки мутаносибан дар сатхи пеши сок ва кафи по, рон, сурин, гохо дар бозу ва китф падид меоянд). Дар холатхои вазнин бусурот ба ярачахо табдил меёбад. Хангоми В. х. баъзан узвхои дохили низ осеб мебинанд. Дар натичаи иллати рагхои шикампарда, руда ва г. дар шикам дарди хуручмонанд пайдо шуда, бемор бисёр кай (хунолуд) мекунад, начосат омехта бо хун меояд. Баъзан гурдахо низ зиён мебинанд, пешоб хунолуд мешавад, аломатхои гломерулонефрит рух менамоянд.
В. х.-ро дар беморхона муолича мекунанд. Бо максади табобат дорухои антигистамини, кислотаи аскорбинат, дорухои зидди илтихоб, глюкокортикоидхо ва г. истифода бурда мешаванд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

litosfera

СОХТОРИ ЛИТОСФЕРА

Дар параграфи пешина мо кайд кардем, ки литосфера (аз калимаи юнонии lithos – санг ва …