Главная / Гуногун / Устод, маро бубахшед, барои густохиам

Устод, маро бубахшед, барои густохиам

Савол: Устод, маро бубахшед, барои густохиам. Оё китоби «История цивилизации арийцев»-и шумо, ки ба забонхои точики, англиси, руси чоп шудаанд, чавобгуи ин савол шуда метавонанд?

Чавоб: Банда хануз соли 2002 бо унвони «Ориён» китоб чоп намуда, ба ин масъалахо каму беш даст зада будам. Вале китоби «Таърихи таъмадуни ориён» асари мукаммал буда, таърихи халкхои ориёиро аз ибтидои хазораи панчум то дини Ислом дар бар мегирад. Дуруст аст, ки сухан асосан дар бораи Ориён, ва бештар дар бораи халки точик меравад. Вале чун тамоми халкхои ориёи, ки баромадашон аз ватани бобогии мо точикон аст, хоху нохох дар бораи таърихи онхо низ сухан меравад. Як мисоли одди: Ачдоди гузаштаи русхо скифхо буданд, ки ба кавли Ломоносов ачдодони гузаштаи рус мебошанд.

Скифхо бошанд дар сархади Чин, назди Бохтар ва охиринашон дар замони Ануширвони Одил (асри 6 мелоди) дар сохилхои дарёи Сир зиндагони мекарданд, онхо сакои – аз форсхои кадим буданд. Бояд эътироф кард, ки то замоне ки скифхо дар Осиёи Миёна буданд, туркхо ба ин чо часорати омадан намекарданд. Махз пас аз тамоман ба сохили Бахри Сиёх гузаштани скифхо туркхо ба ин чо (Осиёи Миёна) дохил шуданд. Вале бояд гуфт, ки мигратсияи скифхо аз Осиёи Миёна хануз аз асри 7 пеш аз милод ба сохилхои дарёхои Дачлаву Фурот ва Об огоз ёфта буд. Онхо хатто ба оташ задани шахри Найнаво, хамрохи модхо иштирок карда буданд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …