Учбу кибру риё
Учб худро бузург дидан аст ва кибр аз учб таваллуд мешавад. Агар хохи, ки аз инхо дур боши, чахор чизро нигох дор: аввал, он ки хар тоате, ки аз ту дар вучуд ояд, ба тавфики Худованд дони ва ба шукр машгул шави. Дувум, он ки дар неьматхои Худованд назар куни, ки дар хакки ту бисёранд, то амали ту дар мукобили он андак намоед. Сеюм аз кабул накардан битарси, ки агар кабул накунад, чи кор куни?; Чахорум дар гузаштахо назар куни, ки гунох бисёр кардан ё савоб? Агар ин андешахо куни, лашкари учб шикаст хурад.
Расули акрам (салаллоху алайхи ва саллам) фармуданд: ба бихишт дохил намешавад касе, ки дар дили вай микдори як зарра кибр бошад.
Хикоят. Обиде хаштод сол Худойро ибодат кард. Дар ин муддат як гунох накард ва дар хар хафта як бор рузаашро мекушод. Як руз аз Худованди таъоло хочате хост, хочати вай ичро нашуд. Обид руй ба нафси худ карда гуфт: эй нафси хасис, туро дар ин даргох хеч кадр ва обруе набудааст. Ман чунон гумон мекардам, ки туро кадре хаст.
Дархол малоика биёмад ва гуфт: – эй бандаи Худо, ин як соат, ки худро сарзаниш карди, ба назди Хак таъоло бехтар аст аз он хаштод сола ибодат, ки карди.
Пас маълум шуд, ки бар ин даргох шикастаги ва бечорагиро кадри бисёр аст. Илохо, моро аз кибр нигох дор, омин.