Синну соли мактаби барои инкишоф додани сифатхои харакати давраи хеле мусоид аст. Инсон бе харакат наметавонад хаёти пурсамар гузаронад. Ба фаъолиятхои харакатии асоси дохил мешаванд: рохрави, дав, чахишхо, партофтхо, часпишхо ва гайра. Барои хуб давидан, чахидан, партоб додан ва гайра, инчунин ичро намудани хар навъ корхои чисмони дар истехсолот ва дар хона зарур аст, ки сатхи муайяни инкишофи хислатхои чисмони дошта бошед.
Дар сексияхои варзиши мактаб машгулият гузаронида имкони азхудкунии коидахои бози дар футбол, волейбол, туби дасти, шахрак, чавгонбози, тенниси руи миз ва гайраро меомузед.
Хислати асосии варзиши кувва, чобуки, пуртокати, чолоки мебошад. Барои чисман омода, ё ташаккул ёфтани инсон хамаи сифатхои мазкурро инкишоф додан зарур аст.
Академик А.И. Бир хануз дар нимаи асри гузашта хисоб карда буд, ки аз энергие, ки дар замин истехсол ва истеъмол гардидааст, факат 4 фоиз ба зиммаи механизмхо рост меояд, аммо 96 фоизаш бо кувваи мушакхои инсон таъмин мегардид.
Кобилияти тахаммул карда тавонистани муковимати беруна ба инсон, ё амали мутакобилаи у аз хисоби тавоноии мушакхояш кувва номида мешавад.
Афзоиши кувваи мушакхо дар синну соли мактаби асосан ба комилан ва нисбатан афзудани вазни мушакхо алокаманд аст. Агар дар охири давраи тахсил дар мактаби ибтидои хиссаи мушакхои дар вазни бадан 22 фоизро ташкил дихад, пас дар синни миёнаи мактаби он то 33 фоиз афзоиш меёбад. Аммо аз тарафи дигар вазни умумии бадан хам меафзояд.
Ба мушакхои пуркувват акнун вазни калон чойгир мегардад. Аз ин ру афзоиши мутаносиби кувва дар тули давраи тахсилот дар мактаб на он кадар бузург аст, махсусан дар духтарон.
Кобилиятхои неруи аз руи тарангии мушакхо муайян мешавад, ки дар речахои камшавии динамики ва статистики зохир меёбанд. Барои речаи динамики тагйирёбии дарозии мушакхо хос аст ва барои статистики – доими будани дарозии мушакхо хангоми чараёнхо.
Ин речахоро дар амалияи тарбияи чисмони кувваи динамики вакувваи статистики меноманд. Масалан, зохиршавии кувваи динамики –чахиш ба баланди ва статистики бошад – нигах доштани штангахо дар болои даст.
Кувваи мушакиро бе асбобхо ё бо ёрии асбобхои махсус муайян кардан мумкин аст. Бе асбоб кувваро аз руи вазни бештаре, ки инсон метавонад бардорад муайян кардан мумкин аст. Чунин кувва дар асари захмати гуруххои зиёди мушаки ба вучуд меояд. Аммо бештар зарурат пеш меояд, ки кувваи кадоме яке аз гуруххои мушакиро муайян сохт. Дар ин холат динамометрхои механики ё электрики истифода мегарданд.
Хангоми арзёбии сатхи имкониятхои кувва дуруст интихоб кардани харакат мухим аст. Дар амалияи мактаби барои муайянкунии имкониятхои куввагии хонандагон тест-машкхо истифода бурда мешаванд: кашидан, овезоншави, катъкуни-хамкунии дастон бо такя дар курсии гимнастики, баромадан бо банд, бардоштани пойхо то кунчи 90° дар холи овезони дар девори гимнастики ва гайра.
Кобилияти инсон дар вакти ичрои харакат дар хадди аккали фосилаи кутохи вакт суръатноки ном дорад. Кобилияти гузаштани муковимати беруна ё харакати мутакобила ба он аз хисоби захмати мушаки кувва номида мешавад.
Зуди ба василаи кобилиятхои босуръат маълум мешавад, ки шаклхои чунин номбаршудаи одди ва комплекси ифода меёбад.
Ба шаклхои одди дохил мешаванд: зудии реаксияи харакат; суръати харакати якка, ки ба муковимати беруна кашида нашудааст; суръати харакат.
Шаклхои комплекси дар хамаи харакатхои варзиши зохир меёбанд. Ин тезии дав, харакати боксёр, гимнастика, шамшербози, волейболист, футболист ва гайра.
Байни шаклхои гуногуни зохиршавии босуръат кариб ягон алокаманди мавчуд нест, ё он камахамият аст. Яъне лахзаи реаксия гуё вакти хуб барои харакат нест, меъёри хуби харакат кафолати муваффакияти зуди суръати максималиро намедихад.
Суръати максималии афзоишисуръатноки вобаста ба синну сол аз натичахо дар давидан дар доираи васеъ – аз 11 то 17 сол. фарк мекунад.
Хол он ки тадкикотчиён чунин мехисобанд, ки инкишофи бомаром, зуддии харакат дар мактаббачагон дар 14-солаги хотима меёбад, баъд аз он ба поён меравад.
Зохиршавии суръатноки дар духтарони 11-12-сола, боло, вале 13-14-сола поён аст. Дар чараёни машгулиятхои таълими дар дарсхои варзиш зарур аст, ки болои инкишофи хамаи шаклхои зохиршавиисуръатноки кор кардан зарур аст.
Яъне, барои такмили вакти харакат аз бозихои серхаракат («Зогхо ва гунчишкон», «Руз ва шаб», «Даъвати ракам» ва гайра) истифода бурдан мумкин аст.
Хангоми огози бозихо аз холатхои оддии гуногун бояд давомнокии фосилаи байни амрхои пешаки ва ичрокуниро иваз намоянд.
Барои нигох доштани суръати баланди харакат зуд суст карда тавонистани мушакхо ахамияти калон дорад. Барои инкишофи ин кобилият ичрои такрории харакат аз руи меъёрхои калон истифода бурда мешавад.
Барои он ки ин харакат аз чихати техники дуруст амали гардад, зарур аст, ки пешаки онро хуб аз худ намоед. Сипас бояд ба он ноил гашт, ки машкхоро бо меъёри максимали анчом дихед, набояд фикр кунед, ки чи тавр дуруст онхоро ичро кардаед: Истирохат пас аз ичрои ин машк 20-25 сония.
Ин машкро бонавбат чанд маротиба анчом додан лозим аст. Дар байни хар як навбати машк 2-3 дакика истирохат намудан лозим аст.
Барои омухтани харакати чаккони бо усули машки кутохмуддат усулхои зеринро истифода менамоянд: харакати боксёрро таклид кардан;
ба боло чахидан; гузоштани чуби гимнасти ба фарш; болои сарро бо панчахо капидан, чубро сар додан, кушиши капидани чуб вакти дар хаво муаллак буданаш; тубро ба боло партофта, сипас 360° тоб хурда, онро доштан ва гайра.
Барои зуд анчом додани харакатхои якдафъаина, гурухи мушакхоеро, ки ин харакатро ба вучуд меоваранд, бояд на факат зуд ва бо кувваи зиёд ичро гарданд.
Аз ин ру барои омодакунии, масалан, чаханда ба баланди машкхои махсуси кавикунанда барои инкишофи гурухи мушакхо, ки вазифаи теладихиро ичро месозанд, истифода мегарданд.
Машкхое, ки дар онхо зуди ва кувва ба хам алокаманданд ва онро босуръату кави меноманд. Хислати суръату кавиги хангоми речахои гуногун камкунии мушаки зохир мешавад ва чойивазкунии зуди бадан ё узвхои онро дар мухит таъмин менамояд.
Барои инкишофи хислатхои суръату кувваги ва омодагии муайян барои чахишхо ба дарози ва баланди машкхои зерин тавсия дода мешаванд:
- – чахидани ботанаффус ба пои рост ва пои чап;
- – чахидан аз нимнишаст ба нимнишаст;
- – чахидан ба чукури (аз баландии 30 см) бо париши зуд минбаъда ба боло;
- – паридан бо аргунчакхо.
Машкхои варзиширо ичро карда аксаран зарурати нишон додани кувва дар фосилаи кутохи вакт пеш меояд. Масалан, дар чахидан ба баланди ё дарози хангоми теладихи лозим аст кувваи максимали истифода гардад. Чунин кувва тарканда номида мешавад. Машкхои хуб ба рои инкишофи кувваи тарканда инхо мебошанд: баромадан бо банд дар 5-6сония, нишастану хестан бо ду пой ба шумораи 10-15с., партофтани туб ба тахта, ба дури ва гайра.
Кобилияти инсон барои дурудароз ва бефосила ичро кардани ягон амал пуртокати номида мешавад. Пурбадошти мумкин аст, ки умуми ва махсус бошад. Кобилияти инсон ба кори тулони пуртокатии умуми аст.
Пурбадоштии умуми дар синни мактаби нисбатан осон ва зуд инкишоф меёбад. Масалан, хангоми дави тулони, рохравии зуд ва тулони, велосипедсавори, конкихои роликдор. Пурбадошти дар муносибат ба фаъолияти муайян пурбардоштии махсус номида мешавад.
Мисол:
чахиш, бози, кувва ва гайра. Истифодабарии машкхое, ки инкишофдихандаи пуртокатианд, дар даврахои гуногуни синнусоли натичахои хуб медиханд.
Машгулиятхои пайваста бо машкхо барои инкишофи пуртокати хангоми тавоноии миёна ба системаи нафас таъсир мерасонад. Онхо барои афзоиши истеъмоли оксиген дар вохиди вакт мусоидат менамоянд,
зудшавии пахнгардии то хадди аксари чараёнхои нафаскаширо меафзоянд. Ин чунин маъно дорад, ки аз дакикахои фаъолият организми шумо ба истеъмол кардани микдори зиёдтарини оксиген шуруъ менамояд.
Барои инкишофи додани пуртокати машкхои зеринро мавриди истифода карор додан мумкин аст:
- Дави тулони то 25-30 дакика;
- Давидани порае аз фосилаи 150-300 м бо суръати муайян.
Машкро мураккаб кардан мумкин аст: фосилаи истирохат байни китъахои давидашударо кутох намуда, истирохати фаъолро барои афзоиши пуртокати истифода мебаранд.
- Харакаткуни дар самокат ва конкихои роликдор то 1 соат.
- Велосипедсавори то 1,5-2 соат бо суръати муътадил (15-20 км/соат).
- Дави ором, ки хангоми он шумораи зарбахои дил иборат 150-170 зарб/дак. мебошад.
- Машкхои характери неруги дошта, ки аз руи методи машгулиятхои давраги ичро мешаванд.
Усулхои машгулиятхо, ки барои инкишофи пуртокати истифода мегарданд, бояд пеш аз хама дорои дарачаи баланди таъсирнокии чисмони ва равони бошанд, инчунин афзоиши систематикии сарбориро кафолат диханд.
Каишии интенсиви дар бачахои синни 6-11-сола меафзояд, дар духтарон нишондоди каиши нисбат ба писарон болотар аст.
Барои инкишоф додани ин хислат дар синну соли шумо хам туфайли машгулиятхои систематики ба натичахои хуб ноил шудан мумкин аст.
Каиши фаъол ва гайрифаъол мешавад. Ин чиз кобилияти расидан ба амплитудаи зарурии харакат аз хисоби равонасозии мушакхои мувофик аст. Каиши гайрифаъол кобилияти расидан ба амплитудаи бештари харакат бо таъсири куввахои беруна (масалан, бо ёрии шарик) мебошад.
Зохиршавии каиши аз эластики будани пайвандхои мушаки вобаста аст, инчунин аз харорати мухити атроф. Дар хавои сард лозим аст, ки барои тамрин вакти бештар сарф гардад ва танхо баъд аз гарм шудани мушакхо ба машкхои инкишофдихандаи каиши шуруъ мекунанд.
Обу хаво ё хаво дар бино хар кадаре гармтар бошад, барои тамрин хамон кадар камтар вакт харч мегардад. Каиши аз таъсири хасташави кам мегардад.
Каиширо инкишоф додан мумкин аст, харакатхои алвончии дасту пойхоро истифода бурда, харакатхои теладихандаи дастхо, нишастхои пружинамонанд ва хамшави ба пеш, акиб, ба тарафхо, машкхо бо ёрии шарик. Хамаи ин машкхоро якка ва бо шарик ичро кардан мумкин аст.
Кобилияти зуд азхудкунии харакат ва бо муваффакият амал кардан дар холатхои ношинос ё вазъияти ногахон тагйирёфтаи чолоки номида мешавад.
Чолокиро мумкин аст дар тули тахсил дар мактаб инкишоф дод, аммо хубтар аз хама дар синни 7-11 ва 14-17-солаги аст. Шароити асосии инкишофи чолоки навоварии машкхои омухташуда мебошад.
Машкхо барои инкишофи чолокиро аз руи дарачахои хамохангии мураккабият, дарачаи дакики ва аз руи суръат чудо менамоянд.
Чусту чолоки дар бозихо он гох зохир меёбад, ки харакатхои аз чихати тактики мувофик гардонидашуда машкхои дастави бошанд.
Чолокиро машкхои ба тагйирёби ё ивазшавии суръати харакат алокаманд, инчунин бо тагйирёбии фазои марзхо инкишоф медихад.
Ба чолоки, тавре ки мо аллакай гуфтем, дигар машкхо, ки ба тавонистани оромкунии мушакхо алокаманд, бо кобилиятнокии мувозинатро нигах доштан, эхсос кардани фазо ва вакт дохил мешаванд.
Барои инкишофи чолоки машкхои зерин тавсия дода мешаванд:
- – чахидан ва партофтан ба масофахои мухталиф;
- -давидан ва чахидан бо суръати муайян;
- -паихам кардани чахидан ба дарози аз чой бо тамоми кувва бо чахидан бо ними кувва, партофтани чисмхои гуногун ба хадаф, паихам кардани партофтхо ба хадаф бо истифодабарии тубхои шаклхо ва вазнхои гуногун.
Ба гайр аз ин барои инкишоф додани мувозинат, суръат, муковимат аз машкхои гимнасти ва акробатики истифода бурдан мумкин аст. Барои зохиршавии чолоки дарачаи кувваи кашиш таъсири калон мегузорад. Каишии нокифоя ё сатхи пасти инкишофи пуртокати чолокиро дар холатхои харакатии мушаххас кохиш ё паст менамояд.
Аз ин хотир зухури чолоки дар хонандагон ба дарачае – аз сатхи инкишоф ва хислатхои харакаткунандаи онхо вобаста аст.