Главная / Биология / Тудагул (хушагул)

Тудагул (хушагул)

Растанихое мавчуданд, ки гули онхо яктои (тока) дар нуги нав- даю поя ё дар бари баргхо инкишоф меёбанд. Онхо растанихои токгуланд. Гулхои дигар растанихо бошанд дар тудагулхо гун омадаанд.

Тудагул (хушагул) мачмуи гулхоест, ки бо тартибу коидаи муай- ян ба хамдигар наздик ё дар бари якдигар чой гирифта, ба он як шаклу шамоили муайянро медиханд.

tudagul-xushagul

Тудагул содда (одди) ва мураккаб мешавад. Одатан дар тудагул гулхои майда сарчамъ омадаанд ва бо ин восита ба хашароти гардолудкунанда хубтар намудор мегарданд.

Карам, ливондар ва махлаби руси тудагули хуша доранд. Дар чунин тудагул гулхои алохидаи он дар гулпояе, ки нагз намудор аст, пайдархам чой гирифта, ба гулпояи (тири) умуми пайвастанд.

Агар якчанд хушахо (саракхо) аз пояи умуми дур рафта бошанд, тудагулро хушаи (сараки) мураккаб ё чорубак меноманд. Ёс, ангур чунин тудагул доранд.

Хушаи содда аз гулхои бедумча (яъне нишаста) хосил мешавад. Онхо монанди гулхои барги зулф дар пояи умумии тудагул чой гирифтаанд. Тудагули гандум, чавдор ва чавро хушаи муракаб меноманд. Дар тудагули онхо, дар гулпояи умумй якчандто хушачахо чойгир буда, хар кадоми онхо якчандтои гул доранд. Масалан, дар хушачагули чавдор дутоги гул мавчуд аст.

Фарки сутагул аз хуша он аст, ки гулпояи вай гафс ва одатан сермагз аст. Чатраки содда тудагулест, ки гулпояи он аз нуги тиритудагул мебарояд. Гули тутиё ва олуболу чунин тудагул доранд.

Сабзи ва чаъфари чатрак  тудагул доранд, ки он аз якчанд чатракхои содда иборат аст. Чунинтудагулро чатраки мураккаб меноманд.

Офтобпараст, гули кавкаб, коку, ширбарояк, хори морак (шум- пай) ва бисёр растанихои дигар тудагули сабадак доранд. Дар чунин тудагулгулхои сершумори майда дар гулбанди (бистари) гафсу васеъи тудагул чойгир шудаанд. Сабадакро аз берун баргхои сабзи мухофиз пушонидааст.

  1. Тудагул чист?
  2. Кадом навъхои тудагулро медонед?
  3. Дар хаёти растани тудагул чи ахамият дорад?
  4. Сутагул аз хуша чи фарк дорад?
  5. Чатраки мураккаб чи хел сохт дорад?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Хомиладорон читавр дандонхоро нигохубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк хар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи хомиладори …