Либосро бо пайдархамии гуногуни тайёр карда мешавад.
1.Тайёрии ва интихоби матоъ
2.Тайёр намудани порахои матоъ ва буридан
3.Духтани маснуот
Пеш аз буридану пора кардан матоъ хуб муоина карда мешавад, яъне матоъ аз назар гузаронида мешавад ки мабодо ягон чои он догдор, надарида ва ё качу килеб набошад, чойхои нуксонро бо бур ишорат мекунанд.
Пеш аз духтану буридани матоъ бояд дарози ва бари онро муайян кардан лозим аст. Равшани раххои риштахо характери накша ва коркарди гармию намии онро ба назар гирифтан лозим.
Пешдоманхое, ки барои ошхона дар тайёри ва пухтани таом ва корхои пазандаги лозиманд, бояд аз рангхои кушод, якранг, пахтагин ё загирин чит, суф, сандуф духта мешаванд. Пешдоманхое, ки барои кори хона рубучин истифода мебаранд, бояд бехтар мешавад, ки аз матоъхои баста ва ё бо накшу нигорхо ва матохои сахт духта шаванд ва дарзмолкунии онро ба назар гирифтан лозим.
Бари матоъхое, ки истехсол мешаванд аз 60 см то 1 м 60 см мешаванд.
Бари матоъ дар вакти духтани маснуот барои сарфаю сариштакори ва исрофи бекора матоъ ахамияти калон дорад. Барои духтани пешдоман матоъхои бараш аз 75 то 90 см-ро интихоб намоед, бехтар аст. Исрофи матоъ ба дарозии матоъ вабастаги дорад, ки кадом намуди фасонро интихоб менамоед.
Пеш аз он ки матоъро ба буридан таёр кунем ва интихоб намоем, матои сарфмешударо хисоб намудан лозим аст.
Агар матоъ васеъ (бараш –140 см), дарозии онро ба дарозии маснуот баробар гирифтан лозим аст. Дарозии либос ба 70 см баробар аст, кисса ва бандаки миён (тасма) ва гарданбанд ба назар гирифта мешавад. Агар васегии матоъ (90 см) бошад он гох дарозии либос 2 дарозии либос 70х2=140 см барои кисса, тасма ва гарданбанд бошад- 40 см. хакки чок 102 барои кисми боло 1,5 см хакки чок барои пешдоман кисми болои 2 см пахлуги ва поён 1,5 см. Буридани пешдоман Пеш аз буридани пешгир бояд матои интихобкардашударо аз назар гузаронида шавад.
- Матоъ дарзмол карда, чои качу килеб ва милкашро бурида, ду кат карда, бо сузанак кук мекунем.
- Хангоми кат кардани тору пуду риштахои матоъ гули матоъ ва чойхои нуксонро ба назар мегирем.
- Дар вакти гузоштани матоъ мизи кори тоза ва хамвор бошад, колабхоро чо ба чо карда, аввал чузъхои калон ва баъд чузъхои хурдро тавре чо ба чо мекунем, ки сарфакории матоъ ба назар гирифта шавад.
- Колабхоро мувофики риштаю роххо ва чои каду бар фарк карда, баъд сузанакхоро махкам мекунем, ки равиши сузанакхо ба як тараф нигаронида шавад.
- Ба чои дарз аз канори колаб 0,8 см гузошта, бо бури дузандаги ё собуни махсус хат мекашем. Колабро аз матоъ чудо накарда аз руи хатхои матоъ низ буридан мумкин аст.
- Пеш аз буридани матоъ корро аз назар мегузаронем, ки бояд раххо ва гулхои матоъ мувофикат кунанд. Чи тавре ки дар урфият мегуянд:
«хафт бор чен куну як бор бур».
Талаботи асоси дар вакти буридани маснуот
Дар вакти буридан кашишхуриву кутохшавии матоъро баъди шустан ба назар бояд гирифт.
- Пеш аз буридани матоъ бояд он дарзмол карда шавад.
- Паси хамии гузоштани колабхо: хатхои кундаланг ва баркадиматоъ ва чои нуксони онро ба назар гирифтан лозим аст.
- Чузъхои колабро танхо бо бури дузандаги, собун ё бо калам гирдавон менамоянд.
- Дар вакти буридан хакки чокро мувофики чузъхо ва намуди онхо ба назар гиред.
- Дар вакти буридани матоъ рост бояд бурид, ки маснуоти бурида рост ва сахех бошад, ба холати даст ахамият дихед.
- Дар вакти буридани матоъ ба сарфаю сариштакори бояд ахамият дихед, то ки лахтакпорахо камтар шаванд (лахтакпоракхоро бояд то пурра духта шудани маснуот эхтиёт кунед ва баъд аз он лахтапорахо маснуот ба рузгор лозимиро дузед).
- Дар вакти буридани матоъ бояд коидахои техникаи бехатари, кор бо кайчи, дарзмол, сузан ва сузанакро дониста ва ба назар гирифтан лозим.
Буридани пешгир
Асбобу анчоми кори: куттии корхои дузандаги (сузан, кайчи, сузанак, бур, ченактасма, колаби пешдоман ва матоъ).
№ Тартиби ичрои кор
- Тайёр намудани матоъ ба буриш
- Аз назар гузаронидани сифати матоъ, чои кандашавии риштахо, тору пуд, догхо, нуксонхои рангу бор, дуруст чойгиршавии накшхо.
- Муайян намудани ростаю чаппа матоъ.
- Дарзмол кардани матоъ.
- Чен кардани дарозию бари матоъ, буридани милки он.
- Дукат кардани матоъ (тарафи роста ба дарун кад карда мешавад ва бо сузанак махкам кардан).
- Баробар кардани нуги матоъ (буридани качу килебии матоъ) чои миёнбандро, ки бараш 7 см чудо бояд кард.
- Гузоштани пораи асосии колаб ба руи матоъ (колаб тавре гузошта мешавад, ки хати марказ ба тарафи катшудаи матоъ афтад ва аз тарафхои дигар барои бари дарз бо имконияти 2 см гузоштан бошад) бо сузанак часпондани колаб ба матоъ.
хаминро ба эътибор гирифтан лозим аст, ки сузанакхо перпендикуляр ва як хел равиш дошта бошанд. Техникаи бехатарии корро риоя намоед.
9 Гузоштани колаби кисса, бандакхо ва миёнбандхо ба матои бокимонда ё ба чои холиги.
10 Чои руймол (сарбанд)-ро хам ба назар гирифтан лозим аст.
11 Кашидани хатхо бо гузоштани хакки чок.
1.Чокхои китфи 1,5 см.
2.Чокхои пахлуи 1-1,5 см
3.Чокхои поёни 3 см.
4.Чои кати поёнии пешдоман 1,5-3 см.
5.Чои кати кисса тарафи боло 1,5-3 см, кисми поён 1,5 см.
12 Мувофики колаб хатхо бо бури буррандаги ё собуни махсус
тарошида, чузъхоро паи хам гузоштан хат мекашем.
13 Санчиш ва буридани пешдоман ва кисмхои он (сарбанд) руймол.
Кори ичрокардаро боз як маротиба санчида, баъд пешдоман ва руймолро мебурем.
14 Кашида гирифтани сузанакхо, гирифтани колаб
15 Худсанчиши:
Бахо додан ба сифати кор:
1)Тарзи гузориши колаб.
2)Тарзи буриши тарафхо ва тозагии чои буриш.
3)Чои хатхои буркашида.
4)Баназаргирии хакки чок
Расми 42. Тарз гузоштани колаб ба матоъ ва буридани пешдоман
а) пешдомани яклухт бо руймоли сарбанд, пешдомани миёндор бо каллапуш.
Инро дар хотир доред
Дар вакти буридани матоъ хамаи матоъ бояд каду бари муайян дошта бошад. Барои он ки дар вакти буридани чузъхои чои нуксондор нафарояд, дар он хакки чокро ба назар мегиранд.
Буриши матоъро бо кайчихои махсус ё мошинхои махсуси буррандаги бурида мешавад.
? Савол ва супориш:
- Барои чи пеш аз буридани матоъ тарафхо ва бари матоъ муайян карда мешаванд?
- Барои буридани матоъ кадом коидахою бояд ба назар гирифт?
- Матои барои пешдоман интихоб кардаро аз назар гузаронед, нуксон набошад.