Главная / Маданият ва санъат / Технологияи чокбурӣ ва дӯхтани либоси махсус

Технологияи чокбурӣ ва дӯхтани либоси махсус

Либосро бо пайдарҳамии гуногуни тайёр карда мешавад.

1.Тайёрии ва интихоби матоъ

2.Тайёр намудани пораҳои матоъ ва буридан

3.Дӯхтани маснуот

Пеш аз буридану пора кардан матоъ хуб муоина карда мешавад, яъне матоъ аз назар гузаронида мешавад ки мабодо ягон ҷои он доғдор, надарида ва ё каҷу килеб набошад, ҷойҳои нуқсонро бо бӯр ишорат мекунанд.

Пеш аз дӯхтану буридани матоъ бояд дарозӣ ва бари онро муайян кардан лозим аст. Равшани рахҳои риштаҳо характери нақша ва коркарди гармию намии онро ба назар гирифтан лозим.

Пешдоманҳое, ки барои ошхона дар тайёрӣ ва пухтани таом ва корҳои пазандагӣ лозиманд, бояд аз рангҳои кушод, якранг, пахтагин ё зағирин чит, суф, сандуф дӯхта мешаванд. Пешдоманҳое, ки барои кори хона рӯбучин истифода мебаранд, бояд беҳтар мешавад, ки аз матоъҳои баста ва ё бо нақшу нигорҳо ва матоҳои сахт дӯхта шаванд ва дарзмолкунии онро ба назар гирифтан лозим.

Бари матоъҳое, ки истеҳсол мешаванд аз 60 см то 1 м 60 см мешаванд.

Бари матоъ дар вақти дӯхтани маснуот барои сарфаю сариштакорӣ ва исрофи бекора матоъ аҳамияти калон дорад. Барои дӯхтани пешдоман матоъҳои бараш аз 75 то 90 см-ро интихоб намоед, беҳтар аст. Исрофи матоъ ба дарозии матоъ вабастагӣ дорад, ки кадом намуди фасонро интихоб менамоед.

Пеш аз он ки матоъро ба буридан таёр кунем ва интихоб намоем, матои сарфмешударо ҳисоб намудан лозим аст.

Агар матоъ васеъ (бараш –140 см), дарозии онро ба дарозии маснуот баробар гирифтан лозим аст. Дарозии либос ба 70 см баробар аст, кисса ва бандаки миён (тасма) ва гарданбанд ба назар гирифта мешавад. Агар васегии матоъ (90 см) бошад он гоҳ дарозии либос 2 дарозии либос 70х2=140 см барои кисса, тасма ва гарданбанд бошад- 40 см. ҳаққи чок 102 барои қисми боло 1,5 см ҳаққи чок барои пешдоман қисми болоӣ 2 см паҳлуги ва поён 1,5 см. Буридани пешдоман Пеш аз буридани пешгир бояд матои интихобкардашударо аз назар гузаронида шавад.

  1. Матоъ дарзмол карда, ҷои каҷу килеб ва милкашро бурида, ду қат карда, бо сўзанак кӯк мекунем.
  2. Ҳангоми қат кардани тору пуду риштаҳои матоъ гули матоъ ва ҷойҳои нуқсонро ба назар мегирем.
  3. Дар вақти гузоштани матоъ мизи корӣ тоза ва ҳамвор бошад, қолабҳоро ҷо ба ҷо карда, аввал ҷузъҳои калон ва баъд ҷузъҳои хурдро тавре ҷо ба ҷо мекунем, ки сарфакории матоъ ба назар гирифта шавад.
  4. Қолабҳоро мувофиқи риштаю роҳҳо ва ҷои қаду бар фарқ карда, баъд сӯзанакҳоро маҳкам мекунем, ки равиши сӯзанакҳо ба як тараф нигаронида шавад.
  5. Ба ҷои дарз аз канори қолаб 0,8 см гузошта, бо бӯри дӯзандагӣ ё собуни махсус хат мекашем. Қолабро аз матоъ ҷудо накарда аз рӯи хатҳои матоъ низ буридан мумкин аст.
  6. Пеш аз буридани матоъ корро аз назар мегузаронем, ки бояд рахҳо ва гулҳои матоъ мувофиқат кунанд. Чӣ тавре ки дар урфият мегӯянд:

«ҳафт бор чен куну як бор бур».

Талаботи асосӣ дар вақти буридани маснуот

Дар вақти буридан кашишхӯриву кӯтоҳшавии матоъро баъди шустан ба назар бояд гирифт.

  1. Пеш аз буридани матоъ бояд он дарзмол карда шавад.
  2. Паси ҳамии гузоштани қолабҳо: хатҳои кӯндаланг ва барқадиматоъ ва ҷои нуқсони онро ба назар гирифтан лозим аст.
  3. Ҷузъҳои қолабро танҳо бо бӯри дӯзандагӣ, собун ё бо қалам гирдавон менамоянд.
  4. Дар вақти буридан ҳаққи чокро мувофиқи ҷузъҳо ва намуди онҳо ба назар гиред.
  5. Дар вақти буридани матоъ рост бояд бурид, ки маснуоти бурида рост ва саҳеҳ бошад, ба ҳолати даст аҳамият диҳед.
  6. Дар вақти буридани матоъ ба сарфаю сариштакорӣ бояд аҳамият диҳед, то ки лахтакпораҳо камтар шаванд (лахтакпоракҳоро бояд то пурра дӯхта шудани маснуот эҳтиёт кунед ва баъд аз он лахтапораҳо маснуот ба рӯзғор лозимиро дӯзед).
  7. Дар вақти буридани матоъ бояд қоидаҳои техникаи бехатарӣ, кор бо қайчӣ, дарзмол, сӯзан ва сӯзанакро дониста ва ба назар гирифтан лозим.

Буридани пешгир

Асбобу анҷоми корӣ: қуттии корҳои дӯзандагӣ (сӯзан, қайчӣ, сӯзанак, бӯр, ченактасма, қолаби пешдоман ва матоъ).

№ Тартиби иҷрои кор

  1. Тайёр намудани матоъ ба буриш
  2. Аз назар гузаронидани сифати матоъ, ҷои кандашавии риштаҳо, тору пуд, доғҳо, нуқсонҳои рангу бор, дуруст ҷойгиршавии нақшҳо.
  3. Муайян намудани ростаю чаппа матоъ.
  4. Дарзмол кардани матоъ.
  5. Чен кардани дарозию бари матоъ, буридани милки он.
  6. Дуқат кардани матоъ (тарафи роста ба дарун қад карда мешавад ва бо сӯзанак маҳкам кардан).
  7. Баробар кардани нӯги матоъ (буридани каҷу килебии матоъ) ҷои миёнбандро, ки бараш 7 см ҷудо бояд кард.
  8. Гузоштани пораи асосии қолаб ба рӯи матоъ (қолаб тавре гузошта мешавад, ки хати марказ ба тарафи қатшудаи матоъ афтад ва аз тарафҳои дигар барои бари дарз бо имконияти 2 см гузоштан бошад) бо сӯзанак часпондани қолаб ба матоъ.

ҳаминро ба эътибор гирифтан лозим аст, ки сӯзанакҳо перпендикуляр ва як хел равиш дошта бошанд. Техникаи бехатарии корро риоя намоед.

9 Гузоштани қолаби кисса, бандакҳо ва миёнбандҳо ба матои боқимонда ё ба ҷои холигӣ.

10 Ҷои рӯймол (сарбанд)-ро ҳам ба назар гирифтан лозим аст.

11 Кашидани хатҳо бо гузоштани ҳаққи чок.

1.Чокҳои китфӣ 1,5 см.

2.Чокҳои паҳлӯи 1-1,5 см

3.Чокҳои поёнӣ 3 см.

4.Ҷои қати поёнии пешдоман 1,5-3 см.

5.Ҷои қати кисса тарафи боло 1,5-3 см, қисми поён 1,5 см.

12 Мувофиқи қолаб хатҳо бо бӯри буррандагӣ ё собуни махсус

тарошида, ҷузъҳоро паи ҳам гузоштан хат мекашем.

13 Санҷиш ва буридани пешдоман ва қисмҳои он (сарбанд) рӯймол.

Кори иҷрокардаро боз як маротиба санҷида, баъд пешдоман ва рӯймолро мебурем.

14 Кашида гирифтани сӯзанакҳо, гирифтани қолаб

15 Худсанҷишӣ:

Баҳо додан ба сифати кор:

1)Тарзи гузориши қолаб.

2)Тарзи буриши тарафҳо ва тозагии ҷои буриш.

3)Ҷои хатҳои бӯркашида.

4)Баназаргирии ҳаққи чок

Расми 42. Тарз гузоштани қолаб ба матоъ ва буридани пешдоман

а) пешдомани яклухт бо рўймоли сарбанд, пешдомани миёндор бо каллапўш.

Инро дар хотир доред

Дар вақти буридани матоъ ҳамаи матоъ бояд қаду бари муайян дошта бошад. Барои он ки дар вақти буридани ҷузъҳои ҷои нуқсондор нафарояд, дар он ҳаққи чокро ба назар мегиранд.

Буриши матоъро бо қайчиҳои махсус ё мошинҳои махсуси буррандаги бурида мешавад.

? Савол ва супориш:

  1. Барои чӣ пеш аз буридани матоъ тарафҳо ва бари матоъ муайян карда мешаванд?
  2. Барои буридани матоъ кадом қоидаҳою бояд ба назар гирифт?
  3. Матои барои пешдоман интихоб кардаро аз назар гузаронед, нуқсон набошад.

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …