Шайбонихон намояндагони хонадони Темуриёнро берахмона таъкиб ва махв намуд. У шахру вилоятхои забткардаи худро ба хешу акрабо ва амирони номии худ таксим карда медихад. Хони мазкур аз кадамхои аввал барои ба тарафи худ кашидани феодалону рухониёни бонуфуз саъй кард. Маълум шуд, ки танхо хокимият дигар шуда, мукаррароти зиндаги мисли пештара боки мондааст.
Сиёсати дохилии Шайбонихон пас аз истилои давлати Тсмури тамоман ба манфиати синфи хукмрон ва феодалон хизмат мекунад. Акнун ба таркиби ин синф ашрофи тоифахои бодиянишини узбек низ дохил мешуд.
Истилогарон дар дасти худ сарвати гораткарда ва чабран ситонидаи зиёдеро нигох медоштанд. Ба гайр аз заминхои зиёд онхо сохиби бисёр иморатхои шахр, осиёбхо ва дигар чойхои сердаромад гаштанд.
Соли 1507 Шайбонихон ислохоти пули гузаронид. Максади ин ислохот ба тарафи худ чалб кардани табакахои хокими давлати истилокардааш буд. Баробари касбу хунар муомилоти пули аз мухимтарин моддахои оидоти давлати ва мадохили сохибони мулк ба шумор мерафт.
Ислохоти Шайбонихон дар тамоми давлат муомилоти ягонаи пулиро ташкил карда, онро аз хар гуна тагйирот рахо намуд. Вай вазн, хачм ва навъи тангахои нукрагию миси ва муносибати байни онхоро муайян кард. Ин тангахо дар хамаи шахру вмлоятхо курби баробар доштанд. Ислохоти пулии Шайбонихон дар тамоми мамлакат таъсироти бузурги сиёси ба амал овард ва бартарии чорабинихои уро нисбат ба фаъолияти молиявии намояндагони охири Темуриён нишон дод. Ислохоти мазкур ба хамаи табакаи синфи хукмрон нишон дод, ки аз ивазшавии сулола онхо бурд карданд.