Главная / Гуногун / Ташкил ёфтани давлати Шайбониҳо

Ташкил ёфтани давлати Шайбониҳо

Шайбонихон намояндагони хонадони Темуриёнро бераҳмона таъқиб ва маҳв намуд. Ӯ шаҳру вилоятҳои забткардаи худро ба хешу ақрабо ва амирони номии худ тақсим карда медиҳад. Хони мазкур аз қадамҳои аввал барои ба тарафи худ кашидани феодалону рӯҳониёни бонуфуз саъй кард. Маълум шуд, ки танҳо ҳокимият дигар шуда, муқаррароти зиндагӣ мисли пештара боқӣ мондааст.

dinastiya-shejbanidov-ddd

Сиёсати дохилии Шайбонихон пас аз истилои давлати Тсмурӣ тамоман ба манфиати синфи ҳукмрон ва феодалон хизмат мекунад. Акнун ба таркиби ин синф ашрофи тоифаҳои бодиянишини ӯзбек низ дохил мешуд.

Истилогарон дар дасти худ сарвати ғораткарда ва ҷабран ситонидаи зиёдеро нигоҳ медоштанд. Ба ғайр аз заминҳои зиёд онҳо соҳиби бисёр иморатҳои шаҳр, осиёбҳо ва дигар ҷойҳои сердаромад гаштанд.

Соли 1507 Шайбонихон ислоҳоти пулӣ гузаронид. Мақсади ин ислоҳот ба тарафи худ ҷалб кардани табақаҳои ҳокими давлати истилокардааш буд. Баробари касбу ҳунар муомилоти пулӣ аз муҳимтарин моддаҳои оидоти давлатӣ ва мадохили соҳибони мулк ба шумор мерафт.

Ислоҳоти Шайбонихон дар тамоми давлат муомилоти ягонаи пулиро ташкил карда, онро аз ҳар гуна тағйирот раҳо намуд. Вай вазн, ҳачм ва навъи тангаҳои нуқрагию мисӣ ва муносибати байни онҳоро муайян кард. Ин тангаҳо дар ҳамаи шаҳру вмлоятҳо қурби баробар доштанд. Ислоҳоти пулии Шайбонихон дар тамоми мамлакат таъсироти бузурги сиёсӣ ба амал овард ва бартарии чорабиниҳои ӯро нисбат ба фаъолияти молиявии намояндагони охири Темуриён нишон дод. Ислоҳоти мазкур ба ҳамаи табақаи синфи ҳукмрон нишон дод, ки аз ивазшавии сулола онҳо бурд карданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …