Главная / Чамъият / Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои сиёси ба вучуд омаданд. Онхо дар вакти интихоботи президенти харакат мекарданд, ки барои сохиб шудан ба ин мансаб голиб оянд.

ima-xix

Дар интихоботи президентии соли 1828 плантаторхо ва фермерхои сершумору хунармандон ва як кисми коргарон барои президент интихоб шудани генерал Эндрю Чексон муттахид шуданд. Чонибдорони Чексон худро узви Хизби Демократи меномиданд. Санаи таъсисёбии ин хизб соли 1828 хисобида мешавад.

Соли 1848 як кисми фермерхо, хунармандон ва буржуазияи Шимол дар шахри Буффало хизби нав – фрисойлерхоро (замини озод) ташкил карданд. Ба он зангихо хам дохил мешуданд. Аъзсёни Хизби фрисойлерхо талаб мекарданд, ки дар заминхои нав гуломдори пахн карда нашавад, заминхои Гарбро бепул таксим карда, фурухтани онхо ба замин чаллобони калин манъ карда шавад.

Кисми аъзои Хизби Демократи, ки бо гуломдори оштинопазир буд, инчунин мукобилони пахн гардидани гуломдори дар заминхои нав ва як кисми аъзои Хизби фрисойлерхо соли 1854 Хизби Чумхурияхохонро ташкил намуданд. Ин хизб маркази нерухое гардид, ки дар ИМА ба мукобили гуломдори собиткадамона мубориза мебурданд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …