Главная / Гуногун / Ташкилёбии ҳизбҳои сиёсӣ дар ИМА

Ташкилёбии ҳизбҳои сиёсӣ дар ИМА

Ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳаёти ИМА мақоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гурӯҳҳои сиёсӣ ба вуҷуд омаданд. Онҳо дар вақти интихоботи президентӣ ҳаракат мекарданд, ки барои соҳиб шудан ба ин мансаб ғолиб оянд.

ima-xix

Дар интихоботи президентии соли 1828 плантаторҳо ва фермерҳои сершумору ҳунармандон ва як қисми коргарон барои президент интихоб шудани генерал Эндрю Ҷексон муттаҳид шуданд. Ҷонибдорони Ҷексон худро узви Ҳизби Демократӣ меномиданд. Санаи таъсисёбии ин ҳизб соли 1828 ҳисобида мешавад.

Соли 1848 як қисми фермерҳо, ҳунармандон ва буржуазияи Шимол дар шаҳри Буффало ҳизби нав – фрисойлерҳоро (замини озод) ташкил карданд. Ба он зангиҳо ҳам дохил мешуданд. Аъзсёни Ҳизби фрисойлерҳо талаб мекарданд, ки дар заминҳои нав ғуломдорӣ паҳн карда нашавад, заминҳои Ғарбро бепул тақсим карда, фурӯхтани онҳо ба замин ҷаллобони калин манъ карда шавад.

Қисми аъзои Ҳизби Демократӣ, ки бо ғуломдорӣ оштинопазир буд, инчунин муқобилони паҳн гардидани ғуломдорӣ дар заминҳои нав ва як қисми аъзои Ҳизби фрисойлерҳо соли 1854 Ҳизби Ҷумҳурияхоҳонро ташкил намуданд. Ин ҳизб маркази нерӯҳое гардид, ки дар ИМА ба муқобили ғуломдорӣ собитқадамона мубориза мебурданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …