Моддаи 34-и Кодекси оби Чумхурии Точикистон. Тартиби амали гардонидани истифодаи умумии об
1.Истифодаи умумии об бидуни ичозат амали мегардад. хангоми истифодаи умумии об риояи талаботи макомоти назорати давлатии санитари, коидахои хифзи одамон дар об ва макомот доир ба истифодаи сарфакорона ва хифзи обхо хатмист.
2.Бо максади хифзи хаёту саломатии шахрвандон, инчунин аз руи асосхои истехсоли ва дигар асосхо макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати бо пешниходи макомоти ваколатдори давлати оид ба танзими истифода ва хифзи захирахои об, макомоти назорати давлатии санитари, дигар макомоти манфиатдор махалхоеро, ки дар онхо оббози, завракрони, об додани чорво манъ аст, мукаррар менамоянд, инчунин дигар шартхои истифодаи умумии обро дар объектхои об муайян мекунанд. (КЧТ аз 16.04.2012с., №821)
3.Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати вазифадоранд, ки ахоли ва шахсони хукукиро дар бораи шартхои оиди истифодаи умумии об мукаррар кардаашон хабардор намоянд.