Главная / Ҷамъият / Тартиби амалӣ гардонидани истифодаи умумии об

Тартиби амалӣ гардонидани истифодаи умумии об

Моддаи 34-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тартиби амалӣ гардонидани истифодаи умумии об

1.Истифодаи умумии об бидуни иҷозат  амалӣ мегардад. ҳангоми истифодаи умумии об риояи талаботи мақомоти назорати давлатии санитарӣ, қоидаҳои ҳифзи одамон дар об ва мақомот доир ба истифодаи сарфакорона ва ҳифзи обҳо ҳатмист.

2.Бо мақсади ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон, инчунин аз рӯи асосҳои истеҳсолӣ ва дигар асосҳо мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об, мақомоти назорати давлатии санитарӣ, дигар мақомоти манфиатдор маҳалҳоеро, ки дар онҳо оббозӣ, заврақронӣ, об додани чорво манъ аст, муқаррар менамоянд, инчунин дигар шартҳои истифодаи умумии обро дар объектҳои об муайян мекунанд. (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

3.Мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқиро дар бораи шартҳои оиди истифодаи умумии об муқаррар кардаашон хабардор намоянд.

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …