Главная / Чамъият / Тартибдихи ва нигохдории хуччатхои бахисобгири

Тартибдихи ва нигохдории хуччатхои бахисобгири

Моддаи 47-и Кодекси Андоз. Тартибдихи ва нигохдории хуччатхои бахисобгири

1. Бахисобгирии андоз – чараёни аз чониби шахс пеш бурдани хуччатхои бахисобгири тибки талаботи Кодекси мазкур бо максадхои чамъбаст ва мураттаб кардани маълумот дар бораи объектхои андозбанди ва (ё) объектхои ба андозбанди алокаманд, инчунин хисоб кардани андозхо ва тартиб додани хисоботи андоз мебошад.
2. Хар шахс ухдадор аст хуччатхои бахисобгириро ба забони давлати пеш барад, агар онхо: (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)
– боиси ба миён омадани ухдадорихои андозии ин шахс шаванд;
-боиси ба миён омадани ухдадорихои ин шахс оид ба нигох доштани андоз дар манбаи пардохт шаванд;
-боиси ба миён омадани ухдадорихои ин шахс оид ба пешниходи маълумоти вобаста ба андозбанди шаванд.
3. Хуччатхои бахисобгири аз хуччатхои ибтидои, регистрхои хисоботи мухосибави ва дигар хуччатхое иборатанд, ки барои муайянсозии объектхои андозбанди ва объектхои бо андозбанди алокаманд асос мебошанд, инчунин барои хисобкунии ухдадорихои андоз хамчун асос истифода бурда мешаванд.
4. Андозсупорандагон ухдадоранд хуччатхои бахисобгириро мутобики санадхои меъёрии Вазорати молияи Чумхурии Точикистон ва макоми ваколатдори давлати ва хангоми зарурат бошад, Бонки миллии Точикистон ва дигар макомоти ваколатдор мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон пеш баранд.
5. Хар хуччати аввалияи бахисобгири, ба истиснои хуччати шакли электрони, бояд ба микдори на камтар аз ду нусхаи якхела тартиб дода шавад, ки якеаш дар ихтиёри шахсе мемонад, ки онро тартиб дода, пешниход намудааст, дигараш ба шахсе супорида мешавад, ки ин хуччат барояш пешбини шудааст ва аз чониби вай нигохдори мешавад.
6. Агар хуччатхои бахисобгирии андозсупоранда ба забони хоричи тартиб дода шаванд, бо талаби корманди макомоти андоз, ки санчиш мегузаронад ё макомоти андоз аз чониби андозсупоранда чунин хуччатхо бояд ба забони давлати тарчума карда шаванд. Хангоми тартиб додани хуччатхои бахисобгири дар шакли электрони андозсупоранда ухдадор аст дар чараёни санчиши андоз бо талаби макомоти андоз нусхаи когазии чунин хуччатхоро пешниход намояд.
7. Хуччатхои бахисобгири аз инхо иборат мебошанд:
-хуччатхои мухосибави – барои шахсоне, ки ба онхо мутобики конунгузори дар бораи хисоботи мухосибави ухдадории оид ба пешбурди он вогузор шудааст;
-хисоботи андоз;
-дигар хуччатхое, ки барои муайян намудани объектхои андозбанди ва (ё) объектхои ба андозбанди алокаманд, инчунин барои хисоб кардани ухдадории андоз асос мебошанд.
8. Андозсупорандагон ухдадоранд хуччатхои бахисобгириро дар Чумхурии Точикистон дар давоми на камтар аз мухлати даъво, ки моддаи 66 Кодекси мазкур мукаррар намудааст, нигох доранд.
9. Гайрирезиденте, ки фаъолияташро дар Чумхурии Точикистон ба воситаи муассисаи доими бе таъсис додани филиал ё намояндаги амали менамояд, ухдадор аст хуччатхои бахисобгириро дар махалли чойгиршавии (дар идораи) худ дар Чумхурии Точикистон ё ин ки дар холати надоштани идора – дар идораи агенти хамин гайрирезидент дар Чумхурии Точикистон нигох дорад.
10. Хангоми азнавташкилдихии шахси хукуки ухдадори оид ба нигохдории хуччатхои бахисобгирии шахси хукукии азнавташкилшуда ба вориси он вогузор карда мешавад.
11. Хангоми бархамдихии шахси хукуки тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузори хуччатхои бахисобгири ба бойгонии давлати супорида мешаванд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …