Главная / Ҷамъият / Тартибдиҳӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ

Тартибдиҳӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ

Моддаи 47-и Кодекси Андоз. Тартибдиҳӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ

1. Баҳисобгирии андоз – ҷараёни аз ҷониби шахс пеш бурдани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ тибқи талаботи Кодекси мазкур бо мақсадҳои ҷамъбаст ва мураттаб кардани маълумот дар бораи объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳои ба андозбандӣ алоқаманд, инчунин ҳисоб кардани андозҳо ва тартиб додани ҳисоботи андоз мебошад.
2. Ҳар шахс ўҳдадор аст ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро ба забони давлатӣ пеш барад, агар онҳо: (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
– боиси ба миён омадани ўҳдадориҳои андозии ин шахс шаванд;
-боиси ба миён омадани ўҳдадориҳои ин шахс оид ба нигоҳ доштани андоз дар манбаи пардохт шаванд;
-боиси ба миён омадани ўҳдадориҳои ин шахс оид ба пешниҳоди маълумоти вобаста ба андозбандӣ шаванд.
3. Ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ аз ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ, регистрҳои ҳисоботи муҳосибавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое иборатанд, ки барои муайянсозии объектҳои андозбандӣ ва объектҳои бо андозбандӣ алоқаманд асос мебошанд, инчунин барои ҳисобкунии ўҳдадориҳои андоз ҳамчун асос истифода бурда мешаванд.
4. Андозсупорандагон ўҳдадоранд ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро мутобиқи санадҳои меъёрии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ ва ҳангоми зарурат бошад, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ваколатдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш баранд.
5. Ҳар ҳуҷҷати аввалияи баҳисобгирӣ, ба истиснои ҳуҷҷати шакли электронӣ, бояд ба миқдори на камтар аз ду нусхаи якхела тартиб дода шавад, ки якеаш дар ихтиёри шахсе мемонад, ки онро тартиб дода, пешниҳод намудааст, дигараш ба шахсе супорида мешавад, ки ин ҳуҷҷат барояш пешбинӣ шудааст ва аз ҷониби вай нигоҳдорӣ мешавад.
6. Агар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии андозсупоранда ба забони хориҷӣ тартиб дода шаванд, бо талаби корманди мақомоти андоз, ки санҷиш мегузаронад ё мақомоти андоз аз ҷониби андозсупоранда чунин ҳуҷҷатҳо бояд ба забони давлатӣ тарҷума карда шаванд. Ҳангоми тартиб додани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ дар шакли электронӣ андозсупоранда ўҳдадор аст дар ҷараёни санҷиши андоз бо талаби мақомоти андоз нусхаи коғазии чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намояд.
7. Ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ аз инҳо иборат мебошанд:
-ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ – барои шахсоне, ки ба онҳо мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи ҳисоботи муҳосибавӣ ўҳдадории оид ба пешбурди он вогузор шудааст;
-хисоботи андоз;
-дигар ҳуҷҷатҳое, ки барои муайян намудани объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳои ба андозбандӣ алоқаманд, инчунин барои ҳисоб кардани ўҳдадории андоз асос мебошанд.
8. Андозсупорандагон ўҳдадоранд ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми на камтар аз мўҳлати даъво, ки моддаи 66 Кодекси мазкур муқаррар намудааст, нигоҳ доранд.
9. Ғайрирезиденте, ки фаъолияташро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи муассисаи доимӣ бе таъсис додани филиал ё намояндагӣ амалӣ менамояд, ўҳдадор аст ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро дар маҳалли ҷойгиршавии (дар идораи) худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ин ки дар ҳолати надоштани идора – дар идораи агенти ҳамин ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дорад.
10. Ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ ўҳдадорӣ оид ба нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии шахси ҳуқуқии азнавташкилшуда ба вориси он вогузор карда мешавад.
11. Ҳангоми барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ба бойгонии давлатӣ супорида мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …