Моддаи 35-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Тарчумон
- Ба сифати тарчумон метавонад шахсе, ки ба натичаи парванда манфиатдор нест, забонхоро медонад ва ё дорои кобилияти дарки ишорахои гунгу кархо мебошад, ки барои пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури зарур мебошад, чалб карда шавад.
- Тарчумон аз тарафи судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар пешбурди у карор дорад, таъин карда мешавад.
- Тарчумон хукук дорад:
– бо протоколи амали тафтиши, ки хангоми пешбурди он иштирок дошт, инчунин бо протоколи мачлиси суд шинос шавад ва ба онхо эрод гирад, ки бояд дар протокол дарч шавад;
– агар у дониши барои тарчума зарури надошта бошад, аз иштирок дар парванда даст кашад.
- Тарчумон ухдадор аст:
– бо даъвати судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар пешбурди у карор дорад, хозир шавад;
– матни ба у супоридашударо пурра ва дакик тарчума намояд ва бо имзои худ дурустии тарчумаро дар протоколи дахлдор тасдик намояд.
- Тарчумон огох карда мешавад, ки дар сурати дидаю дониста нодуруст тарчума кардан ба чавобгарии маъмури кашида мешавад.
- Барои рад намудан ё саркаши кардан аз ичрои ухдадорихои дар кисми 4 хамин модда пешибинишуда тарчумон тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешавад.