Моддаи 35-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Тарҷумон
- Ба сифати тарҷумон метавонад шахсе, ки ба натиҷаи парванда манфиатдор нест, забонҳоро медонад ва ё дорои қобилияти дарки ишораҳои гунгу карҳо мебошад, ки барои пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зарур мебошад, ҷалб карда шавад.
- Тарҷумон аз тарафи судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди ӯ қарор дорад, таъин карда мешавад.
- Тарҷумон ҳуқуқ дорад:
– бо протоколи амали тафтишӣ, ки ҳангоми пешбурди он иштирок дошт, инчунин бо протоколи маҷлиси суд шинос шавад ва ба онҳо эрод гирад, ки бояд дар протокол дарҷ шавад;
– агар ӯ дониши барои тарҷума зарурӣ надошта бошад, аз иштирок дар парванда даст кашад.
- Тарҷумон ӯҳдадор аст:
– бо даъвати судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди ӯ қарор дорад, ҳозир шавад;
– матни ба ӯ супоридашударо пурра ва дақиқ тарҷума намояд ва бо имзои худ дурустии тарҷумаро дар протоколи дахлдор тасдиқ намояд.
- Тарҷумон огоҳ карда мешавад, ки дар сурати дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
- Барои рад намудан ё саркашӣ кардан аз иҷрои ӯҳдадориҳои дар қисми 4 ҳамин модда пешибинишуда тарҷумон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.