Главная / Маданият ва санъат / Таквими Рамазони – вакти ният ва кушодани руза барои 2018 сол

Таквими Рамазони – вакти ният ва кушодани руза барои 2018 сол

taqvim-2018

Санаи 15-уми майи соли 2018 соати 09.00 дар Маркази исломии Чумхурии Точикистон чаласаи навбатии Шурои уламо баргузор гардид.

Нахуст дар назди уламои кишвар, Раиси Шурои уламои Маркази исломи Саидмукаррам Абдукодирзода суханрони намуда, ахли нишастро ба муносибати омад-омади мохи шарифи Рамазон табрику тахният гуфт.

Сипас Раиси Маркази исломи хозиринро бо рузномаи мачлис ошно намуда, кайд кард, ки мувофики хисобхои илми ва хулосаи пешниходнамудаи Институти астрофизикаи Академияи илмхо имсол огози мохи Рамазон дар кишвар ба рузи 17-уми май рост меояд.

Пас аз мухокима ва баррасии масъалахои рузномаи мачлис аъзои Шурои уламо чунин карор карданд:

  1. Мохи мубораки Рамазон дар кишварамон рузи 17-уми майи соли 2018 муайян карда шавад.
  2. Мувофики хисоби шаръи нисоби закот 20400 сомони мукаррар шавад, ки аз он 510 сомони закот пардохт мешавад.
  3. Садакаи фитр мувофики меъёри шаръи баробар ба 5 сомони мукаррар шавад.
  4. Фидяи савм дар мохи Рамазони соли 2018 барои сохибони узри шаръи (шайхи фони) ба микдори 300 сомони барои 30 руз муайян карда шавад.

Дар анчоми мачлис раиси Маркази исломии Точикистон Саидмукаррам Абдукодирзода аз имомхатибон талаб кард, ки дар мавъизахояшон рочеъ ба неъмати бебахои сулху ороми суханрони намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табакаи ниёзманди чомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз сахми худро гузоранд.

Мачлис бо дуои хайри ахли нишаст дар хакки Пешвои миллат ва мардуми кишвар хусни анчом пазируфт.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …