Главная / Биология / Тагйири шакли реша

Тагйири шакли реша

Дар решаи баъзе растанихо (сабзи, турб, шалгам, лаблабу ва гайрахо) моддахои захирави гун мешаванд. Чунин решахо боавч гафс гардида, ба худ шаклхои гуногунро мегиранд. Онхоро одатан бехмева (ё решамева) меноманд. Бехмева дар аксари холатхо аз решаи асоси ва ё аз кисми поёнии поя хосил мешавад.

Растанихои бехмевадор аксаран растанихои дусолаанд. Онхо дар соли якуми хаёташон гул накарда, танхо бехмева хосил мекунанд. Дар бехмеваашон микдори зиёди моддахои органикии гизоиро захира мекунанд. Дар соли дуюми хаёташон аз ин моддахои гизоии захирашуда истифода бурда, гул мекунанд ва меваю тухм мебанданд. Растанихои дусола пас аз хосил кардани меваю тухм хушк мешаванд.

reshaho

Дар гули кавкаб (картошкагул), косидгулак ва батат (картошкаи ширин) моддахои захирави дар решаи асоси гун нашуда, балки дар решахои пахлуи ё иловаги захира мешаванд. Дар натича, дар як растани бо микдори зиёд лундабех (ё лундаи реша) хосил мешавад.

Дар растании ашака (плющ) решахои махсуси пахлуии часпон инкишоф меёбанд ва растани ба туфайли онхо ба танаи девор ё да- рахтон махкам мечаспад. Бо ёрии чунин такягох ашака ба боло саб- зида, баргу пояашро ба равшани мебарорад.

Дар тана ва шохахои гафси дарахтони тропики решахои иловаги месабзанд. Онхо сабзида то ба замин мерасанд ва вазифаи такягохро ичро мекунанд.

Дар решахои пахлуии себарга, нахуд, юнучка ва дигар растанихои лубиёги тагйироти гуногуншаклро мушохида кардан мумкии аст. Дар решачахои чавони пахлуии онхо бактерияхои махсус сокин шуда, дар он чо лундачахоро ба вучуд меоваранд. Аз ин сабаб онхро бактерияхои лундарешаги мегуянд. Онхо хусусияти аз худ кардани нитрогени озоди таркиби хаворо доранд. Бо кумаки ин бактерияхои лундарешаги растани бо гизои нитрогени таъмин карда мешавад ва таркиби хок низ аз ин гизои маъдани бой мегардад. Бинобар он, дар баъзе хочагихо тирмис (люпин), себарга, юнучкаро ба сифати нурии сабз барои хосилхез кардани хок истифода мебаранд.

  1. Растанихои бехмевадори махалли зистатонро номбар кунед.
  2. Бехмева чи тавр хосил мешавад?
  3. Лундабех дар кучо хосил мешавад ва дар кадом растанихо дида мешавад?
  4. Дар растанихои лубиёги реша ба чи хел тагйирёби дучор мешавад?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …