Главная / Гуногун / Тадкики илми давлатхои Осиёи миёна

Тадкики илми давлатхои Осиёи миёна

Чунон ки гуфта шуд, хукуматдорони подшохи аз натичахои умумии музокироти намояндагихои дипломатии худ дар Бухоро, Хева ва Хуканд конеъ нагардида буданд. Кушишхои истифода бурдани робитахои иктисоди барои аз чихати сиёси баркарор кардани нуфузи томи Петербург дар Осиёи Миёна бо сабабхои гуногун бароре накард. Вале мо наметавонем дар бахо додан ба муносибатхои сиёсии империяи Россия бо давлатхои Осиёи Миёна аз чунин мавкеи махдуд ва махсус наздик шавем. хатто агарчи сафари дипломатхо на хамеша боиси расидан ба максадхои пешгузоштаи онхо мегардид, лекин одатан ба афзоиши беш аз пеши мубодилаи молхо дар байни давлатхои номбурда таъсире мекард.

Мухимтар аз хама ин аст, ки мусофирати сафирон, намояндагихо, точирон ва сайёхони чудогонаи рус ба Осиёи Миёна аз дигар чихат ахамияти хеле калон дошт. Аксари касоне, ки ба ин тарафхо сафар мекарданд, одамони фозил ва донишманд буданд ва баъзеи онхо забонхои шаркро медонистанд[1]. Дар байни онхо мутахассисони дарачаи аввали география ва геология, геодезия ва астрономия, табиатшиносон, шаркшиносон ва забоншиносони пуртачриба хам буданд.

Дар тахкики натичахои саёхат ва тахлили маводу иттилооти гуногуне, ки точирони Россия ва Осиёи Миёна меоварданд, гули сарисабади илму фанни ватани, аз он чумла шаркшиносон ва чугрофидонони маъруфи асри Х1Х-и рус иштирок менамуданд.

Инак, муъчизае ба амал омад: дар зарфи камтар аз 50 соли асри ХIХ Осиёи Миёна аз сарзамини ношинос (incognita) ба кишваре табдил ёфт, ки илм дар бораи он бисёр маълумоти дакик ба даст овард.

Ба кавли чугрофидони машхури рус И.В.Мушкетов, экспедитсияхои нимаи аввали асри ХIХ дар тадкики чугрофии Осиёи Миёна ахамияти калонеро молик мебошанд: «…Онхо материалхои комилан илми медиханд, ки хочат ба тафсир нест; илова бар мадракхои каму беш дакики накшабардори, хизмати асосии ин тадкикот иборат аз он аст, ки онхо моро бо хусусиятхои табииву таърихии хавзаи Туркистон шинос менамояд»[2].

Дар вакти ин сафару саёхатхо рочеъ ба халкхои Осиёи Миёна, таърих ва маданияти онхо низ мадракхои фаровон ва гуногун (агарчи кисми зиёди онхо он кадар мураттаб набуданд) чамъовари карда шуданд. Мумкин аст гуфт, ки тахкики этнографии мардумони Осиёи Миёна дар нимаи аввали асри ХIХ шуруъ гардида буд. Аз мадракхои дар нашрияхои мухталиф ва каммашхур пароканда ва ё дар чузвдонхои архив нигох дошташуда дар бораи тарзи зиндаги, маданияти модди ва баъзе чихатхои маданияти маънавии халкхои Осиёи Миёна: точикон, узбекон, туркманхо, киргизхо, казокхо ва каракалпокхо метавон тасаввур пайдо намуд. Афсус, ки кисми мухими ин мадракхо дар тадкикоти этнографии муосир хеле кам ё хатто тамоман истифода нашудаанд.

Омузиши забони халкхои Осиёи Миёна бо эхтиёчоти амали алокаманд буд. Дар айни замон ба тадкики илмии ин забонхо низ ибтидо гузошта шуд. Дар кисмати забони точики чунин хидматро яке аз шаркшиносони намоёни рус В.В.Григорйев адо кардааст.

Дар хисоботи сайёхон ёдгорихои чудогонаи санъати меъмории Осиёи Миёна бисёр зикр шуда ва ё мухтасаран тасвир ёфта, лавхаи баъзе аз онхо сабт гардидаанд, инчунин тавсифи бинохои икомати оварда мешавад. Аз ин кабил навиштачоти кутох метавон маълумоти пурарзиш барои таърихи санъати меъмории Осиёи Миёна ба даст овард.

Кариб хар як сайёх вазъу тартиби идории давлатхои хониро каму беш батафсил баён карда, тавсифи ин ва ё он чихати хаёти иктисодии онхоро низ овардааст. Асари Н.В.Хаников «Тавсифи давлати хонии Бухоро» (1843) аз бехтарин таълифотест, ки дар ин мавзуъ ба вучуд омадаанд. Вакте ки Н.В.Хаников ба Осиёи Миёна сафар кард, синни у хануз ба 22 нарасида буд. У баъди хатми литсейи Сарскоселск аз тарики худомузи шаркшинос гардид. Истеъдоди фитри, кунчкови ва мушохидакори ба чавони донишдуст имкон доданд, асаре таълиф намояд, ки бо хусусиятхои барозандаи худ – тасвири хамачониба ва амики аморати Бухоро – касро то кунун ба вачд меорад.

Дар китоби Н.В.Хаников ва асархои дигар муаллифон доир ба таърихи махалхо, шахрхо ва давлатхои чудогонаи Осиёи Миёна мадракхои мухим зикр ёфтаанд. Дар айни замон, сайёхон аз ин сарзамин дастнависи асархои гуногуни таърихи ва адабии ба забонхои араби, точики ва узбеки таълифёфтаро низ бо худ мебурданд, ки баъдтар чанде аз онхо нашр гардид. Масалан, дастнависи «Таърихи Мукимхони», ки сафорати рус соли 1821  аз Бухоро бурда буд, интихобан (матни асли, тарчумаи фаронсави) бо шархи О.И.Сенковский ба табъ расонида шуд. Ба кавли В.В.Бартолд, ин асар дар нашри яке аз «саромадони шаркшиносии рус» профессор Сенковский барои европоиён муддати дарозе хамчун ягона манбаи тахкики аморати Бухоро хизмат намуд[3]. Дар соли 1834 академик Х.Д.Френ барои кумаки сайёхони рус фехристи асархои муаллифони шаркро, «ки ба чустучуи дастнависи асли ва ё нусхахои он машгул шудан лозим меомад», интишор дод. Ин фехрист, ки чанд бор нашр гардид, дар чамъоварии дастнависхои шарки роли мухим бозид. Донишманди чавон Н.В.Хаников низ аз Бухоро дастнависхои зиёдеро пайдо карда, ба Россия бурд. Соли 1858 дар хайъати намояндагии дипломатии Н.П.Игнатйев шаркшиноси машхури рус П.И.Лерх ба Хева ва Бухоро омада, мачмуи тамоми дастнависхоро чамъ намуд. Дар як вакт сиккахои гуногуни зарби Осиёи Миёна низ бурда мешуданд.

Тадкики таърих ва маданияти Осиёи Миёна яке аз мухимтарин равияхои шаркшиносии рус гардид. Намояндаи маъруфи ин равия академик Х.Д.Френ мадракхои пурарзиши сиккашиносиро тахкик ва нашр намуд, матни туркии асари Абулгози «Шачараи туркон ва мугулон»-ро ба табъ расонид. И.Н.Березин «Шайбонинома» ва Н.И.Илминский «Бобурнома»-ро чоп карданд. В.В.Григорйев, В.В.Веляминов-Зернов, Я.В.Хаников бисёр манбаъхои пурбахои руси ва махаллиро рочеъ ба таърихи Осиёи Миёна бо шарху тафсири худ интишор намуданд. В.В.Веляминов-Зернов, В.В.Григорев, В.Г.Тизенгаузен ва дигарон муддати зиёде ба тахкики сиккахои Осиёи Миёна машгул шуданд. Тавассути асархои ин олимон нахустин бор тархи даврахои чудогонаи таърихи асримиёнаги ва нави Осиёи Миёна дар пеши назар чилвагар гардид. Н.Я.Бичурин (Иакинф) дар омузиши таърихи бостони Осиёи Миёна сахми бебахое гузошт. Хулласи калом, дар нимаи аввал ва миёнахои асри ХIХ як зумра донишмандони рус дар сохаи тахкики таърихи Осиёи Миёна корхои пурсамаре анчом доданд[4]. Точикон, узбекон, киргизхо, туркманхо хамеша ин олимони забардасти русро, ки на факат дар гузоштани асоси тадкики илмии Осиёи Миёна, балки дар устувор намудани дустии халкхои Осиёи Миёна ва халки рус икдомоти шоистае кардаанд, бо хисси эхтиром ва сипосгузори ёд мекунанд.

* * *

Даврае, ки мо мавриди тадкик карор додаем, яке аз сахттарин даврахои таърихи халки точик ба шумор меравад. Дар хамин давра байни давлатхои мухталиф таксим шудани халки точик анчом меёбад. Бо таъсиси давлати Афгонистон кисми зиёди точикон, ки аслан дар хоки Афгонистони кунуни икомат доштанд, ба таври сунъи аз точикони сокини Осиёи Миёна чудо карда шуданд [5]. Аксарияти точикони Осиёи Миёна дар шахрхои гуногуни аморати Бухоро ва давлати хонии Хуканд, дар водии Фаргона, вохаи Бухоро ва г., дар мулкхои ниммустакили кухистонии сарзамини Точикистони хозира (Каротегин, Дарвоз, Вахон, Шугнон ва г.), микдори ками онхо дар шахрхои хонияи Хева ва давлатхои хонии казок  (Авлиёато, Чимкент ва г.), дар Туркистон – дар давлати хочагони Кошгар (Кошгар, Хутан ва г.) сукунат доштанд. Дар шимоли хиндустон ва Хуросони ба Эрон гузашта низ бисёр махалхои точикнишин мавчуд буданд.

хамин тарика, дар миёнахои асри ХIХ вилоятхое, ки точикон ва дигар халкхои Осиёи Миёна маскун буданд, ба хар мамлакат ва давлатхои хони пароканда гардиданд.

Ба сабаби сар задани бухрони иктисоди ва сиёси дар Осиёи Миёна шароити ичтимои боз хам бадтар шуд.[6] Дар миёна ва чоряки севуми асри ХVIII бухрон ба нуктаи баланди худ расид. харчанд баъзе тадбирхои марказиятдихи ва як андоза бехтар кардани вазъи обёри, ки дар ибтидо ва нимаи аввали асри ХIХ дар се давлат – аморати Бухоро, давлатхои хонии Хуканд ва Хева ба амал омад, кадре зухуроти шадиди ин бухронро фуру нишонда бошад хам, онро тамоман аз байн бурда наметавонист.

Нуфузи нихоят зиёди дар байни оммаи забун ва гумрох пайдокардаи рухониёни ислом, хусусан шайхони дарвеши ба завол ёфтан ва пусидани низоми феодали мусоидат мекард. Чунон ки И.С.Брагинский хаккони гуфтааст: «…вазъи фавкулоддаи сахти хочаги ва мадани ва холи табохи оммаи захматкаш дар миёнаи асри ХIХ на факат зухури аз каър заволёбии муддати асрхо дар Осиёи Миёна давомдошта мебошад, балки дар айни замон зухури ба худ хоси зиддиятхои байни куввахои истехсолкунандаи бо вучуди хар гуна душворихо пешрафта ва муносибатхои истехсолии ишкелзанандаи давраи таназзули феодализм аст, ки ба харобшавии куввахои истехсолкунанда оварда мерасонид»[7].

Асри ХVIII дар Осиёи Миёна давраи дар натичаи бухрони сахти ичтимои ва хочаги акиб рафтани куввахои истехсолкунанда мебошад. Дар асри ХIХ ба чунбучуш даромадани тамоми сохахои иктисодиёт мушохида мешавад, ки дар ин бобат робитахои иктисодии Осиёи Миёнаву Россия роли мухим бозидаанд. Дарачаи баланди тараккиёти касбу хунар, алалхусус дар шахрхо, инчунин равнаки тичорат нишон медихад, ки дар системаи форматсияи феодалии Осиёи Миёнаи асри ХIХ истехсоли мол ва гардиши пул мавкеи калонеро ишгол менамуд [8]. Дар айни замон кисми асосии ахолии давлатхои Осиёи Миёна, махсусан ахолии кучи ва мукимии дехот хамоно дар шароити хочагии соф натурали ва ё нимнатурали зиндаги мекард. Тамоми системаи истехсолот ва муносибатхои ичтимои асосан феодали буд. Баъзе падидахои муносибати буржуази (чунин тамоюлот ба назар мерасид) дар ин шароит ягон кадар хам инкишоф ёфта наметавонист. Дар боло рочеъ ба комёбихои сохаи истехсолот ва тичорат сухан ронда шуд. Аммо бино ба гуфтахои Ф.Энгелс, ки комилан ба Осиёи Миёна хам татбикшаванда аст: «хамаи ин муваффакиятхои истехсолоту муомилот, дар вокеъ, аз руи мафхуми имруза характери хеле махдуд доштанд. Истехсолот дар хамон шакли карахти сирф устохонаи хунарманди боки монда, бинобарин, худаш хам хусусияти феодалиашро хануз нигох медошт…» муваффакиятхои тичорат низ махдуд буданд[9]. Масалан, дар Осиёи Миёна тамоюли пайдоиши бозорхои вилояти ба зухур меояд, вале ин хам ба кулли сурат намеёбад.

В.И.Ленин хотирнишон карда буд: «Факат дар давраи нави таърихи рус (тахминан аз асри 17) хамаи ингуна вилоятхо, каламравхо ва княжествохо хакикатан ба сурати вокеи дар як вохид пайваста шуданд… Сабаби он ин буд, ки мубодила дар байни вилоятхо руз ба руз кувват мегирифт, муомилаи моли хам охиста-охиста меафзуд, бозорхои хурд-хурди махалли дар як бозори умумии Россия ба хам меомаданд. Азбаски рохбарон ва сохибони ин протсесс капиталистони савдогар буданд, эчоди ин алокахои милли танхо эчоди алокахои буржуази буд, на чизи дигар»[10].

Дар миёнахои асри ХIХ ин протсесс дар Осиёи Миёна аз ташкили бозорхои махалли ва кисман вилояти дуртар нарафт. Дар чунин шароите, ки хочагии натурали бартари дошт ва парокандагии иктисодию сиёси хукмфармои мекард, ба вучуд омадани бозори умуми дар Осиёи Миёна аз имкон берун буд; давлатхои хони мавчудияти худро хамчун давлати феодали нигох медоштанд. Вазъияти давлатхои хонии Осиёи Миёнаро дар нимаи аввали асри ХIХ метавон бо гуфтахои Ф.Энгелс тавсиф намуд: «Вале дар хама чо, хам дар шахрхо ва хам дар дехот, микдори чунин унсурони ахоли, ки пеш аз хама бархам додани чангхои бемаънии пайдарпай, бас кардани низоъу нифоки байни феодалон ва чангхои муттасили дохили, ки хатто дар мавридхои ба мамлакат ворид шудани душмани ачнаби хам катъ намегардид, хотима ёфтани ин холати дар зарфи тамоми давраи асри миёна хамеша давом кардаи харобиоварихои доими ва комилан бемаксадро талаб менамуданд, зиёдтар мешуд»[11].

5. МАДАНИЯТИ МОДДИ ВА МАЪНАВИ

Нооромихои замона ва чангхои феодали, зулму ситами берахмона ва харобихои мамлакат тараккиёти маданиятро бозмедоштанд. Албатта, дахои офаринандагии халкхои Осиёи Миёна поён намеёфт, вале он дар даврае, ки чамъият ба вазъияти таназзули иктисоди ва то хадди охир фишор овардану инкор кардани шахсияти инсон афтода, тамоми чанбахои зиндагиро таассуби дини фаро гирифта буд, комилан ба зухур омада хам наметавонист.

Бинокори ва меъмори

Дарачаи тараккиёти санъати меъмории Осиёи Миёна алалхусус дар бобати сохтмони бинохои бошукух дар давраи мавриди тадкик назар ба асри гузашта хеле поин рафт. «Дар нимаи асри ХVIII бинокорихои азими Бухоро аз харакат бозмонд, гуё ки мавчудияти худро катъ карда бошад: дар шахри валангор биное сохта намешуд. хатто дар лахзахое, ки аз охирхои  аср  кори  сохтмон дубора ба рох даромад, тараккиёти он хамоно дар савияи нисбатан паст чараён меёфт»[12]. Баъзе офаридахои меъмории барчаста, аз кабили бинои мадрасаи халифа Ниёзкул, ки бештар бо номи Чорманор машхур аст ва силсилаи иморати халифа Худойдод, бо вучуди камхарчии сохтмон ва соддагии сабки меъмори, аз он ки сохт ва намуди онхо бо манзараи табиати махалли вокеъгаштаи худ мувофикати комил пайдо кардааст, диккати хар бинандаро ба худ чалб менамоянд.

Дар Самарканд якчанд бинохои калон сохта ва ё сохтмони нимкорамондаи иморатхои кухна анчом дода шуданд. Масалан, дар миёна ва нимаи дувуми асри ХIХ дар тахкурсии кухна бинои масчиди хазрати Хизр сохта, сипас борхо таъмир ва такмил карда шуд (ин бино намуди хозираи худро дар натичаи азнавсозии соли 1915 пайдо кардааст). Бинохое, ки аз охири асри ХVIII то миёнахои асри ХIХ дар Хева ва баъзе дигар шахрхои хонии Хева бо вусъати тамом сохта шудаанд, аз чихати меъморию таърихи гуногунранг ва чолибтаранд. Дар ин чо касрхо, корвонсаройхо, дарвозахои шахр, мадрасаву масчидхо, макбара ва манорахо ба вучуд омада буданд. Чунончи, кабулгохи соли 1855 дар руи хавлии Кухнаарк (Хева) сохташуда айвоне дорад, ки бо зарофати сутунхояш аз тамоми айвонхои Осиёи Миёна зеботар мебошад. Касри дуошёнаи Тошхавли (1832–1841) яксаду шасту се хона, се хавлии калон ва панч хавлии хурдро дарбар мегирад. Ин иморати хеле калон ва мураккаб бо як махорати фавкулодда тартиб ва танзим ёфтааст.

Дар хонии Хуканд низ бинокори вусъати зиёде пайдо карда буд. Дар шахрхои гуногуни ин мамлакат бисёр иморатхои мухташам: касрхо, корвонсаройхо, хаммомхо, калъаву манорахо, инчунин масчиду мадраса ва макбарахо сохта шудаанд.

Соли 1841 яке аз сайёхони рус навишта буд: «Касри хони хозира бинои дуошёнаи хишти ва хеле зебоест, ки дар маркази шахр вокеъ гардида, атрофаш бо богхову иморатхои ба он тааллукдошта ва деворхои баланди гили ихота гардидааст». Дар нимаи дувуми асри ХIХ касри нави «ба таври худ хушнамуд»  (таъбири А.П.Федченко)[13]  сохта  мешавад, ки  корхои  асосии сохтмони он дар солхои 1870-1871 анчом ёфтааст. Тархи ин каср мисли архитектоникаи руи он чолиб нест. Руи иморат бо кошинхои гуногунранг зинат ёфта, дар ороиши он кандакории гачи истифода шудааст. Бо вучуди ороишоти зиёде иморати каср шакли муназзам ва мухташам надорад. Дар ин чо устодони сафолсози Андичон, Чуст, Конибодом, Намангон, Уротеппа, Риштон хуб махорат нишон додаанд. Макбараи Модарихон ва Дахмаи Шохон (Хуканд) таклидкорона сохта шудаанд, руйкаши ин бинохо аз хад зиёд рангоранг буда, дар онхо таносуб риоя нашудааст. Масчиди Хонакох дар Маргелон ва масчиди Чинорлики 1 дар Хуканд бо айвонхои пурнакшунигори худ хеле назаррабо мебошанд. Макбараи Хочамини Кабрии Намангон (нимаи дувуми асри ХVIII) дар санъати меъмории асрхои ХVIII–Х1Х-и на факат Хуканд, балки тамоми Осиёи Миёна макоми хосае дорад. Вай, сарфи назар аз баъзе чихатхои илтикоти, асосан анъанаи меъмории классикии давраи асри миёнаи Фаргонаро давом медихад. Шаклхои дакики меъмори ва ороишоти мучаллал ин обидаро аз тамоми бинокорихои онвакта фарк мекунонад.

Дар хамин давра дар Хучанд, Уротеппа, хисор, Панчакент ва дигар шахрхо низ иморатхои зиёд сохта шуданд. Масалан, масчиди Чорбоги Хучанд бо айвони баланд ва накшунигори зебои сакфи даромадгохи худ аз хамин кабил ёдгорихои меъмори ба шумор меравад. Вале дар байни бештар аз дусад масчид ва бисту панч мадрасаи Хучанд факат чандтои онхо аз чихати меъмори мавриди таваччух мебошанд. Аз ёдгорихои меъмории Уротеппа бинои мадрасаи Рустамбек, ки мутаассифона то замони мо боки намондааст, кобили кайд аст. Намои кошинкории он бо суратхои дар пештоки иморат кашидашудаи хайвоноти асп ё палангмонанди ба мукобили якдигар харакаткунанда зеби махсусе пайдо карда буд. Бинои мадраса дуошёна буда, 49 хучра дошт, дар ду гушаи руи он ду манор мавчуд буд. Аз сохтмонхои калони онвактаи Уротеппа мадрасаи Намозгох, айвони тиллокории пойгахи кароргохи хоким дар болои Мугтеппа, хаммом ва корвонсаройро, ки аз хишти пухта бино ёфта буданд, метавон зикр кард.

Дар хамин давра иморатхои Регистони хисор, Мадрасаи Нав, мадрасаи Миролим-додхохи Панчакент сохта шудаанд. Тадкики хамаи ин ёдгорихои меъмори ба чунин хулосае меорад, ки дар сохтмонхои бошукухи онвакта савияи техники ва меъморию бадеи хеле паст гардида будааст.

Аммо дар бинокорихои оммави манзара тамоман дигар аст. Дар ин чо на катъи анъана ва на таназзул мушохида намешавад. Баръакс, махз дар ин давра навъхои махаллии манзилхои Осиёи Миёна комилан ташаккул меёбад. Зимнан дар тарх, ороиш ва масохат ду навъи бино–манзили одамони давлатманд ва манзили одамони бенаво аз хам тафовути чидди пайдо мекунанд. Чор тарафи манзилгох бо деворхои баланд ихота карда мешуд. Ба такозои иклим дар хар манзилгох сахни хавли ахамияти калоне дошт, зеро сокинони он аксари рузхои солро дар зери сояи дарахтон ва гирди хавзи руи хавли мегузаронданд. хавли аз ду кисмат иборат буд: хавлии дарун ва хавлии берун. Дар хавлии дарун хонахои зист, саисхона ва г. чой мегирифтанд. Гохо хавлии махсуси хочаги ва китъаи бог хам чудо карда мешуд. хамчунин дарвозахона бо дари кандакоришуда низ ба кисми таркибии манзилгох дохил мегардид. Аксаран дар пеши хонахо айвон месохтанд. Бинохо на факат якошёна, балки дуошёна ва гохо сеошёна хам буданд.

Дар бинокорихои дехот хавли ва китъаи бог бо деворхои баланди гили ихота гардида, работ ва ё кургон аксар вакт зеварбанди карда мешуд. Бехтарин намунахои чунин манзилхо дар Самарканд боки мондаанд [14]. Хонаву айвонхо чунон сохта мешуданд, ки касро дар тобистон аз гармо ва дар зимистон аз сармо мухофизат мекарданд. Хонаи зист гайр аз дари асоси дарича ва тобадон хам дошт, ки барои равшанои ва тоза кардани хавои хона хизмат мекард. Дар даруни хона барои хурокпази оташдону мури ва барои гарм шудан дар фасли зимистон сандали мавчуд буд.

Барои ороиши кисмати дохилии сохтмон тамоми навъхои хунари амалии мардум, аз кабили кандакории чуб, гачкори, накшу нигор ва г. истифода бурда мешуд, ки он бо чихози хона хамохангии том пайдо мекард. Аммо ин хама ба манзили одамони доро мутааллик буд. Масалан, шахси давлатманди Хучанд Камол Чалилов ва хайдар ном бои Уротеппа хамин гуна хавли доштанд. Мардикороне, ки барои онхо хизмат мекарданд, дар кулбахои хакир, баъзан дар заминкану таххонахо мезистанд. Дар сурате ки он хама бинохои мухташам ва он хама осори хунари амали, ки дар боло зикр гардид, бо ранчи дасти онхо ва бародарони хамкисматашон ба вучуд омадаанд. Дар шеъре, ки ба як бинокори гулдасти Фаргона бахшида шудааст, гуфта мешавад, ки у хам тархандоз, хам меъмор, хам наччор, хам наккош буд. Этнографхо ва мутахассисони таърихи меъмори, алалхусус А.К.Писарчик, В.Л.Воронина, Л.И.Ремпел ва П.Ш.Зохидов мактаби меъмории Хоразм, Бухоро ва Фаргонаро бо тамоми навъхои махаллиаш, инчунин манзилхои аз онхо тамоман фарккунандаи точикони кухистонро мавриди тадкики хамачониба ва хеле дакик карор додаанд [15].

Заргарон ва мисгарон низ осори бисёр нафиси хунари офаридаанд. Асархои шоистаи тахсини кандакорону хаккокон, бофандагону дузандагон, кулолон ва соири хунармандони забардаст аз он башорат медиханд, ки санъат ва хунари халк дар ин давра хам мавчудияти худро давом дода, комёбихои мухимро ноил гардидааст. Тафрикаи моливу ичтимои, чунон ки дар боби манзил мушохида гардид, ба маданияти модди низ накши хеле равшани худро гузоштааст.

хаёти илми ва адаби

Дар шароите, ки мамлакат аз чихати иктисоди хеле акиб монда, нуфуз ва эътибори рухониёни иртичоии ислом бехад пуркувват мегардид, дар бораи тараккиёти бомуваффакияти хаёти илми чои харф задан хам набуд. Дар ин давра на факат ягон кадар асархои мухим ба вучуд наомаданд, балки омухтани дастовардхои илмии замонхои гузашта низ кариб тамоман ба дарачаи нести расид.

Хусусан замони хукмронии амир Шохмурод ва ворисони у дар ин бобат тиратарин даврахост. Дар ин вакт факат омухтани илми фикх, тафсири «китобхои мукаддас» ва шархи китобхои дарсии динии асри миёна хеле ривоч ёфт. Ба ин сабаб муддати тахсили мадраса нихоят дароз шуда, боиси аз донишхои замон махрум мондани хатто боистеъдодтарин фарзандони халк гардид.

Омухтани адабиёти бадеи, илми баён, хаттоти, риёзиёт, хайъат дар прог­раммаи мадрасахо аслан ба назар гирифта намешуд. Хостгорон метавонистанд бо ин сохахо ба тарики худомузи машгул шаванд.

Забони точики дар ин давра хамоно ахамияти аввалияи худро дар дастгохи давлати нигох дошта, монанди собик хам дар риштаи адабиёт ва хам дар корхои идорави мавкеи асосиро ишгол мекард. Дар мактабхо таълиму тадрис бо ин забон ба амал меомад.[16]. Вале дар мадрасахо кариб тамоми дарсхо ба забони араби гузашта, забони точики факат барои шарх ва тарчумаи баъзе дарсхо хидмат менамуд.

Мо сарчашмахои хаттии оид ба адабиёти асри ХУШ-ро дар даст надорем. Мувофики девонхои чудогонаи то замони мо расидаи шоирони он давр, адабиёти Мовароуннахр дар ахди зикршуда ба таназзули сахт ру нихода буд. Дар охири асри ХVIII – ибтидои асри ХIХ алалхусус, дар Хуканд хаёти адаби дубора ба чушу хуруш медарояд. Шоирони зуллисонайн (амир Умархон, Макнуна, Гулхани ва дигарон) ба вучуд меоянд, ки асархояшонро ба забонхои точики ва узбеки иншо мекарданд. Охангхои ичтимои дар шеърхои онвакта хеле заиф гардида, таъсири тасаввуфи гайрифаъол кувват мегирад. Дар миёнаи асри ХVIII чараёни тозае ба зухур меояд, ки дар таърихи адабиёти точик бо номи бедилизм машхур аст. Намояндагони ин чараён дар Осиёи Миёна беш аз хама ба тасаввуфи Бедил таклид намуда, ба мароми умумии фалсафи ва ичтимоии у вукуфи комил пайдо намекарданд.

Шоир ва файласуф Мирзо Абдулкодири Бедил (1644–1721) яке аз охирин намояндагони барчастаи адабиёти точикзабони асримиёнагии хиндустон ба шумор меравад. У дар сарзамини хинд ба дунё омада ва умр ба сар бурдааст. Бедил дар асархои худ бар асоси назарияи вахдати вучуд баъзе фикрхои бидъатомезро, ки бар хилофи дини ислом буданд, ифода карда ва бар зидди нифок ва адовати мазхабии байни хиндуён ва мусулмонон сар бардоштааст. У акидахои худро баъзан ошкоро ва гохо дар зери таъбирхои тасаввуфи баён намудааст. Асархои Бедил бо сабки махсус навишта шудаанд. Гояхои ин шоир ва мутафаккири бузург назар ба дигар чойхо бештар дар Осиёи Миёна, дар байни точикон ва узбекон тарафдорони худро пайдо намуд. Лекин, мутаассифона, кисми зиёди пайравони Бедил асосан услуби мураккаби бадеии уро дар шакл таклид карда, ба мазмунхои фалсафи, сиёси ва ичтимоии мероси адабии вай ахамият надодаанд. Шояд ба сабаби акиб мондани хаёти мадании Бухоро ва дар ин махал хеле кувват гирифтани таъсири таассуби дини бошад, ки аксаран чихатхои тасаввуфии шеърхои Бедил диккати пайравони уро ба худ кашидаанд. Ин холатро хам дар байни шоирони точикзабони дарбори Умархон (дар Хуканд) ва хам дар эчодиёти дигар шоироне, ки дар Бухоро, Самарканд, Хучанд ва соири шахрхо нашъунамо ёфтаанд, метавон мушохида кард [17].

Бо вучуди ин, чараёни бедилизм гайр аз мукаллидони кухнапараст намояндагони пешкадами худро низ сохиб буд. Дар байни пайравони Бедил одамоне хам буданд, ки баъдхо, дар асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ эчодиёти худро то андозае ба хаёти ичтимоии халк наздиктар намуда, гояхои нисбат ба он замон мутараккиро таблиг мекарданд. Накибхони Туграл, Асирии Хучанди ва Чавхарии Истаравшани аз зумраи чунин шоирон махсуб меёфтанд.

Умуман, равияи демократи ба назми ин давра низ рох пайдо менамуд. Чунончи, Мирзо Мухаммадсодики Мунши, ки дар эчодиёти у охангхои озодфикри ва танкиди зулму истибдоди хукмронон эхсос мешавад, намояндаи хамин равия мебошад. Тамоюли танкиди сохти мавчударо дар эчодиёти баъзе шоирони дигари Бухорои аз кабили Ирсии хисори, Хичлати Бухорои, Рахими Самарканди ва гайра низ метавон мушохида намуд. Дар доираи адабии Хуканд мисли Гулхани, Мучрим, Кошиф, Маъдан, хозик ва Махмур шоироне буданд, ки бо мароми эчодиашон аз дигар муосирони худ тафовут доштанд. Шоира Дилшод, ки монанди бисёр адибони он замон асархояшро ба ду забон – точики ва узбеки офаридааст, нисбат ба чабру ситам ва бедодгарихои хокимони феодали ва мулозимони онхо хисси нафрат ва эътироз баён менамояд.

Дар ин давра асархои оид ба таърих асосан шакли вокеанигориро ба худ гирифта буданд. Лекин дар хар сурат як идда сарчашмахои таърихи хам ба вучуд омаданд, ки дар масъалаи омухтани хаёти асрхои ХVIII–ХIХ арзиши зиёде доранд. Яке аз ин гуна сарчашмахо асари Мухаммадвафои Карминаги «Тухфаи хони» ё худ «Таърихи Рахимхони» аст. Ин китоб вокеахои дар байни солхои 1721–1767 руйдодаро дар бар мегирад. Дигар аз асархои мухими ин давра китоби Мухаммад Яъкуб «Гулшану-л-мулук» мебошад, ки дар солхои сивуми асри ХIХ навишта шуда, замони хукмронии мангитхоро то ахди амир Насрулло тавсиф медихад. Таърихи хонхои Хуканд дар «Мунтахабу-т-таворих» ном асари Мухаммад хакимхон, ки вокеахои аз замони хукмронии Норбута (такрибан с. 1770) то айёми салтанати Мухаммадалихонро накл менамояд, шарху баён ёфтааст. Асари Мулло Аттор «Чахоннамо», ки соли 1810 таълиф ёфта буд, асосан ба муносибати байни аморати Бухоро ва давлати хонии Хуканд бахшида шудааст. Илова бар ин, доир ба таърихи давлати хонии Хуканд асархои дигар, аз кабили «Таърихи Шохрухи»-и Мулло Ниёз Мухаммад ва «Таърихи мухочирон»-и Дилшод низ таълиф ёфтаанд. Доир ба таърихи аморати Бухоро гайр аз асари Ахмад Махдуми Дониш «Таърихчаи Бухоро» хамчунин таърихи Мулло хамули (охири асри ХVIII нимаи аввали асри ХIХ) кобили кайд мебошад.

[1] Бехтарин шархи ичмолии саёхат ва экспедитсияхои русхо ба Осиёи Миёна дар солхои 1715–1886 таълифоти зерин аст: Жуковский С.В., 1915; Маслова О.В., 1955, 1956, 1962, 1971.

[2] Мушкетов И.В., 1915, с. 126. Барои тафсили муваффаrиятхои наrшабардории Осиёи Миёна –ниг.: Федчина В.Н., 1967, е. 78–103.

[3] Бартольд В.В., 1977, с. 430.

[4] {ануз асари мукаммале, ки сахми дар тахrиrи Осиёи Миёна гузоштаи илми русро дар нимаи аввал ва миёнахои асри ХIХ бо чузъиёташ нишон медода бошад, ба вучуд наомадааст: Баёни мухтасараи нисбатан боэътибор – Бартольд В.В., 1925; Крачковский И.Ю., 1958.

[5] Мо дар боло рочеъ ба кушишхои амирони Афuонистон барои истило намудани заминхои сохили чапи дарёи Аму, ки пештар ба давлатхои Осиёи Миёна тааллуr доштанд, сухан ронда будем. Амалиёти чиддии ишuолгарии феодалони афuон дар солхои 50-уми асри ХIХ, пас аз он ки мулкхои вилояти Балх ба сифати музофоти Туркистони Афuон ба хайъати давлати Афuонистон хамрох карда шуданд, шуруъ гардид. Бо вучуди муrовимати далеронаи точикон ва узбекон хукумати Афuонистон аз он сабаб ба ин истило муваффаr шуд, ки дар ин чо парокандагии феодали хукмфармо буд, хокимони махалли бо хам хусумат варзида, чангу пархош мекарданд, аморати Бухоро, ки ин мулкхо пештар тобеи он буданд, худ дар натичаи низоъхои феодали заиф гардида, ба ин мулкхо кумаки чиддии харби расонида наметавонист.

[6] Брагинский И.С., Рачабов С.А., Ромодин В.А., 1953, с. 23–26.

[7] Брагинский И.С., 1955, с. 434.

[8] Ин бар хилофи аrидаи баъзе муаллифон (масалан, ниг.: Неъматов Н.Н., 1959, с. 71–73) ба калонтарин шахрхои Осиёи Миёна, мисли Бухоро низ комилан тааллуr дорад.

[9] Маркс К. и Энгельс Ф. Соч., т. 21, с. 407.

[10] Ленин В.И. Асархо, ч. 1, с. 163–164.

[11] Маркс К. и Энгельс Ф. Соч., т. 21, с. 409.

[12] Пугаченкова Г.А., Ремпель Л.И., 1965, с. 376.

[13] Федченко А. П., 1875, с. 44.

[14] Писарчик А. К., 1975, с. 140.

[15] Дар асархои чамъбасткунандаи Пугаченкова Г.А., Ремпель Л.И., 1958– 1965; Ремпель Л.И., 1961, Сухарева О.А., 1958; 1962; 1966; инчунин дар таълифоти дигар этног­рафхо мадракхои хеле мухим ва чолиби диrrат оварда шудаанд. Дар ин бобат дигар асархои тадrиrотии махсус низ мавчуданд, аз чумла: Денике Б.П., 1928, Лавров В.А., 1964 Ремпель Л.И., 1936; 1937; 1960; 1969; Писарчик А.К., 1937; 1954; 1956; 1970; Андреев М.С., Писарчик А.К., 1958, Полупанов С., 1937, Кисляков Н.А., 1939; Uуломов Я.U., 1941, Бачинский Н.М., 1947; Веймарн В.В., 1948, Воронина В. Л., 1949; 1951 а; 1951 б; 1953; 1956; 1959 а; Бретаницкий Л.С., 1950; Абдурасулов Р.Р., 1960; Ноткин И.И., 1961; Зохидов П.Ш., 1965; 1969; Мухторов А., 1965; Рузиев М., 1967 ва u. Мо имкон надорем дар сари натичахои ин тадrиrотхо rадре бошад хам, муфассалтар таваrrуф намоем.

[16] Дар мактабхои точикии аморати Бухоро хондани асархои шоири бузурги узбек Навои расм гардида буд, ки дар бобати ба забони хамдигар ошнои пайдо кардани ду халrи бародар – точикону узбекон ахамияти калоне дошт.

[17] Айни С., 1954; Айни Х.С., 1956; Бедил, 1955.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

1541994124_286194w540zc0

Амалиётхои чанги дар соли 1915

Ситоди куввахои мусаллахи Германия накшаи амалиёти харбиро барои соли 1915 кор карда баромад. Мувофики он …