Главная / Биология / Таъсири омилхои табиат ба чамоаи наботот

Таъсири омилхои табиат ба чамоаи наботот

Барои сабзиш ва инкишофи растанихои чамоаи наботот шароитхои муайян лозиманд. Онхо хусусан, ба таъсири омилхои мухталифи табиат (рушнои, нами, харорат, мавчудияти намакхои маъдани, гизои) зич вобастаги доранд.

Таъсири рушнои ба рушду инкишофи чамоаи наботот. Дар хаёти растанихо рушнои яке аз омилхои мухиму асоси ба хисоб меравад. Фаъолияти хаётии растанихои сабз ба шиддату микдори кифоякунандаи рушнои вобастагии калон дорад. Рушнои ба намуди зохирии растани таъсир мерасонад. Дар шароити норасогии рушнои растани ранги сабзашро гум карда, ранги сафеду зардро ба худ мегирад ва ё баргчахои хурд пайдо мекунад.

flora-tja

Масалан, санавбаре, ки дар чои кушод руидааст аз санавбаре, ки дар чангал рувдааст зохиран фарк мекунад. Агар санавбари дар чангал сабзида пояи (танаи) рости силиндри (сутунмонанд) пайдо карда, факат дар кисми ба нугаш наздик шохаву навда дошта бошад, санавбари дар чои кушод сабзида, баръакс, кисми зиёди танааш бо шохаву навдахои сабз фаро гирифта шудаанд.

На хамаи растанихо ба рушнои талаботи якхела доранд. Масалан. растанихои алафии дар зери чангалхои пахнбарг, ки дар шароити рушноии кам месабзанд (грушанка, сарахс, дастнарасон ва гайра), хангоми дарахтони табакаи болоии чангалро буридан, барги ин растанихо ба таъсири баланди нурхои сузони офтоб тоб наоварда, тадричан нобуд мешаванд. Бо мурури замон дар чои онхо растаиихои рушноидуст меруянд. Мисоли дигар, буимодарон, хома, саксавул, черкез, ки растанихои хоси дашту биёбон мебошанд, дар шароити рушноии баланди офтоб хеле хуб нашъунамо мекунанд. Хол он ки онхо дар шароити камрушнои нобуд мегарданд. Ин растанихои номбурдаро растанихои рушноидуст ё рушноипарвард меноманд. Растанихои грушанка, сарахс, дастнарасонро растанихои сояпарвард ё соядуст меноманд. Хамин тавр, растанихоро вобаста ба таъсири рушнои ба растанихои рушноидуст ва соядуст чудо мекунанд.

Таъсири харорат ба чамоаи наботот. Яке аз омилхои асосии муайянкунандаи пахншавии растанихо дар руи Замин гарми (харорат) ба хисоб меравад. Гарми аз самти хати экватор ба кутбхо (Шимоли ва Чануби) кам мешавад. Гарми (харорати мусбат) ба равандхои хаётан мухими растанихо (фотосинтез, нафаскаши, оббухоркуни ва гайрахо) ва сабзишу инкишофи онхо таъсир мерасонад. Бо таъсири гарми растанихо шакли гуногунро мегиранд.

Хангоми аз чануб (хати экватор) ба шимол харакат кардан дар хар як градуси чугрофи харорати миёнаи солона то 0,5°С паст мефурояд. Дар вакти ба кух боло баромадан дар хар 100 м харорат то 0,56°С паст мешавад.

Тагйироти худудии (акалу аксари) харорати мавчудияти (ба сабзиш мувофики) наботот хеле зиёд аст. То ба дарачаи 0°С паст шудани харорат барои аксари растанихо марговар нест. Зеро дар муддати инкишофи тулонии таърихии растанихо дар баъзе гуруххои онхо мутобикшавихои махсус пайдо шудааст, ки барои аз харорати пасти марговар начот ёфтанашон кумак мерасонад.

Таъсири харорати паст дар баъзе мавридхо боиси ташаккулёбии гуногуншаклии намуди зохирии растанихо (хобандаги дар растанихои дарахтию буттаги, болиштакшакли дар баъзе растанихои алафи) мегардад. Масалан, арчаи туркистони дар доманакуххои Точикистон шакли дарахти дошта, дар баландкуххо шакли хобандагиро ба худ гирифтааст.

Растанихо инчунин бо рохи пайдо кардани пуки гафс, хорич кардани моддахои зифти ва бо пулакчахо пушонида шудани мугчахояшон ва кутохкади худро аз шароити номусоиду номувофики мухит начот медиханд. Чунин шаклхои мутобикшавиро дар растанихои мамлакатхои гарм ва хунук дидан мумкин аст.

Баъзе растанихои гулдор кобилияти дар харорати паст сабзиданро доранд. Инхо растанихои мавзеъхои баландкух, кутби ва растанихои аввали бахор нашъунамокунанда мебошанд. Аксари онхо, аллакай дар зери барф ба сабзиш шуруъ мекунанд, аз ин сабаб онхоро растанихои зерибарфи низ меноманд. Давраи инкишофи ин растанихо кутох аст. То саршавии гарми ва хушкшавии хаво баргу пояи онхо хушк гардида, то бахори дигар дар зери хок факат лунда, пиёзак ва ё решапояи онхо нигох дошта мешавад. Бинобар он, чунин растанихои бисёрсолаи давраи сабзишу инкишофашон нихоят кутохро эфемероидхои бахори меноманд. Ба чунин эфемероидхои бахори бодгул, хавоборонак, хамаи намудхои пиёзи коз, лолаи кухи, бойчечак, гули заъфарон ва дигархо мисол шуда метавонанд.

Таъсири иами ба чамоаи наботот. Об барои растанихо нихоят зарур аст. Вай яке аз омилхои асоси ва муайянкунандаи фаъолияти хаётии растанихо мебошад. Об ба таркиби ситоплазма ва шираи хучайраи хар як организми зинда ва алалхусус растанихо дохил мешавад. Бе мавчудияти об дар растанихо моддахои гизои харакат карда наметавонанд, раванди фотосинтез ва дигар равандхои барои организми растани мухим гузашта наметавонанд. Ба туфайли оббухоркуни, растани худро аз таъсири нурхои тафсони офтоб мухофизат мекунад. Чисми растани аз 50 то 98 % об дорад. Ва хамаи равандхои физиологи бо иштироки об мегузаранд. Хамин тавр, об (намноки) яке аз омилхои мухими табии буда, ба сабзишу инкишоф ва пахншавии растанихо дар руи Замин мусоидат мекунад.

Таъсири моддахои маъдани ба растанихо. Чи тавре ки маълум аст, дар хокхои гуногунхел растанихои гуногун вомехуранд. Ин холат ба хусусияти гизогири ва эхтиёчу талаботи растанихо нисбат ба намакхои маъдании гуногун зич вобастаги дорад.

Растани аз хок моддахои хархелаи маъданиро чаббида мегирад. Вай бештар ба нитроген, фосфор, калий ва ба микдори ками бор, манган, охан эхтиёч дорад.

Таъсири организмхои зинда ба чамоаи наботот. Ба рушду нумуи чамоаи наботот на танхо омилхои табиати гайризинда (рушнои, об, харорат, моддахои маъдани), инчунин организмхои зиндаи хамшафаташон низ таъсир мерасонанд. Микроорганизмхо, хайвонот, инсон ва наботот бо хам алокамандона фаъолият дошта, ба хамдигар таъсир мерасонанд.

Бо иштироку фаъолияти хаётии микроорганизмхо дар хок равандхои мураккаби биохимияви гузашта, моддахои органики ба гайриорганики табдил дода мешаванд.

Дар табиат алокаи мустахкам байни растанихои дарачаи оли ва паст, симбиоз байни растанихои лубиёй ва бактерияхо ё симбиози обсабзу занбуругхо дар гулсанг мушохида карда мешавад. Ба сабзиш ва инкишофи растанихо, инчунин касалихои занбуруги (занбуруги занг, сиёхак, сиёхмуг ва гайрахо) таъсир мерасонанд. Хусусан, баъзе хашаротхо (малах, гамбусаки Колорадо) ба растанихо зарари калон мерасонанд.

Муддати дуру дароз чаррондани чорво низ боиси тагйирёбии таркибу микдори намудхо дар маргзору даштхо мегардад.

Бисёр хашаротхо гардолудкунандаи гули растанихои пушидатухм буда, баъзеашон дар пахн шудани тухми растанихо (мурчахо) кумак мерасонанд.

Дар навбати худ худи растанихо низ ба хамдигар таъсир мерасонанд. Решаи баъзе намуди растанихо аз худашон моддахое хорич мекунанд, ки ба фаъолияти растанихои дигар таъсири мусби ё манфи мерасонанд.

Растанихои баландкад ба растанихои чавону хурдчусса сояги мекунанд. Гурухи дигари растанихо (лиф, ток, каду, лубиё ва дигархо) растанихои дигари ростсабзандаро ба сифати такягох истифода мебаранд. Микроорганизмхо бокимондаи растанихои бахокафтидаро пусонда, таркиби хокро аз моддахои гизоию маъдани бой гардонда, ба сабзишу инкишофи хуби растанихо мусоидат мекунанд.

Таъсири фаъолияти инсон ба чамоаи наботот. Таъсири инсон ба олами наботот аз замонхои кадим,  аз вакти пайдоишаш огоз шуда, то айни замон давом дорад. Инсон ботлокхоро хушконида, заминхои беобро обёри мекунад. Вай навъхои бехтарину серхосили ба касалихо табоварро ба вучуд оварда, барои парвариши онхо шароитхои мувофик фарохам меоварад. Инсон ба мукобили алафхои бегона мубориза бурда, ба пахншавии раста нихои фоиданок мусоидат мекунад. Лекин фаъолияти гуногунчабхаи инсон метавонад ба табиат зарар оварда, окибатхои ногувор дошта бошад. Чунончи, обёрии нодуруст ба ботлокшави ва болобароии намакнокии хок оварда мерасонад. Ин холат боиси нобудшавии раётанихои фоиданоки кишоварзи мегардад. Аз буридани чангал кабати хосилхези хок зарар мебинад. Ин холат ба биёбоншави оварда мерасонад. Хамин тавр, инсон дар натичаи фаъолияти худ ба олами наботот ва умуман ба табиат таъсири калон мерасонад.

  1. Барои мавчудияти чамоаи табиии наботот кадом омилхо заруранд?
  2. Барои хаёти чамоаи наботот рушнои, об ва гарми чи ахамият доранд?
  3. Чанд фоизи чисми растанихоро об ташкил медихад?
  4. Микроорганизмхо ва хайвонот ба хаёти чамоаи наботот чи гуна таъсир мерасонанд?
  5. Таъсири байнихамдигарии худи растанихо дар чи зохир мешавад?
  1. Инсон ба табиат ва чамоаи наботот чи гуна таъсир мерасонад?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …