Главная / Чамъият / Таъини мачлиси суди мархилаи кассатсиони

Таъини мачлиси суди мархилаи кассатсиони

Моддаи 165-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Таъини мачлиси суди мархилаи кассатсиони 

  1. Хангоми бо шикоят ё эътирози кассатсиони ворид шудани парванда раиси суди мархилаи кассатсиони ё муовини у оид ба парванда хайати коллегияи кассатсиони ва судяи маърузакунандаро таъин намуда, раисикунанда вакт ва махали баррасии парвандаро муайян мекунад.
  2. Дар бораи вакт ва махали баррасии парванда дар мачлиси суди мархилаи кассатсиони тарафхо бояд огох карда шаванд. Масъалаи даъвати шахси ба чавобгарии маъмури кашидашудае, ки тахти хабси маъмури карор дорад, аз чониби суд хал карда мешавад. Шахси ба чавобгарии маъмури кашидашудае, ки тахти хабси маъмури  карор дошта, хохиши иштирок кардан дар баррасии шикояташ ё эътирози хилофи манфиати у овардаи прокурор кардааст, бояд ба мачлиси суди мархилаи кассатсиони оварда шавад.
  3. Хозир нашудани шахсоне, ки дар бораи вакт ва махали баргузории мачлиси суди мархилаи кассатсиони саривакт огох гардидаанд, барои баррасии парванда монеа шуда наметавонад.
  4. Шахсоне, ки мутобики моддахои 26-30 ва 36  Кодекси мазкур ба онхо хукуки шикоят кардан ва эътироз овардан дода шудааст, инчунин химоятгари шахси ба чавобгарии маъмури кашидашуда ё намояндаи чабрдида, ки пас аз баровардани карор ё таъинот  супориши онхоро кабул кардаанд, дар хама холатхо ба мачлиси суди мархилаи кассатсиони рох дода мешаванд. Бо хохиши онхо барои асоснок кардани шикоят ё эътироз ё эрод гирифтан ба онхо сухан дода мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …