Главная / Ҷамъият / Таъини маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ

Таъини маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ

Моддаи 165-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Таъини маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ 

  1. Ҳангоми бо шикоят ё эътирози кассатсионӣ ворид шудани парванда раиси суди марҳилаи кассатсионӣ ё муовини ӯ оид ба парванда ҳайати коллегияи кассатсионӣ ва судяи маърӯзакунандаро таъин намуда, раисикунанда вақт ва маҳали баррасии парвандаро муайян мекунад.
  2. Дар бораи вақт ва маҳали баррасии парванда дар маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ тарафҳо бояд огоҳ карда шаванд. Масъалаи даъвати шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашудае, ки таҳти ҳабси маъмурӣ қарор дорад, аз ҷониби суд ҳал карда мешавад. Шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашудае, ки таҳти ҳабси маъмурӣ  қарор дошта, хоҳиши иштирок кардан дар баррасии шикояташ ё эътирози хилофи манфиати ӯ овардаи прокурор кардааст, бояд ба маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ оварда шавад.
  3. Ҳозир нашудани шахсоне, ки дар бораи вақт ва маҳали баргузории маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ саривақт огоҳ гардидаанд, барои баррасии парванда монеа шуда наметавонад.
  4. Шахсоне, ки мутобиқи моддаҳои 26-30 ва 36  Кодекси мазкур ба онҳо ҳуқуқи шикоят кардан ва эътироз овардан дода шудааст, инчунин ҳимоятгари шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашуда ё намояндаи ҷабрдида, ки пас аз баровардани қарор ё таъинот  супориши онҳоро қабул кардаанд, дар ҳама ҳолатҳо ба маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ роҳ дода мешаванд. Бо хоҳиши онҳо барои асоснок кардани шикоят ё эътироз ё эрод гирифтан ба онҳо сухан дода мешавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …