Главная / Гуногун / ТУЛУЪИ НАВ (Очерк)

ТУЛУЪИ НАВ (Очерк)

НИШОНАХО

Азнавсози! Ин калима ба хаёти мо тез дохил гардида, як чунбиши нусратбахшу рухафзоеро ба вучуд овард. Дар хама чо саъю кушиши азнавсози дарк мешавад, насими тозаву рухафзо сайр мекунад. Зиндаги чило ва тобишхои рангин гирифта, нафаси гарми хаёт эхсос мешавад. Ёд меояд, Михаил Сергеевич Горбачёв намоишгохро дар Владивосток тамошо намуда, муфассал аз кори сохтмони манзил мепурсид. Корхо бад: 48 хазор оила дар навбати хона истодаанд, илова бар ин аз се як кисмашон зиёда аз 10 сол.

– Чаро ин хол руй дод? – ба раиси комичроияи шахр ин савол дода шуд.

– Танхо аз руи вичдон чавоб дех, – огох кард уро котиби якуми комитети партиявии кишвар.

5-1– Албатта, аз руи вичдон, набошад боз чи хел! – бо хайрат нигох кард М. С. Горбачёв. – Агар хила кунед, сухбати мо лозим нест.

Аз руи вичдон! Ин талабот тамоми вохурихои Шарки Дурро дар бар мегирифт. Ва одамон хакикатро мегуфтанд. Сафедро сафеду, сиёхро сиёх. Бедипломатия мегуфтанд, гоххо сахт ва  хатто бо кахр. Одамон аз бетартибию бенизоми сухан мекарданд. Аз пушт бошад, ба гуш мерасид: «Дахшат! Онхо чи мегуянд! Наход дар мо ягон муваффакият набошад!».

Хандаовар? Не, гамангез! Одамон намехоханд ба таври кухна кадам гузоранд. Онхо акнун хушёрона, бошуурона, бо масъулияти том, бо тарзу усули нав кор карданро меомузанд. Куввату кобилияташонро бо камоли гайрат бахри гул гулшукуфии Ватан сарф кардан мехоханд.

Комёбихоро бо назари танкид чен карда, сахву хато ва камбудихоро ошкор сохта, захираву имкониятхоро чуста меёбанд.

Оре, талаби партия, давру замон хамин аст: ба кору бори худ бо назари нав, бо назари танкид нигарем, аз тарзу усулхои кухнаву забонзада катъиян даст кашем, вазифахои захматталаб, басе масъул, вале дар айни хол пуршарафу боифтихорамонро софдилона, аз тахи дил, бо шавку завк, рагбати зиёд, принципиали ва серталаби ба худ, ба дигарон ба чо оварем.

Амри дил ва маслихати маълум «сафар кардан – чахон дидан» моро ба Иттиходияи истехсолии матоъхои пахтагини Душанбе  овард. Дар пойтахт аз ин хочаги дида калонтар корхонае нест. Коллективи нуххазорнафараи ин корхонаи азим дар хамаи чор фабрикаи асосии худ бо мехнати бунёдкорона садокат ва кахрамонихо зохир мекунанд.

Онхо аз он фахр мекунанд, ки дах фоизи махсулоти шахрро истехсол менамоянд. Имруз иттиходия пирохани худро иваз кардааст.

Кариб понздах сол мешавад бо ин корхона шиносам. Вокифам, ки ин солхо барои иттиходия давраи мухим, давраи ташаккулёби гардиданд. Ба чои фабрикаи кухна корпусхои нави хозиразамон сохта шуданд, дастгоху автоматхои камиктидорро тачхизоти пурмахсултарин иваз намуданд.

Давраи ташаккулёби… Аён аст, ки корхона на факат аз чихати техники ташаккул ёфтааст. Дар ин солхо хамчунин коргари имрузаи баландихтисос, инженери мустакил, ташаббускор, рохбари кордону дилсуз, хуллас, одамони нав ба камол расид. Ин, чунон ки дар Пленуми июнии (соли 1983) КМ КПСС кайд  карда шуд, «орзую армони дур не, балки вокеияти рузхои мост…». Агар си сол мукаддам ба Розия Курбонова мегуфтанд, ки вакташ меояду у дастгоххои мураккабтаринро идора карда, дар халли масълахои давлати ширкат меварзад, китф дархам мекашид.

Аммо Розия Курбонова имруз одами намоён, Кахрамони Мехнати Социалисти, чонишини директори генерали оид ба корхои тарбияви. Ин хама аз хунараш.

Хамрохи Розия Курбонова кадам мезанам. У хомуш аст. Ки медонад, ки холо дар дили у чи фикру андешахо тугён доштанд. Вале дар нигохи у як чахон мехру мухаббатро нисбат ба ин коргох дидан мумкин буд. Суханони як вакт гуфтаи у ба ёдам омад: «Солхои бехтарин ва ачоибтарини хаётам сарфи хамин корхона шуд. Ва аз ин шоду мамнунам. Иттиходия дар магз андар магзи дилу чонам чой гирифтааст».

– Нагз, бисёр нагз, шуд, – мегуфт Розия Курбонова, – ки дар анчумани XXVII коммунистони мамлакат аз нуксу иллатхои мавчуда, аз магалу хаёхуй, аз изофанависихо, аз рапортхои безаминиву «Урра»-гуихои мутантан бепарда, руирост сухан рафт.

Медидам ва мушохида мекардам, ки рухияи хам коргару хам рохбар болида, дасту дилхо ба кору зиндаги, гарм, фикру акидахо як:

– Аз ваъда ба вафо, аз гап ба амал!

Ахлию тифокии коргаронро дида, мисраъхои шоири бузурги замон, фарзанди арчманди халки точик Мирзо Турсунзода ба ёд омад:

              Мардуми халкхои гуногун,

              Писару духтарони як Ватанем,

              Нури як субху як таронаи дил,

              Гулу гулдастахои як чаманем.

Мехнати фаъолонаи одамон симои зохирии фабрикахоро хам тагир додааст: дар он рухияи кордони ва ташаббускори мушохида мешавад. Дар бинохои маъмури, маиши ва атрофи он, воситахои аёни, ки аз чушу хуруши мусобикаи социалисти шаходат медиханд, хеле окилона чо ба чо карда шудаанд. Дар як хонаи фабрикаи дуюм, ки онро Хонаи ленини номидаанд, ухдадорихои социалистии коллектив, шартхои мусобикаи мехнати, лавхаи мусобика овехта шудааст. Лавхаи «Ки пешсаф?» хар руз аз натичахои хубтарини коргарони хаммусобика ахборот медихад. Натичахои хафтаина ба таври комплекси чамъбаст ва мухокима карда мешаванд. Дар як гушаи ин хона ба мачаллаву рузномахо ва телевизор чой додаанд. Дар китоби кайди чорабинихои ташвикоти ва таргиботи ба номгуи бисёре дучор мешавем. Хамаи ин шохиди саъю кушиши фаъолони фабрика барои аз кору бор ва рафти мусобика, вазифахои сиёси, иктисоди ва ходисаю вокеахои замон огохонидани коргарон мебошад.

Дар хонаи дигари бархаво ва тозаву озода катхои нарм мондаанд. Дар ин хона коргарон баъди кор истирохат мекунанд. Вакте ки ба пайрохаи калон баромадем, Розия Курбонова ба ман ру оварда, пурсид:

– Хеч чиз пай бурди?

– Ха, агитацияи айёни хам пирохани нав ба бар кардааст.

– Маъкул? – пурсид бо табассум.

– Албатта, айёният оинаест. Одам дар оина шаклу шамоилашро хуб мебинад.

– Лекин ин холо аз нуги хамир фатир. Ин корро мо баъзан гайри конкретона, бегайратона ба чо меорем. Ба бисёр шиору плакатхо назар афканда дар тааччуб мемонам, ки он ба чи даъват мекунад?

«Эхтиёт мекунем». «Бартараф месозем». «Ичро менамоем». Чунин айёният кор намеояд.

Ман дар омади гап аз Розия Курбонова пурсидам, ки оё арзон шудани як катор молхоро оилаи онхо хис карданд ё не?

– Набошад чи, – чавоб дод у. – Мана дируз барои набераам форма харидам. Он 19 суму 50 тин меистод, акнун 15 сум. Чор суму панчох тин сарфа шуд. Ба ин пул барои наберахо шарбат, мева харидан мумкин.

– Ба киммат шудани нушокихои алкоголи чи бахо медихед?

– Карори дуруст. Арак ба одам танхо бади меораду халос. Бигузор бисёртар китоб, асбобхои мусики ва спорти бароранд, – гуфт у ва бо кахр илова кард:

– Бигузор ному нишони арак нест шавад!

  1. ТАЪРИХИ ЗИНДА

Розия Курбонова маро ба музеи иттиходия бурд, ки хикоят аз дирузу имрузи корхона мекунад. Ба ёд омад, ки нахустин корхонаи Душанбе комбинати хунармандие буд, ки соли 1926 ташкил карда шуда буд ва он 14 нафар косибонро муттахид мекард. 14 нафар-а!

Хандаовар. Бале. Лекин ин соли 1926 буд. Холо чи? Ба ибораи халк «Фарк аз замин то осмон».

Ана сухан ба ракамхо: дар бадали 60 сол махсулоти саноати 900 баробар афзудааст. Холо саноати Точикистон дар як шабонаруз нисбат ба оне ки дар тамоми соли 1926 истехсол карда шуда буд, 21 баробар зиёд махсулот мебарорад. Кишваре, ки пеш хатто мехро аз берун меовард, имруз худ ба 45  давлати хоричи махсулоти саноати мефиристад. Магар ин фарк аз замин то осмон нест? Бале, аз замин то осмон!

Музей – таърихи зиндаи иттиходия яке аз чойхои азизу дустдоштаи коргарон ба хисоб меравад. Дар ин чо тез-тез бофандагону ресандагон, ветеранхои партия ва чангу мехнат, машъалони истехсолот чамъ шуда вохурихои шавковару фаромушнашаванда мегузаронанд. Коргарони чавон пеш аз ба кор кабул шудан музейро зиёрат мекунанд. Экспонатхои зиёд онхоро бо таърихи бою мехнати диловаронаю кахрамононаи яке аз калонтарин корхонахои саноати сабуки республика шинос мекунанд.

Гуё дирузакак буду аллакай кариб ним аср гузаштааст. Соли 1937 дар пойтахти республикаи чавонамон сохтмони комбинати бофандаги огоз ёфт. Ин хабарро мехнаткашони шахр хусусан косибон бо хушнуди пешвоз гирифтанд. Охо орзу мекарданд, ки ин корхона тезтар сохта шаваду дар он кор кунанд. Вале он солхо бино кардани чунин иншооти бузург хеле мушкил буд. Масолех намерасид. Илова бар ин, мутахассисон нихоят кам буданд. Бо вучуди ин  10 сентябри соли 1938 санги аввалини пойдевори комбинат бо тантана гузошта шуд. Сар шудани Чанги Бузурги Ватани ба рафти сохтмон халал расонд. Вале сохтмончиён монда нашуда зарбдорона мехнат мекарданд. Нихоят 23 феврали соли 1942 комбинат ба кор сар кард. Комбинат он вакт хамаги як сехи бофандаги дошту халос. Хамон шабу руз дар комбинат 70 дастгохи бофандаги кор мекард. Хачми солонаи истехсолот 639 хазор метр матоъро ташкил медод. Холо бошад, хачми истехсолот 196 баробар афзуда, 300 хазор дуки ресандаги, 6 хаор дастгохи бофандаги ва 24 хазор дукхои пилтареси дошта, ба маблаги бештар аз 265-миллион сум махсулот истехсол менамояд. Ба кор даромадани комбинати бофандаги дар хаёти республикаи чавон на танхо чихати иктисоди, балки аз чихати ичтимои низ ахамияти калон дошт.

Халки точик кайхо пахта парвариш мекарду акнун бори аввал дар ватани худ ба истехсоли матоъхои пахтагин шуруъ намуд. Талаботи зиёди ахоли бо матоъхои пахтагин конеъ гардонда шуд. Аз хама мухимаш корхонаи нав ба манбаи кадрхо, аз он чумла, занони махалли табдил ёфт.

Ба хамин максад мактаби ФЗУ кушода шуд.

Дар байни аввалин талабагони ФЗУ Мария  Сарычева, Людмила Перова-Шатехина, Саида Ахмадова ва дигарон буданд. Зимни сухбат Саидахола Ахмадова чунин гуфт: «Вакте ки мактаби ФЗУ-ро хатм карда ба комбинат омадам, А. И. Цейтлин нидо кард:

– Ана, парастуи нахустин парида омад!

Ман аввал нафахмидам: парасту ин чо чи дахл дорад? У бошад фахмонд, ки охир ту якумин зани махалли дар истехсолот хасти! Баъд гуфт, ки хеч гап не чанде мегузараду бисёр занони махалли ба кор меоянд. Хамин комбинат моро ба воя расонд. Соли 1949 усто таъин шудам. 12 сол котиби ташкилоти партияви будам. Ду бор Депутати Совети Олии СССР интихоб гардидам.

Аз чунин кадрдони гуё болу пар мебаровардаму парвоз кардан мехостам. Абулкосим Лохути шеъре дорад, ки ба ман хеле маъкул аст. Дар он сатре чунин иншо шудааст: «Хечро хар чиз карди, зинда бош, эй Инкилоб!». Гуё ин шеър дар бораи мо гуфта шуда бошад, зеро махз революсияи Октябр буд, ки канизхои бехукуки дирузаро сохибони макоми баландтарин гардонд».

Бо мурури солхо базаи моддию техникии корхона низ мустахкам мешуд, коллективи ахлу тифок ташаккул меёфт. Соли 1951 навбати якуми комбинат пурра ба кор даромад. Соли 1961 бошад навбати дуюм, ки аз сеххои равшану бархаво иборат буд, ба истифода дода шуд. Шароити кори бофандагону ресандагон низ хеле бехтар гардид. Дар натича иктидори истехсолии комбинат се баробар афзуда, хосилнокии мехнат ба 12,2 фоиз, даромад 20 фоиз зиёд шуда, соле 12 миллион сумро ташкил дод. Соли 1966 бошад навбати сеюм ба кор даромада, хачми солонаи истехсолот ба 170 миллион сум расид…

Розия Курбонова риштаи хаёли маро буррида таъкид кард, ки музей барои кор хеле зарур аст. Зеро бехуда «Барои он ки ояндаро дурустар дарк намои, гузаштаро нагз донистан даркор» намегуянд. Ин суханони Курбонова шохиди фахмиш мохияти кори коллективи худ – чун кисми таркибии кори умумихалки буданд. «Бигзор хар як коргар фахмад, ки вай кору бори мамлакатро идора мекунад», – таълим медод дохии махбуб Владимир Илич Ленин. Ва суханони зерин аз маърузаи Сиёсии КМ КПСС ба съезди XXVII партия давоми мантикии ин фикри лениниянд: «Кас хучаини хакикии завод ва ё колхоз, сех ва ё фермаи худ нагашта, хучаини мамлакат шуда наметавонад».

Ба музей боз як гурух коргарони нав ба кор омада медароянд. Аввал онхо бо таърихи бою зиндаи корхона шинос мешаванд. Сипас Саида Ахмадова ба сухан мебарояд.

– Вакте ки ман ба кор омадам, – мегуфт у, – тачхизоти истехсолот асосан аз дастгоххои оддии ресандагии дасти иборат буд, ки ба зур яктояшро идора мекардам. Хангоми кор тамоми узвхои бадани инсон кор мекард. Бинобар чун рузи кори ба охир мерасид, чунон лакот мешудам, ки базур поямро кашида, ба хона меомадам. Модарам ахволи маро дида табассум карда мегуфт, ки ин хеч гап не, духтарам. Ахволи косибхои пештараро медиди, рахмат меомад. Худамон кирмак медоштем, пила мегирифтем, онро титу тоза карда мересидем, метофтем, мебофтем, рангу охар медодем, баъд бурда мефурухтем. Аз ин мехнати дилгиркунанда, аз бую тафти пиллапази косибон ба беморихои гуногун дучор мешуданд. Аз мехнати пиллакаши хам мехнати шохибофи боз мураккабтар буд. Чунин суруди халки шохиди холи табохи бофандагон мебошад:

Дилакам зардоб шуд аз чак-чаки бофандаги,

Чашмакам пуроб шуд аз риштахои кандаги.

Холо чи? Мебофеду халос. Сеххо бархаво, дастгоххо аз дастгоххои пештара дида хазорон бор бехтару пурсамартар…

Аввалин шарорахои мехри коргари дили коргарони ояндаро мунаввар месозад.

  1. РЕСАНДА – МАРД

Бо котиби бюрои партиявии фабрикаи сеюми ресандаги Лидия Василевна Кириченко мо бевосита дар сех мусохиб шудем. Вай кори дастгоххои навро аз назар мегузаронд.

Дар чори кардани техникаи нав ин фабрика чои фахриро ишгол мекунад. Дар як вакт хам ичро кардани планхои чории истехсолот ва иваз кардани мошинхои кухна бо нав ба гуфтан осон аст. Ин аз рохбарони фабрика ва бюрои партияви басо дакиккори ва чидду чахд металабад. Барои хамин Лидия Василевнаро хамеша дар сари кор, бари коргарон мебинанд. Оре, вай табиатан хамин хел аст. Ба хама як хел менигарад. Байни одамон тафрика намегузорад, аз хама як хел талаб мекунад. Охир сарвари коммунистон дигар хел шуданаш хам мумкин нест. Вакте ки сарвар ба хар кор бахои объективона медихаду ба одамон гамхори зохир менамояд, манфиати онхоро аз манфиати худаш боло мегузорад, махбуби хама мегардад, обрую эхтиромаш зиёд мешавад.

Вай дар ин чо мактаби хакикии коллективизм ташкил дод ва махз хамин омил боиси комёбихои калони фабрика гардиданд.

– Мархамат, хуш омадед, – гуён Лидия Василевна моро ба дидани фабрика даъват мекунад.

– Фабрикаи шумо? – пурсидем аз у.

– Бале… Хамаи барору нобарорихо, хурсандиву хафагии ман инчост. Хама чиз ин чо аён, дар кафи даст, хамеша пеши чашмонам, хатто ба хобам хам медарояд.

Баъзан чунин мешавад, ки бо як ду сухан одам ботини худро мекушояд, беихтиёр хислатхои фавкуллодаи хуби худро руи об мебарорад. Факат одаме, ки ба таври хаккони дилбохтаи касби худ аст, дар кор хам одати хуби оилавиро фаромуш накарда, касро бо «хуш омадед»-и урфи пазирои мекунад, худаш хам ба остонаи коргох бо хурсанди, бо шавку завки пурхаячон кадам мегузорад.

Бо хамрохии котиб «молу мулк»-и дар ихтиёри у бударо аз назар гузаронида, ба хулосае меоям, ки гуё холо сахифахои китоби тарчимаихолии коллективи мехнатиро варак зада истодаам. Ва хар як сахифаи он пур аз нишонахои озодии шахсист, ки пеш аз хама дар ташаббусу фаъолият возеху равшан зохир мегардад.

Ба кору бори бригадахои фабрика шинос шуда, амиктар мефахмам, ки чаро дар съезди XXVII КПСС бригадахои пешкадами ба хисоби хочаги гузашта, ячейкахои ибтидоии худидоракуни номида шуданд. Бригадаи ба пудрат ва хисоби хочаги гузашта имконият дорад принсипи адолати сосиалиро пурраву васеъ ба амал, барорад. Даромади коллективро худи коллектив мувофики иштироку сахми хар як коргар дар мехнати умум таксим мекунад. Ин, бешубха, боиси ривочу равнаки мусобика мегардад.

Тамара Верешагина, Серофима Кодирова пешсафони мусобикаанд. Аммо нишондихандахои Сайли Сафарова, Хосият Буриева низ руз ба руз афзуда, ба пешсафон наздик шуда истодаанд. Ракамхои имрузаи лавхаи мусобикаро бо ракамхои солхои гузашта мукоиса намуда, як чизи махсусро мушохида намудем. Таносуби куввахо дар фабрика ба дарачае тагйир ёфтааст, ки аксарияти коргарон ба акаллияти онхо ибрати мехнати зарбдор гардидаанд. Пештар ин тавр набуд. Он маррае, ки хадди пешкадамон буд, акнун ба хадди коллектив мубаддал гаштааст.

Дар ин фабрика ман чавонеро дидам, ки дасту остин барзада, чобуку чаккон чанд дастгохро идора мекард.

– Хайрон мешавед? – бо табассум гуфт Лидия Василевна. – Не, ин таъмиргар не, ресанда, коммунисти чавон Хикматулло Халимов. Чунон дакику хушру ва бо махорат кор мекунад, ки занон хасад мебаранд.

– Охо, у ягона нест-ку, – назар карда нигохам ба чавони дигаре афтид.

– Ха, дар бари у собик шогирдаш Хайрулло Шарифов кор мекунад, – фахмонд Кириченко.

Хикматулло бо харакатхои ба худ хос нукхои риштаи кандашударо ёфта сипас бо мухаббату самимияти бепоёне дасти шогирдашро дошта чи тавр бастани риштаро амали нишон медихад.

Албатта чавони навкор дар ин лахзахо худро гум мекунад. Ин табиист, зеро ибтидои хар кор душвор аст. Охиста-охиста харакати дастони шогирд кавитар мегардад. Дар лабони у табассум гул мекунад. «Хамаи ин кори душвор набудааст-ку, – табассумкунон мегуяд у, – мухимаш азму хохиш доштан будааст».

Лидия Василевна низ ба сухан хамрох мешавад: «Аз у ресандаи хуб мебарояд. Ба фикри ман кори у аз руи хавою хавас нест».

Хайрон шудам ки чи хел Хикматулло ин касбро интихоб кардааст.

– Мондахо! – гуфтам ба у. – Шуморо ба ин чо кадом шамол парронда овард?

– Шамоли нангу номус, – у табассум намуд. – О, бинед чи кадар чавонон дар кучахои шахр ду даст дар киса мегарданд. Ин чо бошад, коргар намерасад. Оё савдогари кори мардон аст? Кори хакикии мардона ана хамин чост!

Дах сол пеш Хикматулло ба иттиходия омад. То ин давра аз мардон кассе ресанда набуд: на дар иттиходия ва на дар республика.

– Ба ин, албатта ресандаи номи Албина Ивановна Демина сабабгор, – бо хушхоли ёд меорад Хикматулло. – Вай дилу нияти маро нагз фахмид.

Бале, устод фахмид, вале рохбарон шубха карданд: о вай мард аст, ресида метавониста бошад?

– Метавонад! – бо боварии комил гуфт Демина. – Мо вазифадорем, ки ба у дасти ёри дароз кунем. Аз мардхо низ ресандагон чун обу хаво зарур аст. Инро хаёт, замон такозо дорад. Охир, то кай аз кадр танкиси мекашем?

 – Ин дигар гап, – хамфикр гаштанд рохбарон. – Бигузор ба кор шуруъ намояд. Ёри аз мо.

Часорати Хикматулло ба бисёрихо маъкул набуд. Аз ин ру, тири гуногуни гап аз хар тараф суи у мепарид. «Ба мардак ки мондааст ресандагиро?». “Давидани гусола то кахдон-ку!».

Болои сухта намакоб гуфтаги барин рузхои авали кор дастгоххо гуё ба вай итоат кардан намехостанд. Харчанд харакат мекард забони онхоро намеёфт, гохо ришта канда мешуд, гохо галтакхо меафтиданд, гохо дастгох аз харакат мемонд. Лекин ба иродаи устодаш коил шуд. Алифбои касб меомухту таскин дода мегуфт: «Саг мечакаду корвон меравад».

Вакте Хикматулло карор дод, ки ба сафи партия дохил шавад, пеш аз хама бо падараш маслихат кард.

– Аз он ки карор доди коммунст шави, – гуфт падар, – хурсандам. Вале мехохам ба ту се маслихат бидихам. Маслихати аввалини ман ин аст, ки шаъну шарафи партиявии худро мисли гавхараки чашм мухофизат кун. Дуюм – софдилона мехнат карда, факат ба аклу зури бозувони худ такя намо, фирефтаи хама гуна сархушихои шубхаовар мабош. Сеюм ин ки сарвати халкро аз саломатии худ дида бештар эхтиёт кун, пеш аз он ки нон пора куни ин сарватро ба ёд ор.

Коммунист шуду ба хизмати Модар – Ватан  даъват шуд. Хизматро дар РСС Эстония ба чо  меовард. Боре хангоми машк шпулеро дид. Фикр кард, ки аз афташ дар ин чо фабрикаи бофандаги хаст. Баъдтар фахмид, ки дар хакикат фабрикаи бофандаги будааст ва бо ичозати командир ба экскурсия рафтанд. Хамин ки дастгоххои бофандагиро дид, комбинат пеши назараш омад, дилаш гум зад. Ин дам дар дастгохе ришта канда шуд. Ресанда онро бастани шуд, Хикматулло пешдасти кард: «Ичозат дихед?». Ресандазан вах гуфта хам натавонист ришта баста шуд. Хама уро печонда гирифтанд.

– Ресанда-ку нести? – пурсид яке.

Хикматуллоро чун шиноси дерин гусел карда гуфтанд:

– Пас аз адои хизмат ба фабрикаи мо биё. Бо чону дил кабул мекунем. Арус хам меёбем.

Хикматулло табассум карда:

– Маро дар Душанбе бехад интизоранд, – гуфт.

Дар хакикат хам уро интизор буданд, мактуб менавиштанд, аз кору бори бригада накл менамуданд.

– Касби ресандагиро дуст медорам, – мегуяд Хикматулло. – Холо ба чои 18 дастгох 32 дастгох идора мекунам.

Ана хамин тавр, ин чавони навкор, ки касби ресандагиро аз устоди забардаст омухта буд, устоди худро коил кард.

Лекин у аз кораш каноатманд нест.

– Охир хар руз мешунавам: «Ака, чит надори?». «Сатин кай мешавад?». Гумон мекунед, ки читу сатин намебарорем. Мебарорем. Каму гам хам не: соле 18 миллион метр читу сатин истехсол мекунем. Ба ягон кас гуй, бовар намекунад. 18 миллион-а! Лекин талабот гуфтани гап хаст. Талаботи халк. Яъне, мо талаботи мардумро конеъ намекунем. Корамон баробари талаби замон нест. Бинобар ин бо масъулияти том кор мекунем, ки читу сатини аълосифат ба даст ояду талаботи ахоли таъмин гардад.

Чи хуш аст шунидани ин суханхо. Вакте ки шахс масъулияти худро дар назди чамъият хис мекунад ва манфиаташро бо манфиати чамъият дар як мизон медонад, бархак у дар назди вичдони граждании худ пок мемонад. Покии хар фард бошад, чу чашмахои мусаффо чори шуда, дарё мешаваду ба покии чамъият боис мегардад.

– Суръатфизои ва азнавсози, – суханашро давом дод у, – меъёри талаботро зиёд кардааст. Имруз меъёри зиндаги – хушёри, меъёри  кор – сифат, меъёр – пешрави, меъёр – беамон фош кардани харомхурон, чизпарастон, меъёр – ошкорбаёни. Ва мо аз руи ин талабхо зиндаги ва мубориза мебарем. Вале баъзехоро рухияи маъюси, хисси нобовари ба реали будани ичрои вазифахои пешбиникардаи съезди XXVII КПСС фаро гирифтааст. Аз ин мебарояд, ки хануз на хама дар назди вичдони худ гузоштани ин масъала аз чихати психологи тайёранд. Зиёда аз ин чунин одамоне хам ёфт мешаванд, ки худро бошуурона дар канор гирифта, чунин акида доранд, ки гуё барои катъиян муайян намудани мавкеъ хануз фурсат нарасидааст.

– Хайронам, – гуфт яке аз хамин кабилхо. – Чи кадар шавку завк, чи эхсосоте дида мешаваду аз дигаргунсози хануз дарак нест. Бигузор аввал хама кор ба рох монда, шахсияти хар кас равшан карда шавад, пас он гох ягон кор мешудагист. Бехуда кувва сарф кардан чи лозим? Ана хамин тавр. Бигузор дигарон асаби худро сарф кардан гиранд, мо бошем асаби худро барои фардо эхтиёт намуда, мебинем, ки дар оянда корхо чи тавр сурат мегиранд.

Дуруст ягон кори калоне нест, ки баъзе одамон ба он шубха накарда бошанд. Ин гунна одамон пештар хам буданд, хозир хам хастанд. Чаро набошанд? Бинобар ин барои он, ки мохияти ин дигаргунсозихоро фахмида, ба имконияти хакикии онхо бовари хосил карда шавад, хам кувваи бузурги рухи ва хам гайрату тафаккури нав доштан лозим. Вале реалист бояд буд. Шуури рухияи одамон худ аз худ дигар намешавад. Бинобар агарчи «он кабилхо» хеле кам бошанд хам, тарзе вогузор кардан нашояд, ки «он кабилхо» умуман чой надошта бошанд. Охир инхо дар бари моянд. Онхо дар корхои харрузаи истехсоли, идеологи, ахлоки, оилавию маишии мо ширкат доранд. Бепарвоии чунин одамон ба худ, ба коре ки ичро мекунанд, имруз на кори шахси, балки зиёда аз он – проблемаи микёси давлати мебошад. Чунки фурсат пой: локайдона муносибат кардани онхо бо азнавсози хох-нохох ба атрофиён таъсир расонида, мухити чамъиятиро бо бациллаи бехаракатию карахти олуда месозад. Хамон вакт, ки дар байни мо одамони бепарво намонанд, ба шахси харомкор руирост гуянд, ки чурачон, ки корат  намешавад ва мувофики аъмолаш чазо диханд. Хамон вакт ки одамони масъулиятшиносу поквичдонро аз хар чихат бояду шояд кадр кунанд.

Ба мо чи намерасад? Якум дастгирии инженери. Кори шуъбаи техники дар иттиходия басо маъулиятнок ва мураккаб аст. Масъалахои реконструксия ва бо техникаи нав таъмин кардани истехсолот пурра ба зиммаи он гузошта шудааст. Омухтан ва заказ кардани дастгох ва асбобхо факат як шохаи вазифаи онхост. Лекин ба хамин кори худро ичрошуда шумурда даст ба оби хунук намезананд. Ветеранхои корхона накл мекунан, ки пештар хамаи коркунони инженерию-техники дар як хонача чой гирифта буданду корхо хуб буд. Холо бошад як бинои бохашамат барояшон хатто ками мекунад. Ба хар чор коргар як инженер, техник рост меояд. Ин хуб аст. Вале кани натича? Кани самара?

Нест. Ё ки барояшон кор нест. Хаст. Хеле бисёр. Мана хамин фабрикаи моро гирем. Имруз кариб 40 фоизи корхо дасти ичро мешаванд, бисёр амалиётхо номафхум, дастгоххо бекор меистанд. Анна кучост майдони васеъ барои инженерон, конструкторхо! Аспи гайрату махорат камчин бизанед! Аммо онхо ин чо – мехмонони камнамо. Изофа ба он вакте коргарон ягон ихтирое пешниход мекунанд душманона пешвоз мегиранд. Навчуе ихтирое пешниход намуд, ки процесси боркунии партовхо автомати кунонда мешуд. Вале инженерон гуфтанд: намешавад. Хуб, бигузор ин пешниход тугри наомад, он гох дигарашро чустан лозим. Наход ки боркунии партовхо хамин кадар просесси мураккаб бошад. Аз хамаи ин бармеояд, ки инженерону конструкторон ба натичаи нихоят хавасманд нестанд. Чун ки мохонаашон доими. Бинобар ин на ташаббус хасту на чашми кордони. Вакти он расидааст, ки обруву нуфузи кори инженерро баланд  бардорем.

Комитети Марказии КПСС дар ин бора карори хубе кабул карда буд. Хамаи ин тадбирхои дар асоси тачрибаи Ленинград андешида шуд тавре  тадбик гардид, ки инженерону техникхо 5-7 суми музди иловаги гирифтанд. Ин хандаовар аст охир. Инженере ки эчодкор, самараи кораш бештар аст бояд бисёртар хак гирад. Ва касе ки ба ин чода тасодуфан афтодааст, бояд аз паси кори дигар шавад.

Ин чои суханоне ки аз минбари съезди XXVII КПСС садо доданд ба ёд омад: «Агар софдил,  боинсоф, поквичдон ва нисбат ба худ серталаб набошем, одами идеянок будан мумкин нест». Бо чунин мисолхое, ки афкори одамони катори бо фикру мулохизахои дар хуччатхои партияви дарчгардида хамрадифанд, хеле бисёр вомехурем. Мохияти ин зухурот дар ин тезиси ленини хеле возех баён шудааст. У гуфта буд: «Мо танхо вакте идора карда метавонем, ки хамаи он чиро, ки халк фахмидааст, дуруст баён кунем».

– Сониян ба мо хонаи маданият намерасад, – мегуфт Хикматулло. – Имруз он чун обу хаво зарур. Хуш ба мо чи халал мерасонад, ки созем? Туфайлихури. Месозанд гуён худро  осуда мекунем. Лекин агар бехтар кор кунем, месозем.

Вакте ки сухбати мо ба охир мерасид, касе лукма партофт:

– Хайрият, дар бораи Хикматулло хам менависанд…

– Чи нависам?

– Нависед ки у – одам! Одами замони нав!

– Боз чи?

– Бас, хама мефахмад… Хайр боз илова кунед, ки йигитхои паси пештахта ва растахо шарм доред, аз Хикматулло ибрат гиред…

– Бехтараш, ана ин хел нависед, – нидо намуд дигаре. – Хой, чавонони Душанбе, то кай аз хисоби давлат руз мегузаронед? Факат хурдану хоб рафтан, раксидан ба шаъни одами намезебад. Модоме, ки давлат гами моро хурда бепул мехононад, табобат мекунад, дар пири нафака медихад, чавоби ин хама некихоро додан даркор. Охир, давлат хам аз шумо ягон нафъ бинад-дия.

Хак асту рост!

  1. МАН ФАРЗАНДИ ХАЛКАМ…

Аз минбари форуми коммунистони мамлакат дар байни ракаму фактхое, ки аз шахомати потенсиали шаходат медиханд, аз чумла чунин факту ракамхо ном бурда шуданд. Ба съезди XXVII КПСС 1352 нафар занон вакил интихоб шуданд, ки ин 27 фоизи хамаи вакилон мебошад. Ин гуна намояндагии занон аз хар чихат дар таърихи КПСС бори аввал мушохида шуд. Сол аз сол, аз съезд то съезд шумораи занон дар сафхои партия афзун мегардад, холо зиёда аз 5 миллион занон аъзои партия мебошанд. Онхо харчи бештар ба органхои интихобии партия ва ба рохбарии сохахои мухталифи сохтмони коммунисти пешбари карда мешаванд. Ин аст дар хаёт татбикшавии идеяи ленини оид ба афзунгардонии шумораи занон дар рафокати партиявии мо.

Сардори яке аз бригадахои ресандагию бофандагии фабрикаи дуюм Галина Петровна Таскаева, ки дар иттиходия каси намешинохтагию хурмат намекардаги нест, яке аз хазору сесаду панчоху ду вакили ин съезди таърихи гардид.

Ин зани хоксору ситорагарм пеш аз хама бо мехнати софдилона ва таълиму тарбияи шогирдони бисёр обру ёфтааст. Тарчумаи холи Таскаева ба сохти ичтимоии давлати мо хос буда, пандомуз мебошад. Ин коммунист, командири сохибтачрибаи истехсолот аз хурди орзуи омузгор шудан дошт. Вакте мефахмад, ки ба иттиходия коргар зарур аст, зодгохи азизаш – дехаи Колчадани вилояти Свердловскро монда, ба Душанбе меояд. Омузишгохи раками 28-ро хатм карда, касби ресандаги меомузад. Ва инак, понздах сол аст, ки вай дар иттиходия пурмахсул мехнат карда, аз коргари катори то ба дарачаи сардори бригада ба камол расида, хамчун рохбари истехсолот ном мебарорад. Коммунистони иттиходия ба вай бовар намуда, ба сафи пуршарафи Партияи Коммунисти кабулаш намуданд, коммунистони республика бошанд, дар катори бехтарин хамсафони худ уро низ ба съезди XXVII КПСС вакил интихоб карданд. Вай гапашро фикр карда медонистагиаш, хулосаашро мегуяд.

Одамоне ки касбу кор, характеру синну соли гуногун доштанду ман бо онхо дар бораи Таскаева сухбат мекардам, уро хамчун намояндаи хоси кисми пешкадамтарини муосиронамон тасвир намуда, дар хакки вай бо хисси ифтихор сухан меронданд.

Вай мутлако ба бепарвои, бемасъулияти, сахланкори, исрофкори ва дигар камбудихое, ки ба кори умумии мо халал мерасонанд ва ба шаъни одами совети догу иснод меоваранд, муросо намекунад. Дар айни замон зани халиму хоксор, фурутан, хушодобу хушсалика.

– Ман фарзанди халкам ва хизмат ба он бароям хам карз, хам фарз аст, – мегуяд у.

Бале у ба хизмати халк камар баста, дар ин рох вакти худ, саломатии худ, умуман ягон чизро дарег намедорад. Ана хамин фидокори, ана хамин чонбози уро сазовори ин хама иззату эъчоз, сазовори эътикоду эътимоди калон гардондааст. Ин мукофоти амал аст, яъне хар ки харчи кошт хамон бардошт.

 – Чи чои пинхон кардан, – накл мекунад у. – Мо дар бораи прогресси техники торафт бешар гап зада, баъзан омили асоситарин – одамро аз мадди назар дур мемонем. Ёд дорам, ки мачлисхои коргари, комсомоли ва партияви то ба хамин карибихо чи хел мегузаштанд. Гап бисёр мешуд. Вале асосан аз «план фалон фоиз», «зиёда аз план» барин калимаю иборахо иборат буду халос. Одамро – ичрокунандаи корро бошад, баъзан фаромуш мекарданд. Хозир, баъди съезди партия дар коллективи мо ба бисёр чизхо дигар хел муносибат мекардаги шуданд.

Аммо холо хам корхо бачо нест.

Дар мачлиси хисоботию интихоботии гурухи партиявии мо, ки аллакай шуда гузашт, гайр аз гапхои «пурзур мекунем», «баланд мебардорем», «вусъат медихем» дигар чизе гуфта нашуданд. Имруз масъала дуруст гузошта мешавад: карор, ки кабул кардаи, онро ичро кун! Мо холо вазифахоямонро хуб ба чо намеорем. Дар мачлиси комитети партияви масъалахои чори кардани техникаи навро шунида карор кабул карданд. Вале то хол супориши кам кардани мухлати бекористии техникаи нав ичро нашудааст. Бар хилофи хар гунна карорхо бисёр проблемахои истехсолию сосиали хал намешаванд.

Хамчунин карорхои хукумати республика ичро намегарданд. Яке аз онхо, ки шаш сол пеш кабул шуда буд, вазифадор мекард, ки як кисми фонди манзилии иттиходия ба ихтиёри комитети ичроияи шахри Душанбе дода шавад. Карорхои дигар органхои болои, ки максад аз онхо бехбудии кори иттиходия буд, низ ичро нагардиданд. Ба Совети Вазирони республика комитети ичроияи райони Хисор итоат накард. Ба комичроия дастур дода шуда буд, ки барои хочагии ёрирасони иттиходия замин чудо кунад. Ин чи гуфтани гап, беэътибории фармон ё карор? Ё бемасъулияти хангоми кабули онхо? Аз шаклхои кухнаи тафаккур, тадбирбози даст кашидан, на когазбози, балки бештар бо одамон кор кардан лозим аст.

Дар хуччатхои Съезди XXVII КПСС, дар нуткхои баъдисъездии рохбарони партия ва давлатамон, як нуктаи хеле мухим гаштаву баргашта такрор меёбанд. Ин нукта дар хусуси тагйири шуури инсон ва пуразоб будани просесси он аст. Ин нукта, рости, маро нихоят хуш омад ва шояд аз он сабаб бошад, ки он бо касбу хунари ман сахт алокаманд аст:

«Тагйири шуур ба туфайли душворихои бузург муяссар мешавад, – таъкид шудааст дар маърузаи бахшида ба зодрузи дохи, – Ин душворихоро илтифот кардан ба одам, принсипноки ва адолат, мехрубони, хайрхохи ва самимият дар муносибатхои инсони сабук мекунанд. Хозир кумаки маънави бахри тарафдорию дастгири ахамияти калон касб мекунад, кимати сухани самими беандоза меафзояд, ки он одамро болу пар мебахшад. Бе одамгарии хакики тамоми гапхои дар бораи омили инсони хушку холианд. Ба мо дар хама чо ва дар хар бобат, дар истехсолот, дар лоихакаши ва сохтмон, дар эчоди бадеи, дар муносибатхои одамон зебои лозим аст!».

Вай каме таваккуф намуду сони суханашро давом дод:

– Ошкоро мегуям, вакте ки маро ба бригадири пешбари карданд, ин таклифро бо дудилаги кабул кардам. Охир осон нест бо одамон сару кор доштан. Одамони бригада хар хеланд. Онхое кам набуданд, ки сарам дилам кор мекарданд, баъзан ба кор намебаромаданд. Бисёрихо ба кадри дастгох, асбобу анчом намерасиданд, сарвати корхонаро эхтиёт намекарданд. Корро аз муносибат ба одамон сар кардам, ба онхо хатогиро гуфта захираву имкониятхоро кушода медодам, роххои ба натичахои устувор ноил гаштанро накл мекардам. Онхо ба накли ман бодиккат гуш медоданд. Баъд услуби хисоби хочагиро чори намудем.

Музди иловаги ва хачми мукофотпули хам хеле афзуд. Одамон фахмиданд, ки бо тарзи нав кор кардан на факат ба корхона, балки ба хар як мехнаткаш хам фоида меоварад. Имсол карор додем, ки плани дусоларо то 70-солагии Октябри Кабир ичро кунем. Рухияву кайфияти хама болида, дилашон ба кор гарм аст. Холо мо ба кудрату имконияти худ бовари дорем. Аз тачриба хулоса мебарорам: одам ба хама чиз кодир аст. Санъати бо одамон муомила кардан, онхоро аз паси худ бурда тавонистанро бояд омухт. Хар кассе ки бори гарони ба одамон рохбари карданро бар душ дорад, бояд хамеша инро дар хотир дошта бошад.

Хамон руз ман бо ситорахои дурахшони иттиходия – вакили съезди XXVI КПСС Тамара Верешагина, депутати Совети Олии СССР Серофима Кодирова, Кахрамони Мехнати Сосиалисти Лидия Меншикова ва боз бо чанд коргарон ва мутахассисони мухталиф мусохиб мешудаму меболидам, ки ин чо гами ягонаи хама асосан масъалахои сифат, махсулнокии мехнат ва харчи бештар нафъ расонидан ба тараккиёти хочагии халк аст. Андеша ва мухокимаронихои пурмагзи коргаронро шунида, кас бовари хосил мекунад, ки инкилоби илмию тахники ва талаботи асри серташвиши мо донишу махорати онхоро то ба кадом пояхои баланд инкишоф додаст. Чи хеле ки директори генералии иттиходия, депутати Совети Олии республика Абдукаюм Набиев изхор мекунад, панчсолаи чори дар хаёти иттиходия давраи инкилоби хакикии илмию техники мегардад. Дар катори дастгоххои нави ватани, мошинхои хоричи низ ба кор андохта мешаванд. Ва хамаи ин такмилоту азнавсозихо бидуни хобондан ё катъ кардани истехсолот, яъне ба микдор ва сифати истехсоли чории матоъ халал нарасонда, ба чо оварда мешаванд.

Хушбахтона, Абдулкаюм Набиев ва дигарон рохбарон тахти мафхуми «азнавсози» танхо бо азнавсозии техники махдуд нашудаанд. Дар яке аз мачлисхои умумии коллектив директори генерали ошкоро гуфт: «Мо бояд махсулоти аълосифат истехсол кунем». Бале, махз хамин тавр. Бовари дорам, ки Абдулкаюм Набиев инро бехуда нагуфт. Рузгори бисёр фидокорони коллектив дар доираи «бригада – фабрика – иттиходия» махдуд нест. Онхо, чун коргарони урали, украини, белоруси, ба он манфиатдоранд, ки Ватанамон, ки ба одами мехнати хукуки хучаини фабрика, иттиходия ва мамлакати худ буданро додаст, боз хам тавонотар бошад. Мо ба онхо дар рохи амали гаштани ин максадхои начибашон барор орзу дорем. Орзумандем хамеша руйсурху сарбаланд бошанд!

7 августи соли 1986

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …