Главная / Гуногун / ТУЛЎЪИ НАВ (Очерк)

ТУЛЎЪИ НАВ (Очерк)

НИШОНАҲО

Азнавсозӣ! Ин калима ба ҳаёти мо тез дохил гардида, як ҷунбиши нусратбахшу рўҳафзоеро ба вуҷуд овард. Дар ҳама ҷо саъю кўшиши азнавсозӣ дарк мешавад, насими тозаву рўҳафзо сайр мекунад. Зиндагӣ ҷило ва тобишҳои рангин гирифта, нафаси гарми ҳаёт эҳсос мешавад. Ёд меояд, Михаил Сергеевич Горбачёв намоишгоҳро дар Владивосток тамошо намуда, муфассал аз кори сохтмони манзил мепурсид. Корҳо бад: 48 ҳазор оила дар навбати хона истодаанд, илова бар ин аз се як қисмашон зиёда аз 10 сол.

– Чаро ин ҳол рўй дод? – ба раиси комиҷроияи шаҳр ин савол дода шуд.

– Танҳо аз рўи виҷдон ҷавоб деҳ, – огоҳ кард ўро котиби якуми комитети партиявии кишвар.

5-1– Албатта, аз рўи виҷдон, набошад боз чӣ хел! – бо ҳайрат нигоҳ кард М. С. Горбачёв. – Агар ҳила кунед, сўҳбати мо лозим нест.

Аз рўи виҷдон! Ин талабот тамоми вохўриҳои Шарқи Дурро дар бар мегирифт. Ва одамон ҳақиқатро мегуфтанд. Сафедро сафеду, сиёҳро сиёҳ. Бедипломатия мегуфтанд, гоҳҳо сахт ва  ҳатто бо қаҳр. Одамон аз бетартибию бенизомӣ сухан мекарданд. Аз пушт бошад, ба гўш мерасид: «Даҳшат! Онҳо чӣ мегўянд! Наход дар мо ягон муваффақият набошад!».

Хандаовар? Не, ғамангез! Одамон намехоҳанд ба таври кўҳна қадам гузоранд. Онҳо акнун ҳушёрона, бошуурона, бо масъулияти том, бо тарзу усули нав кор карданро меомўзанд. Қуввату қобилияташонро бо камоли ғайрат баҳри гул гулшукуфии Ватан сарф кардан мехоҳанд.

Комёбиҳоро бо назари танқид чен карда, саҳву хато ва камбудиҳоро ошкор сохта, захираву имкониятҳоро ҷуста меёбанд.

Оре, талаби партия, давру замон ҳамин аст: ба кору бори худ бо назари нав, бо назари танқид нигарем, аз тарзу усулҳои қўҳнаву забонзада қатъиян даст кашем, вазифаҳои заҳматталаб, басе масъул, вале дар айни ҳол пуршарафу боифтихорамонро софдилона, аз таҳи дил, бо шавқу завқ, рағбати зиёд, принципиалӣ ва серталабӣ ба худ, ба дигарон ба ҷо оварем.

Амри дил ва маслиҳати маълум «сафар кардан – ҷаҳон дидан» моро ба Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагини Душанбе  овард. Дар пойтахт аз ин хоҷагӣ дида калонтар корхонае нест. Коллективи нўҳҳазорнафараи ин корхонаи азим дар ҳамаи чор фабрикаи асосии худ бо меҳнати бунёдкорона садоқат ва қаҳрамониҳо зоҳир мекунанд.

Онҳо аз он фахр мекунанд, ки даҳ фоизи маҳсулоти шаҳрро истеҳсол менамоянд. Имрўз иттиҳодия пироҳани худро иваз кардааст.

Қариб понздаҳ сол мешавад бо ин корхона шиносам. Воқифам, ки ин солҳо барои иттиҳодия давраи муҳим, давраи ташаккулёбӣ гардиданд. Ба ҷои фабрикаи кўҳна корпусҳои нави ҳозиразамон сохта шуданд, дастгоҳу автоматҳои камиқтидорро таҷҳизоти пурмаҳсултарин иваз намуданд.

Давраи ташаккулёбӣ… Аён аст, ки корхона на фақат аз ҷиҳати техникӣ ташаккул ёфтааст. Дар ин солҳо ҳамчунин коргари имрўзаи баландихтисос, инженери мустақил, ташаббускор, роҳбари кордону дилсўз, хуллас, одамони нав ба камол расид. Ин, чунон ки дар Пленуми июнии (соли 1983) КМ КПСС қайд  карда шуд, «орзую армони дур не, балки воқеияти рўзҳои мост…». Агар сӣ сол муқаддам ба Розия Қурбонова мегуфтанд, ки вақташ меояду ў дастгоҳҳои мураккабтаринро идора карда, дар ҳалли масълаҳои давлатӣ ширкат меварзад, китф дарҳам мекашид.

Аммо Розия Қурбонова имрўз одами намоён, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ, ҷонишини директори генералӣ оид ба корҳои тарбиявӣ. Ин ҳама аз ҳунараш.

Ҳамроҳи Розия Қурбонова қадам мезанам. Ў хомўш аст. Кӣ медонад, ки ҳоло дар дили ў чӣ фикру андешаҳо туғён доштанд. Вале дар нигоҳи ў як ҷаҳон меҳру муҳаббатро нисбат ба ин коргоҳ дидан мумкин буд. Суханони як вақт гуфтаи ў ба ёдам омад: «Солҳои беҳтарин ва аҷоибтарини ҳаётам сарфи ҳамин корхона шуд. Ва аз ин шоду мамнунам. Иттиҳодия дар мағз андар мағзи дилу ҷонам ҷой гирифтааст».

– Нағз, бисёр нағз, шуд, – мегуфт Розия Қурбонова, – ки дар анҷумани XXVII коммунистони мамлакат аз нуқсу иллатҳои мавҷуда, аз мағалу ҳаёҳўй, аз изофанависиҳо, аз рапортҳои безаминиву «Урра»-гўиҳои мутантан бепарда, рўирост сухан рафт.

Медидам ва мушоҳида мекардам, ки рўҳияи ҳам коргару ҳам роҳбар болида, дасту дилҳо ба кору зиндагӣ, гарм, фикру ақидаҳо як:

– Аз ваъда ба вафо, аз гап ба амал!

Аҳлию тифоқии коргаронро дида, мисраъҳои шоири бузурги замон, фарзанди арҷманди халқи тоҷик Мирзо Турсунзода ба ёд омад:

              Мардуми халқҳои гуногун,

              Писару духтарони як Ватанем,

              Нури як субҳу як таронаи дил,

              Гулу гулдастаҳои як чаманем.

Меҳнати фаъолонаи одамон симои зоҳирии фабрикаҳоро ҳам тағир додааст: дар он рўҳияи кордонӣ ва ташаббускорӣ мушоҳида мешавад. Дар биноҳои маъмурӣ, маишӣ ва атрофи он, воситаҳои аёнӣ, ки аз ҷўшу хурўши мусобиқаи социалистӣ шаҳодат медиҳанд, хеле оқилона ҷо ба ҷо карда шудаанд. Дар як хонаи фабрикаи дуюм, ки онро Хонаи ленинӣ номидаанд, ўҳдадориҳои социалистии коллектив, шартҳои мусобиқаи меҳнатӣ, лавҳаи мусобиқа овехта шудааст. Лавҳаи «Кӣ пешсаф?» ҳар рўз аз натиҷаҳои хубтарини коргарони ҳаммусобиқа ахборот медиҳад. Натиҷаҳои ҳафтаина ба таври комплексӣ ҷамъбаст ва муҳокима карда мешаванд. Дар як гўшаи ин хона ба маҷаллаву рўзномаҳо ва телевизор ҷой додаанд. Дар китоби қайди чорабиниҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ ба номгўи бисёре дучор мешавем. Ҳамаи ин шоҳиди саъю кўшиши фаъолони фабрика барои аз кору бор ва рафти мусобиқа, вазифаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳодисаю воқеаҳои замон огоҳонидани коргарон мебошад.

Дар хонаи дигари барҳаво ва тозаву озода катҳои нарм мондаанд. Дар ин хона коргарон баъди кор истироҳат мекунанд. Вақте ки ба пайроҳаи калон баромадем, Розия Қурбонова ба ман рў оварда, пурсид:

– Ҳеҷ чиз пай бурдӣ?

– Ҳа, агитацияи айёнӣ ҳам пироҳани нав ба бар кардааст.

– Маъқул? – пурсид бо табассум.

– Албатта, айёният оинаест. Одам дар оина шаклу шамоилашро хуб мебинад.

– Лекин ин ҳоло аз нўги хамир фатир. Ин корро мо баъзан ғайри конкретона, беғайратона ба ҷо меорем. Ба бисёр шиору плакатҳо назар афканда дар тааҷҷуб мемонам, ки он ба чӣ даъват мекунад?

«Эҳтиёт мекунем». «Бартараф месозем». «Иҷро менамоем». Чунин айёният кор намеояд.

Ман дар омади гап аз Розия Қурбонова пурсидам, ки оё арзон шудани як қатор молҳоро оилаи онҳо ҳис карданд ё не?

– Набошад чӣ, – ҷавоб дод ў. – Мана дирўз барои набераам форма харидам. Он 19 сўму 50 тин меистод, акнун 15 сўм. Чор сўму панҷоҳ тин сарфа шуд. Ба ин пул барои набераҳо шарбат, мева харидан мумкин.

– Ба қиммат шудани нўшокиҳои алкоголӣ чӣ баҳо медиҳед?

– Қарори дуруст. Арақ ба одам танҳо бадӣ меораду халос. Бигузор бисёртар китоб, асбобҳои мусиқӣ ва спортӣ бароранд, – гуфт ў ва бо қаҳр илова кард:

– Бигузор ному нишони арақ нест шавад!

  1. ТАЪРИХИ ЗИНДА

Розия Қурбонова маро ба мўзеи иттиҳодия бурд, ки ҳикоят аз дирўзу имрўзи корхона мекунад. Ба ёд омад, ки нахустин корхонаи Душанбе комбинати ҳунармандие буд, ки соли 1926 ташкил карда шуда буд ва он 14 нафар косибонро муттаҳид мекард. 14 нафар-а!

Хандаовар. Бале. Лекин ин соли 1926 буд. Ҳоло чӣ? Ба ибораи халқ «Фарқ аз замин то осмон».

Ана сухан ба рақамҳо: дар бадали 60 сол маҳсулоти саноатӣ 900 баробар афзудааст. Ҳоло саноати Тоҷикистон дар як шабонарўз нисбат ба оне ки дар тамоми соли 1926 истеҳсол карда шуда буд, 21 баробар зиёд маҳсулот мебарорад. Кишваре, ки пеш ҳатто мехро аз берун меовард, имрўз худ ба 45  давлати хориҷӣ маҳсулоти саноатӣ мефиристад. Магар ин фарқ аз замин то осмон нест? Бале, аз замин то осмон!

Музей – таърихи зиндаи иттиҳодия яке аз ҷойҳои азизу дўстдоштаи коргарон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо тез-тез бофандагону ресандагон, ветеранҳои партия ва ҷангу меҳнат, машъалони истеҳсолот ҷамъ шуда вохўриҳои шавқовару фаромўшнашаванда мегузаронанд. Коргарони ҷавон пеш аз ба кор қабул шудан музейро зиёрат мекунанд. Экспонатҳои зиёд онҳоро бо таърихи бою меҳнати диловаронаю қаҳрамононаи яке аз калонтарин корхонаҳои саноати сабуки республика шинос мекунанд.

Гўё дирўзакак буду аллакай қариб ним аср гузаштааст. Соли 1937 дар пойтахти республикаи ҷавонамон сохтмони комбинати бофандагӣ оғоз ёфт. Ин хабарро меҳнаткашони шаҳр хусусан косибон бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд. Оҳо орзу мекарданд, ки ин корхона тезтар сохта шаваду дар он кор кунанд. Вале он солҳо бино кардани чунин иншооти бузург хеле мушкил буд. Масолеҳ намерасид. Илова бар ин, мутахассисон ниҳоят кам буданд. Бо вуҷуди ин  10 сентябри соли 1938 санги аввалини пойдевори комбинат бо тантана гузошта шуд. Сар шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба рафти сохтмон халал расонд. Вале сохтмончиён монда нашуда зарбдорона меҳнат мекарданд. Ниҳоят 23 феврали соли 1942 комбинат ба кор сар кард. Комбинат он вақт ҳамагӣ як сехи бофандагӣ дошту халос. Ҳамон шабу рўз дар комбинат 70 дастгоҳи бофандагӣ кор мекард. Ҳаҷми солонаи истеҳсолот 639 ҳазор метр матоъро ташкил медод. Ҳоло бошад, ҳаҷми истеҳсолот 196 баробар афзуда, 300 ҳазор дўки ресандагӣ, 6 ҳаор дастгоҳи бофандагӣ ва 24 ҳазор дўкҳои пилтаресӣ дошта, ба маблағи бештар аз 265-миллион сўм маҳсулот истеҳсол менамояд. Ба кор даромадани комбинати бофандагӣ дар ҳаёти республикаи ҷавон на танҳо ҷиҳати иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати иҷтимоӣ низ аҳамияти калон дошт.

Халқи тоҷик кайҳо пахта парвариш мекарду акнун бори аввал дар ватани худ ба истеҳсоли матоъҳои пахтагин шурўъ намуд. Талаботи зиёди аҳолӣ бо матоъҳои пахтагин қонеъ гардонда шуд. Аз ҳама муҳимаш корхонаи нав ба манбаи кадрҳо, аз он ҷумла, занони маҳаллӣ табдил ёфт.

Ба ҳамин мақсад мактаби ФЗУ кушода шуд.

Дар байни аввалин талабагони ФЗУ Мария  Сарычева, Людмила Перова-Шатехина, Саида Аҳмадова ва дигарон буданд. Зимни сўҳбат Саидахола Аҳмадова чунин гуфт: «Вақте ки мактаби ФЗУ-ро хатм карда ба комбинат омадам, А. И. Цейтлин нидо кард:

– Ана, парастуи нахустин парида омад!

Ман аввал нафаҳмидам: парасту ин ҷо чӣ дахл дорад? Ў бошад фаҳмонд, ки охир ту якумин зани маҳаллӣ дар истеҳсолот ҳастӣ! Баъд гуфт, ки ҳеҷ гап не чанде мегузараду бисёр занони маҳаллӣ ба кор меоянд. Ҳамин комбинат моро ба воя расонд. Соли 1949 усто таъин шудам. 12 сол котиби ташкилоти партиявӣ будам. Ду бор Депутати Совети Олии СССР интихоб гардидам.

Аз чунин қадрдонӣ гўё болу пар мебаровардаму парвоз кардан мехостам. Абулқосим Лоҳутӣ шеъре дорад, ки ба ман хеле маъқул аст. Дар он сатре чунин иншо шудааст: «Ҳеҷро ҳар чиз кардӣ, зинда бош, эй Инқилоб!». Гўё ин шеър дар бораи мо гуфта шуда бошад, зеро маҳз революсияи Октябр буд, ки канизҳои беҳуқуқи дирўзаро соҳибони мақоми баландтарин гардонд».

Бо мурури солҳо базаи моддию техникии корхона низ мустаҳкам мешуд, коллективи аҳлу тифоқ ташаккул меёфт. Соли 1951 навбати якуми комбинат пурра ба кор даромад. Соли 1961 бошад навбати дуюм, ки аз сехҳои равшану барҳаво иборат буд, ба истифода дода шуд. Шароити кори бофандагону ресандагон низ хеле беҳтар гардид. Дар натиҷа иқтидори истеҳсолии комбинат се баробар афзуда, ҳосилнокии меҳнат ба 12,2 фоиз, даромад 20 фоиз зиёд шуда, соле 12 миллион сўмро ташкил дод. Соли 1966 бошад навбати сеюм ба кор даромада, ҳаҷми солонаи истеҳсолот ба 170 миллион сўм расид…

Розия Қурбонова риштаи хаёли маро буррида таъкид кард, ки музей барои кор хеле зарур аст. Зеро беҳуда «Барои он ки ояндаро дурустар дарк намоӣ, гузаштаро нағз донистан даркор» намегўянд. Ин суханони Қурбонова шоҳиди фаҳмиш моҳиятӣ кори коллективи худ – чун қисми таркибии кори умумихалқи буданд. «Бигзор ҳар як коргар фаҳмад, ки вай кору бори мамлакатро идора мекунад», – таълим медод доҳии маҳбуб Владимир Илич Ленин. Ва суханони зерин аз маърўзаи Сиёсии КМ КПСС ба съезди XXVII партия давоми мантиқии ин фикри лениниянд: «Кас хўҷаини ҳақиқии завод ва ё колхоз, сех ва ё фермаи худ нагашта, хўҷаини мамлакат шуда наметавонад».

Ба музей боз як гурўҳ коргарони нав ба кор омада медароянд. Аввал онҳо бо таърихи бою зиндаи корхона шинос мешаванд. Сипас Саида Аҳмадова ба сухан мебарояд.

– Вақте ки ман ба кор омадам, – мегуфт ў, – таҷҳизоти истеҳсолот асосан аз дастгоҳҳои оддии ресандагии дастӣ иборат буд, ки ба зўр яктояшро идора мекардам. Ҳангоми кор тамоми узвҳои бадани инсон кор мекард. Бинобар чун рўзи корӣ ба охир мерасид, чунон лакот мешудам, ки базўр поямро кашида, ба хона меомадам. Модарам аҳволи маро дида табассум карда мегуфт, ки ин ҳеҷ гап не, духтарам. Аҳволи косибҳои пештараро медидӣ, раҳмат меомад. Худамон кирмак медоштем, пила мегирифтем, онро титу тоза карда мересидем, метофтем, мебофтем, рангу оҳар медодем, баъд бурда мефурўхтем. Аз ин меҳнати дилгиркунанда, аз бўю тафти пиллапазӣ косибон ба бемориҳои гуногун дучор мешуданд. Аз меҳнати пиллакашӣ ҳам меҳнати шоҳибофӣ боз мураккабтар буд. Чунин суруди халқӣ шоҳиди ҳоли табоҳи бофандагон мебошад:

Дилакам зардоб шуд аз чақ-чақи бофандагӣ,

Чашмакам пуроб шуд аз риштаҳои кандагӣ.

Ҳоло чӣ? Мебофеду халос. Сехҳо барҳаво, дастгоҳҳо аз дастгоҳҳои пештара дида ҳазорон бор беҳтару пурсамартар…

Аввалин шарораҳои меҳри коргарӣ дили коргарони ояндаро мунаввар месозад.

  1. РЕСАНДА – МАРД

Бо котиби бюрои партиявии фабрикаи сеюми ресандагӣ Лидия Василевна Кириченко мо бевосита дар сех мусоҳиб шудем. Вай кори дастгоҳҳои навро аз назар мегузаронд.

Дар ҷорӣ кардани техникаи нав ин фабрика ҷои фахриро ишғол мекунад. Дар як вақт ҳам иҷро кардани планҳои ҷории истеҳсолот ва иваз кардани мошинҳои кўҳна бо нав ба гуфтан осон аст. Ин аз роҳбарони фабрика ва бюрои партиявӣ басо дақиқкорӣ ва ҷидду ҷаҳд металабад. Барои ҳамин Лидия Василевнаро ҳамеша дар сари кор, бари коргарон мебинанд. Оре, вай табиатан ҳамин хел аст. Ба ҳама як хел менигарад. Байни одамон тафриқа намегузорад, аз ҳама як хел талаб мекунад. Охир сарвари коммунистон дигар хел шуданаш ҳам мумкин нест. Вақте ки сарвар ба ҳар кор баҳои объективона медиҳаду ба одамон ғамхорӣ зоҳир менамояд, манфиати онҳоро аз манфиати худаш боло мегузорад, маҳбуби ҳама мегардад, обрўю эҳтиромаш зиёд мешавад.

Вай дар ин ҷо мактаби ҳақиқии коллективизм ташкил дод ва маҳз ҳамин омил боиси комёбиҳои калони фабрика гардиданд.

– Марҳамат, хуш омадед, – гўён Лидия Василевна моро ба дидани фабрика даъват мекунад.

– Фабрикаи шумо? – пурсидем аз ў.

– Бале… Ҳамаи барору нобарориҳо, хурсандиву хафагии ман инҷост. Ҳама чиз ин ҷо аён, дар кафи даст, ҳамеша пеши чашмонам, ҳатто ба хобам ҳам медарояд.

Баъзан чунин мешавад, ки бо як ду сухан одам ботини худро мекушояд, беихтиёр хислатҳои фавқуллодаи хуби худро рўи об мебарорад. Фақат одаме, ки ба таври ҳаққонӣ дилбохтаи касби худ аст, дар кор ҳам одати хуби оилавиро фаромўш накарда, касро бо «хуш омадед»-и урфӣ пазироӣ мекунад, худаш ҳам ба остонаи коргоҳ бо хурсандӣ, бо шавқу завқи пурҳаяҷон қадам мегузорад.

Бо ҳамроҳии котиб «молу мулк»-и дар ихтиёри ў бударо аз назар гузаронида, ба хулосае меоям, ки гўё ҳоло саҳифаҳои китоби тарҷимаиҳолии коллективи меҳнатиро варақ зада истодаам. Ва ҳар як саҳифаи он пур аз нишонаҳои озодии шахсист, ки пеш аз ҳама дар ташаббусу фаъолият возеҳу равшан зоҳир мегардад.

Ба кору бори бригадаҳои фабрика шинос шуда, амиқтар мефаҳмам, ки чаро дар съезди XXVII КПСС бригадаҳои пешқадами ба ҳисоби хоҷагӣ гузашта, ячейкаҳои ибтидоии худидоракунӣ номида шуданд. Бригадаи ба пудрат ва ҳисоби хоҷагӣ гузашта имконият дорад принсипи адолати сосиалиро пурраву васеъ ба амал, барорад. Даромади коллективро худи коллектив мувофиқи иштироку саҳми ҳар як коргар дар меҳнати умум тақсим мекунад. Ин, бешубҳа, боиси ривоҷу равнақи мусобиқа мегардад.

Тамара Верешагина, Серофима Қодирова пешсафони мусобиқаанд. Аммо нишондиҳандаҳои Сайлӣ Сафарова, Хосият Буриева низ рўз ба рўз афзуда, ба пешсафон наздик шуда истодаанд. Рақамҳои имрўзаи лавҳаи мусобиқаро бо рақамҳои солҳои гузашта муқоиса намуда, як чизи махсусро мушоҳида намудем. Таносуби қувваҳо дар фабрика ба дараҷае тағйир ёфтааст, ки аксарияти коргарон ба ақаллияти онҳо ибрати меҳнати зарбдор гардидаанд. Пештар ин тавр набуд. Он маррае, ки ҳадди пешқадамон буд, акнун ба ҳадди коллектив мубаддал гаштааст.

Дар ин фабрика ман ҷавонеро дидам, ки дасту остин барзада, чобуку чаққон чанд дастгоҳро идора мекард.

– Ҳайрон мешавед? – бо табассум гуфт Лидия Василевна. – Не, ин таъмиргар не, ресанда, коммунисти ҷавон Ҳикматулло Ҳалимов. Чунон дақиқу хушрў ва бо маҳорат кор мекунад, ки занон ҳасад мебаранд.

– Оҳо, ў ягона нест-ку, – назар карда нигоҳам ба ҷавони дигаре афтид.

– Ҳа, дар бари ў собиқ шогирдаш Хайрулло Шарифов кор мекунад, – фаҳмонд Кириченко.

Ҳикматулло бо ҳаракатҳои ба худ хос нукҳои риштаи кандашударо ёфта сипас бо муҳаббату самимияти бепоёне дасти шогирдашро дошта чӣ тавр бастани риштаро амалӣ нишон медиҳад.

Албатта ҷавони навкор дар ин лаҳзаҳо худро гум мекунад. Ин табиист, зеро ибтидои ҳар кор душвор аст. Оҳиста-оҳиста ҳаракати дастони шогирд қавитар мегардад. Дар лабони ў табассум гул мекунад. «Ҳамаи ин кори душвор набудааст-ку, – табассумкунон мегўяд ў, – муҳимаш азму хоҳиш доштан будааст».

Лидия Василевна низ ба сухан ҳамроҳ мешавад: «Аз ў ресандаи хуб мебарояд. Ба фикри ман кори ў аз рўи ҳавою ҳавас нест».

Ҳайрон шудам ки чӣ хел Ҳикматулло ин касбро интихоб кардааст.

– Мондаҳо! – гуфтам ба ў. – Шуморо ба ин ҷо кадом шамол парронда овард?

– Шамоли нангу номус, – ў табассум намуд. – О, бинед чӣ қадар ҷавонон дар кўчаҳои шаҳр ду даст дар киса мегарданд. Ин ҷо бошад, коргар намерасад. Оё савдогарӣ кори мардон аст? Кори ҳақиқии мардона ана ҳамин ҷост!

Даҳ сол пеш Ҳикматулло ба иттиҳодия омад. То ин давра аз мардон кассе ресанда набуд: на дар иттиҳодия ва на дар республика.

– Ба ин, албатта ресандаи номӣ Албина Ивановна Демина сабабгор, – бо хушҳолӣ ёд меорад Ҳикматулло. – Вай дилу нияти маро нағз фаҳмид.

Бале, устод фаҳмид, вале роҳбарон шубҳа карданд: о вай мард аст, ресида метавониста бошад?

– Метавонад! – бо боварии комил гуфт Демина. – Мо вазифадорем, ки ба ў дасти ёрӣ дароз кунем. Аз мардҳо низ ресандагон чун обу ҳаво зарур аст. Инро ҳаёт, замон тақозо дорад. Охир, то кай аз кадр танқисӣ мекашем?

 – Ин дигар гап, – ҳамфикр гаштанд роҳбарон. – Бигузор ба кор шурўъ намояд. Ёрӣ аз мо.

Ҷасорати Ҳикматулло ба бисёриҳо маъқул набуд. Аз ин рў, тири гуногуни гап аз ҳар тараф сўи ў мепарид. «Ба мардак кӣ мондааст ресандагиро?». “Давидани гўсола то каҳдон-ку!».

Болои сўхта намакоб гуфтагӣ барин рўзҳои авали кор дастгоҳҳо гўё ба вай итоат кардан намехостанд. Ҳарчанд ҳаракат мекард забони онҳоро намеёфт, гоҳо ришта канда мешуд, гоҳо ғалтакҳо меафтиданд, гоҳо дастгоҳ аз ҳаракат мемонд. Лекин ба иродаи устодаш қоил шуд. Алифбои касб меомўхту таскин дода мегуфт: «Саг меҷакаду корвон меравад».

Вақте Ҳикматулло қарор дод, ки ба сафи партия дохил шавад, пеш аз ҳама бо падараш маслиҳат кард.

– Аз он ки қарор додӣ коммунст шавӣ, – гуфт падар, – хурсандам. Вале мехоҳам ба ту се маслиҳат бидиҳам. Маслиҳати аввалини ман ин аст, ки шаъну шарафи партиявии худро мисли гавҳараки чашм муҳофизат кун. Дуюм – софдилона меҳнат карда, фақат ба ақлу зўри бозувони худ такя намо, фирефтаи ҳама гуна сархушиҳои шубҳаовар мабош. Сеюм ин ки сарвати халқро аз саломатии худ дида бештар эҳтиёт кун, пеш аз он ки нон пора кунӣ ин сарватро ба ёд ор.

Коммунист шуду ба хизмати Модар – Ватан  даъват шуд. Хизматро дар РСС Эстония ба ҷо  меовард. Боре ҳангоми машқ шпулеро дид. Фикр кард, ки аз афташ дар ин ҷо фабрикаи бофандагӣ ҳаст. Баъдтар фаҳмид, ки дар ҳақиқат фабрикаи бофандагӣ будааст ва бо иҷозати командир ба экскурсия рафтанд. Ҳамин ки дастгоҳҳои бофандагиро дид, комбинат пеши назараш омад, дилаш гум зад. Ин дам дар дастгоҳе ришта канда шуд. Ресанда онро бастанӣ шуд, Ҳикматулло пешдастӣ кард: «Иҷозат диҳед?». Ресандазан ваҳ гуфта ҳам натавонист ришта баста шуд. Ҳама ўро печонда гирифтанд.

– Ресанда-ку нестӣ? – пурсид яке.

Ҳикматуллоро чун шиноси дерин гусел карда гуфтанд:

– Пас аз адои хизмат ба фабрикаи мо биё. Бо ҷону дил қабул мекунем. Арўс ҳам меёбем.

Ҳикматулло табассум карда:

– Маро дар Душанбе беҳад интизоранд, – гуфт.

Дар ҳақиқат ҳам ўро интизор буданд, мактуб менавиштанд, аз кору бори бригада нақл менамуданд.

– Касби ресандагиро дўст медорам, – мегўяд Ҳикматулло. – Ҳоло ба ҷои 18 дастгоҳ 32 дастгоҳ идора мекунам.

Ана ҳамин тавр, ин ҷавони навкор, ки касби ресандагиро аз устоди забардаст омўхта буд, устоди худро қоил кард.

Лекин ў аз кораш қаноатманд нест.

– Охир ҳар рўз мешунавам: «Ака, чит надорӣ?». «Сатин кай мешавад?». Гумон мекунед, ки читу сатин намебарорем. Мебарорем. Каму ғам ҳам не: соле 18 миллион метр читу сатин истеҳсол мекунем. Ба ягон кас гўй, бовар намекунад. 18 миллион-а! Лекин талабот гуфтанӣ гап ҳаст. Талаботи халқ. Яъне, мо талаботи мардумро қонеъ намекунем. Корамон баробари талаби замон нест. Бинобар ин бо масъулияти том кор мекунем, ки читу сатини аълосифат ба даст ояду талаботи аҳолӣ таъмин гардад.

Чӣ хуш аст шунидани ин суханҳо. Вақте ки шахс масъулияти худро дар назди ҷамъият ҳис мекунад ва манфиаташро бо манфиати ҷамъият дар як мизон медонад, барҳақ ў дар назди виҷдони граждании худ пок мемонад. Покии ҳар фард бошад, чу чашмаҳои мусаффо ҷорӣ шуда, дарё мешаваду ба покии ҷамъият боис мегардад.

– Суръатфизоӣ ва азнавсозӣ, – суханашро давом дод ў, – меъёри талаботро зиёд кардааст. Имрўз меъёри зиндагӣ – ҳушёрӣ, меъёри  кор – сифат, меъёр – пешравӣ, меъёр – беамон фош кардани ҳаромхўрон, чизпарастон, меъёр – ошкорбаёнӣ. Ва мо аз рўи ин талабҳо зиндагӣ ва мубориза мебарем. Вале баъзеҳоро рўҳияи маъюсӣ, ҳисси нобоварӣ ба реалӣ будани иҷрои вазифаҳои пешбиникардаи съезди XXVII КПСС фаро гирифтааст. Аз ин мебарояд, ки ҳанўз на ҳама дар назди виҷдони худ гузоштани ин масъала аз ҷиҳати психологӣ тайёранд. Зиёда аз ин чунин одамоне ҳам ёфт мешаванд, ки худро бошуурона дар канор гирифта, чунин ақида доранд, ки гўё барои қатъиян муайян намудани мавқеъ ҳанўз фурсат нарасидааст.

– Ҳайронам, – гуфт яке аз ҳамин қабилҳо. – Чӣ қадар шавқу завқ, чӣ эҳсосоте дида мешаваду аз дигаргунсозӣ ҳанўз дарак нест. Бигузор аввал ҳама кор ба роҳ монда, шахсияти ҳар кас равшан карда шавад, пас он гоҳ ягон кор мешудагист. Беҳуда қувва сарф кардан чӣ лозим? Ана ҳамин тавр. Бигузор дигарон асаби худро сарф кардан гиранд, мо бошем асаби худро барои фардо эҳтиёт намуда, мебинем, ки дар оянда корҳо чӣ тавр сурат мегиранд.

Дуруст ягон кори калоне нест, ки баъзе одамон ба он шубҳа накарда бошанд. Ин гунна одамон пештар ҳам буданд, ҳозир ҳам ҳастанд. Чаро набошанд? Бинобар ин барои он, ки моҳияти ин дигаргунсозиҳоро фаҳмида, ба имконияти ҳақиқии онҳо боварӣ ҳосил карда шавад, ҳам қувваи бузурги рўҳӣ ва ҳам ғайрату тафаккури нав доштан лозим. Вале реалист бояд буд. Шуури рўҳияи одамон худ аз худ дигар намешавад. Бинобар агарчи «он қабилҳо» хеле кам бошанд ҳам, тарзе вогузор кардан нашояд, ки «он қабилҳо» умуман ҷой надошта бошанд. Охир инҳо дар бари моянд. Онҳо дар корҳои ҳаррўзаи истеҳсолӣ, идеологӣ, ахлоқӣ, оилавию маишии мо ширкат доранд. Бепарвоии чунин одамон ба худ, ба коре ки иҷро мекунанд, имрўз на кори шахсӣ, балки зиёда аз он – проблемаи миқёси давлатӣ мебошад. Чунки фурсат пой: лоқайдона муносибат кардани онҳо бо азнавсозӣ хоҳ-нохоҳ ба атрофиён таъсир расонида, муҳити ҷамъиятиро бо бациллаи беҳаракатию карахти олуда месозад. Ҳамон вақт, ки дар байни мо одамони бепарво намонанд, ба шахси ҳаромкор рўирост гўянд, ки ҷўраҷон, ки корат  намешавад ва мувофиқи аъмолаш ҷазо диҳанд. Ҳамон вақт ки одамони масъулиятшиносу поквиҷдонро аз ҳар ҷиҳат бояду шояд қадр кунанд.

Ба мо чӣ намерасад? Якум дастгирии инженерӣ. Кори шўъбаи техникӣ дар иттиҳодия басо маъулиятнок ва мураккаб аст. Масъалаҳои реконструксия ва бо техникаи нав таъмин кардани истеҳсолот пурра ба зиммаи он гузошта шудааст. Омўхтан ва заказ кардани дастгоҳ ва асбобҳо фақат як шохаи вазифаи онҳост. Лекин ба ҳамин кори худро иҷрошуда шумурда даст ба оби хунук намезананд. Ветеранҳои корхона нақл мекунан, ки пештар ҳамаи коркунони инженерию-техникӣ дар як хонача ҷой гирифта буданду корҳо хуб буд. Ҳоло бошад як бинои боҳашамат барояшон ҳатто камӣ мекунад. Ба ҳар чор коргар як инженер, техник рост меояд. Ин хуб аст. Вале канӣ натиҷа? Канӣ самара?

Нест. Ё ки барояшон кор нест. Ҳаст. Хеле бисёр. Мана ҳамин фабрикаи моро гирем. Имрўз қариб 40 фоизи корҳо дастӣ иҷро мешаванд, бисёр амалиётҳо номафҳум, дастгоҳҳо бекор меистанд. Анна куҷост майдони васеъ барои инженерон, конструкторҳо! Аспи ғайрату маҳорат қамчин бизанед! Аммо онҳо ин ҷо – меҳмонони камнамо. Изофа ба он вақте коргарон ягон ихтирое пешниҳод мекунанд душманона пешвоз мегиранд. Навҷўе ихтирое пешниҳод намуд, ки процесси боркунии партовҳо автоматӣ кунонда мешуд. Вале инженерон гуфтанд: намешавад. Хуб, бигузор ин пешниҳод туғрӣ наомад, он гоҳ дигарашро ҷустан лозим. Наход ки боркунии партовҳо ҳамин қадар просесси мураккаб бошад. Аз ҳамаи ин бармеояд, ки инженерону конструкторон ба натиҷаи ниҳоят ҳавасманд нестанд. Чун ки моҳонаашон доимӣ. Бинобар ин на ташаббус ҳасту на чашми кордонӣ. Вақти он расидааст, ки обрўву нуфузи кори инженерро баланд  бардорем.

Комитети Марказии КПСС дар ин бора қарори хубе қабул карда буд. Ҳамаи ин тадбирҳои дар асоси таҷрибаи Ленинград андешида шуд тавре  тадбиқ гардид, ки инженерону техникҳо 5-7 сўмӣ музди иловагӣ гирифтанд. Ин хандаовар аст охир. Инженере ки эҷодкор, самараи кораш бештар аст бояд бисёртар ҳақ гирад. Ва касе ки ба ин ҷода тасодуфан афтодааст, бояд аз паси кори дигар шавад.

Ин ҷои суханоне ки аз минбари съезди XXVII КПСС садо доданд ба ёд омад: «Агар софдил,  боинсоф, поквиҷдон ва нисбат ба худ серталаб набошем, одами идеянок будан мумкин нест». Бо чунин мисолҳое, ки афкори одамони қаторӣ бо фикру мулоҳизаҳои дар ҳуҷҷатҳои партиявӣ дарҷгардида ҳамрадифанд, хеле бисёр вомехўрем. Моҳияти ин зуҳурот дар ин тезиси ленинӣ хеле возеҳ баён шудааст. Ў гуфта буд: «Мо танҳо вақте идора карда метавонем, ки ҳамаи он чиро, ки халқ фаҳмидааст, дуруст баён кунем».

– Сониян ба мо хонаи маданият намерасад, – мегуфт Ҳикматулло. – Имрўз он чун обу ҳаво зарур. Ҳўш ба мо чӣ халал мерасонад, ки созем? Туфайлихўрӣ. Месозанд гўён худро  осуда мекунем. Лекин агар беҳтар кор кунем, месозем.

Вақте ки сўҳбати мо ба охир мерасид, касе луқма партофт:

– Хайрият, дар бораи Ҳикматулло ҳам менависанд…

– Чӣ нависам?

– Нависед ки ў – одам! Одами замони нав!

– Боз чӣ?

– Бас, ҳама мефаҳмад… Хайр боз илова кунед, ки йигитҳои паси пештахта ва растаҳо шарм доред, аз Ҳикматулло ибрат гиред…

– Беҳтараш, ана ин хел нависед, – нидо намуд дигаре. – Ҳой, ҷавонони Душанбе, то кай аз ҳисоби давлат рўз мегузаронед? Фақат хўрдану хоб рафтан, рақсидан ба шаъни одамӣ намезебад. Модоме, ки давлат ғами моро хўрда бепул мехононад, табобат мекунад, дар пирӣ нафақа медиҳад, ҷавоби ин ҳама некиҳоро додан даркор. Охир, давлат ҳам аз шумо ягон нафъ бинад-дия.

Ҳақ асту рост!

  1. МАН ФАРЗАНДИ ХАЛҚАМ…

Аз минбари форуми коммунистони мамлакат дар байни рақаму фактҳое, ки аз шаҳомати потенсиалӣ шаҳодат медиҳанд, аз ҷумла чунин факту рақамҳо ном бурда шуданд. Ба съезди XXVII КПСС 1352 нафар занон вакил интихоб шуданд, ки ин 27 фоизи ҳамаи вакилон мебошад. Ин гуна намояндагии занон аз ҳар ҷиҳат дар таърихи КПСС бори аввал мушоҳида шуд. Сол аз сол, аз съезд то съезд шумораи занон дар сафҳои партия афзун мегардад, ҳоло зиёда аз 5 миллион занон аъзои партия мебошанд. Онҳо ҳарчи бештар ба органҳои интихобии партия ва ба роҳбарии соҳаҳои мухталифи сохтмони коммунистӣ пешбарӣ карда мешаванд. Ин аст дар ҳаёт татбиқшавии идеяи ленинӣ оид ба афзунгардонии шумораи занон дар рафоқати партиявии мо.

Сардори яке аз бригадаҳои ресандагию бофандагии фабрикаи дуюм Галина Петровна Таскаева, ки дар иттиҳодия каси намешинохтагию ҳурмат намекардагӣ нест, яке аз ҳазору сесаду панҷоҳу ду вакили ин съезди таърихӣ гардид.

Ин зани хоксору ситорагарм пеш аз ҳама бо меҳнати софдилона ва таълиму тарбияи шогирдони бисёр обрў ёфтааст. Тарҷумаи ҳоли Таскаева ба сохти иҷтимоии давлати мо хос буда, пандомўз мебошад. Ин коммунист, командири соҳибтаҷрибаи истеҳсолот аз хурдӣ орзуи омўзгор шудан дошт. Вақте мефаҳмад, ки ба иттиҳодия коргар зарур аст, зодгоҳи азизаш – деҳаи Колчадани вилояти Свердловскро монда, ба Душанбе меояд. Омўзишгоҳи рақами 28-ро хатм карда, касби ресандагӣ меомўзад. Ва инак, понздаҳ сол аст, ки вай дар иттиҳодия пурмаҳсул меҳнат карда, аз коргари қаторӣ то ба дараҷаи сардори бригада ба камол расида, ҳамчун роҳбари истеҳсолот ном мебарорад. Коммунистони иттиҳодия ба вай бовар намуда, ба сафи пуршарафи Партияи Коммунистӣ қабулаш намуданд, коммунистони республика бошанд, дар қатори беҳтарин ҳамсафони худ ўро низ ба съезди XXVII КПСС вакил интихоб карданд. Вай гапашро фикр карда медонистагиаш, хулосаашро мегўяд.

Одамоне ки касбу кор, характеру синну соли гуногун доштанду ман бо онҳо дар бораи Таскаева сўҳбат мекардам, ўро ҳамчун намояндаи хоси қисми пешқадамтарини муосиронамон тасвир намуда, дар ҳаққи вай бо ҳисси ифтихор сухан меронданд.

Вай мутлақо ба бепарвоӣ, бемасъулиятӣ, саҳланкорӣ, исрофкорӣ ва дигар камбудиҳое, ки ба кори умумии мо халал мерасонанд ва ба шаъни одами советӣ доғу иснод меоваранд, муросо намекунад. Дар айни замон зани ҳалиму хоксор, фурўтан, хушодобу хушсалиқа.

– Ман фарзанди халқам ва хизмат ба он бароям ҳам қарз, ҳам фарз аст, – мегўяд ў.

Бале ў ба хизмати халқ камар баста, дар ин роҳ вақти худ, саломатии худ, умуман ягон чизро дареғ намедорад. Ана ҳамин фидокорӣ, ана ҳамин ҷонбозӣ ўро сазовори ин ҳама иззату эъҷоз, сазовори эътиқоду эътимоди калон гардондааст. Ин мукофоти амал аст, яъне ҳар кӣ ҳарчӣ кошт ҳамон бардошт.

 – Чӣ ҷои пинҳон кардан, – нақл мекунад ў. – Мо дар бораи прогресси техникӣ торафт бешар гап зада, баъзан омили асоситарин – одамро аз мадди назар дур мемонем. Ёд дорам, ки маҷлисҳои коргарӣ, комсомолӣ ва партиявӣ то ба ҳамин қарибиҳо чӣ хел мегузаштанд. Гап бисёр мешуд. Вале асосан аз «план фалон фоиз», «зиёда аз план» барин калимаю ибораҳо иборат буду халос. Одамро – иҷрокунандаи корро бошад, баъзан фаромўш мекарданд. Ҳозир, баъди съезди партия дар коллективи мо ба бисёр чизҳо дигар хел муносибат мекардагӣ шуданд.

Аммо ҳоло ҳам корҳо баҷо нест.

Дар маҷлиси ҳисоботию интихоботии гурўҳи партиявии мо, ки аллакай шуда гузашт, ғайр аз гапҳои «пурзўр мекунем», «баланд мебардорем», «вусъат медиҳем» дигар чизе гуфта нашуданд. Имрўз масъала дуруст гузошта мешавад: қарор, ки қабул кардаӣ, онро иҷро кун! Мо ҳоло вазифаҳоямонро хуб ба ҷо намеорем. Дар маҷлиси комитети партиявӣ масъалаҳои ҷорӣ кардани техникаи навро шунида қарор қабул карданд. Вале то ҳол супориши кам кардани мўҳлати бекористии техникаи нав иҷро нашудааст. Бар хилофи ҳар гунна қарорҳо бисёр проблемаҳои истеҳсолию сосиалӣ ҳал намешаванд.

Ҳамчунин қарорҳои ҳукумати республика иҷро намегарданд. Яке аз онҳо, ки шаш сол пеш қабул шуда буд, вазифадор мекард, ки як қисми фонди манзилии иттиҳодия ба ихтиёри комитети иҷроияи шаҳри Душанбе дода шавад. Қарорҳои дигар органҳои болоӣ, ки мақсад аз онҳо беҳбудии кори иттиҳодия буд, низ иҷро нагардиданд. Ба Совети Вазирони республика комитети иҷроияи райони Ҳисор итоат накард. Ба комиҷроия дастур дода шуда буд, ки барои хоҷагии ёрирасони иттиҳодия замин ҷудо кунад. Ин чӣ гуфтанӣ гап, беэътибории фармон ё қарор? Ё бемасъулиятӣ ҳангоми қабули онҳо? Аз шаклҳои кўҳнаи тафаккур, тадбирбозӣ даст кашидан, на қоғазбозӣ, балки бештар бо одамон кор кардан лозим аст.

Дар ҳуҷҷатҳои Съезди XXVII КПСС, дар нутқҳои баъдисъездии роҳбарони партия ва давлатамон, як нуқтаи хеле муҳим гаштаву баргашта такрор меёбанд. Ин нуқта дар хусуси тағйири шуури инсон ва пуразоб будани просесси он аст. Ин нуқта, ростӣ, маро ниҳоят хуш омад ва шояд аз он сабаб бошад, ки он бо касбу ҳунари ман сахт алоқаманд аст:

«Тағйири шуур ба туфайли душвориҳои бузург муяссар мешавад, – таъкид шудааст дар маърўзаи бахшида ба зодрўзи доҳӣ, – Ин душвориҳоро илтифот кардан ба одам, принсипнокӣ ва адолат, меҳрубонӣ, хайрхоҳӣ ва самимият дар муносибатҳои инсонӣ сабук мекунанд. Ҳозир кўмаки маънавӣ баҳри тарафдорию дастгирӣ аҳамияти калон касб мекунад, қимати сухани самимӣ беандоза меафзояд, ки он одамро болу пар мебахшад. Бе одамгарии ҳақиқӣ тамоми гапҳои дар бораи омили инсонӣ хушку холианд. Ба мо дар ҳама ҷо ва дар ҳар бобат, дар истеҳсолот, дар лоиҳакашӣ ва сохтмон, дар эҷоди бадеӣ, дар муносибатҳои одамон зебоӣ лозим аст!».

Вай каме таваққуф намуду сонӣ суханашро давом дод:

– Ошкоро мегўям, вақте ки маро ба бригадирӣ пешбарӣ карданд, ин таклифро бо дудилагӣ қабул кардам. Охир осон нест бо одамон сару кор доштан. Одамони бригада ҳар хеланд. Онҳое кам набуданд, ки сарам дилам кор мекарданд, баъзан ба кор намебаромаданд. Бисёриҳо ба қадри дастгоҳ, асбобу анҷом намерасиданд, сарвати корхонаро эҳтиёт намекарданд. Корро аз муносибат ба одамон сар кардам, ба онҳо хатогиро гуфта захираву имкониятҳоро кушода медодам, роҳҳои ба натиҷаҳои устувор ноил гаштанро нақл мекардам. Онҳо ба нақли ман бодиқкат гўш медоданд. Баъд услуби ҳисоби хоҷагиро ҷорӣ намудем.

Музди иловагӣ ва ҳаҷми мукофотпулӣ ҳам хеле афзуд. Одамон фаҳмиданд, ки бо тарзи нав кор кардан на фақат ба корхона, балки ба ҳар як меҳнаткаш ҳам фоида меоварад. Имсол қарор додем, ки плани дусоларо то 70-солагии Октябри Кабир иҷро кунем. Рўҳияву кайфияти ҳама болида, дилашон ба кор гарм аст. Ҳоло мо ба қудрату имконияти худ боварӣ дорем. Аз таҷриба хулоса мебарорам: одам ба ҳама чиз қодир аст. Санъати бо одамон муомила кардан, онҳоро аз паси худ бурда тавонистанро бояд омўхт. Ҳар кассе ки бори гарони ба одамон роҳбарӣ карданро бар дўш дорад, бояд ҳамеша инро дар хотир дошта бошад.

Ҳамон рўз ман бо ситораҳои дурахшони иттиҳодия – вакили съезди XXVI КПСС Тамара Верешагина, депутати Совети Олии СССР Серофима Қодирова, Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ Лидия Меншикова ва боз бо чанд коргарон ва мутахассисони мухталиф мусоҳиб мешудаму меболидам, ки ин ҷо ғами ягонаи ҳама асосан масъалаҳои сифат, маҳсулнокии меҳнат ва ҳарчӣ бештар нафъ расонидан ба тараққиёти хоҷагии халқ аст. Андеша ва муҳокимарониҳои пурмағзи коргаронро шунида, кас боварӣ ҳосил мекунад, ки инқилоби илмию тахникӣ ва талаботи асри серташвиши мо донишу маҳорати онҳоро то ба кадом пояҳои баланд инкишоф додаст. Чӣ хеле ки директори генералии иттиҳодия, депутати Совети Олии республика Абдуқаюм Набиев изҳор мекунад, панҷсолаи ҷорӣ дар ҳаёти иттиҳодия давраи инқилоби ҳақиқии илмию техникӣ мегардад. Дар қатори дастгоҳҳои нави ватанӣ, мошинҳои хориҷӣ низ ба кор андохта мешаванд. Ва ҳамаи ин такмилоту азнавсозиҳо бидуни хобондан ё қатъ кардани истеҳсолот, яъне ба миқдор ва сифати истеҳсоли ҷории матоъ халал нарасонда, ба ҷо оварда мешаванд.

Хушбахтона, Абдулқаюм Набиев ва дигарон роҳбарон таҳти мафҳуми «азнавсозӣ» танҳо бо азнавсозии техникӣ маҳдуд нашудаанд. Дар яке аз маҷлисҳои умумии коллектив директори генералӣ ошкоро гуфт: «Мо бояд маҳсулоти аълосифат истеҳсол кунем». Бале, маҳз ҳамин тавр. Боварӣ дорам, ки Абдулқаюм Набиев инро беҳуда нагуфт. Рўзгори бисёр фидокорони коллектив дар доираи «бригада – фабрика – иттиҳодия» маҳдуд нест. Онҳо, чун коргарони уралӣ, украинӣ, белорусӣ, ба он манфиатдоранд, ки Ватанамон, ки ба одами меҳнатӣ ҳуқуқи хуҷаини фабрика, иттиҳодия ва мамлакати худ буданро додаст, боз ҳам тавонотар бошад. Мо ба онҳо дар роҳи амалӣ гаштани ин мақсадҳои наҷибашон барор орзу дорем. Орзумандем ҳамеша рўйсурху сарбаланд бошанд!

7 августи соли 1986

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …