Главная / Илм / ТАГЙИРДИХИИ ШАКЛ ВА АНДОЗАИ РАВЗАНАХО

ТАГЙИРДИХИИ ШАКЛ ВА АНДОЗАИ РАВЗАНАХО

Гарчанде дар Windows шакл ва андозаи на хамаи равзанахоро тагйир додан мумкин бошад хам, вале параметрхои равзанахои папкахоро истифодабарандагони компютер мувофики табъу завки худ ва аз руи зарурат, метавонанд дигар созанд. Масалан, панели асбобхо, сатри сурогави, сатри вазъи равзана ва дигар элементхои онро дар вакти дилхох аз экран хорич ва аз нав ба он чо баркарор кардан мумкин аст. Барои илова ё хоричкунии элементхои равзана аз командахои менюи равзана ВидПанели инструментов (НамудПанелхои асбобхо) ва СервисПараметры (СервисПараметрхо) истифода мебаранд, ки бо онхо мо баъдтар шинос хохем шуд.

Шакл ва андозаи равзанаро бо усулхои гуногун тагйир додан мумкин аст. Усули аз хама оддитарини тагйирдихии андозаи равзана истифодабарии менюи хидматии Нишонаи системавии сатри сарлавхаи равзана ба хисоб меравад.

panel-instrumentov

Тугмахои идоракунии андозаи равзана, ки дар тарафи рости сатри сарлавха чойгир шудаанд, баъзе командахои менюи хидматиро такрор менамоянд. Таъиноти ин тугмахо чунин аст:

  1. – хангоми бо ёрии нишондихандаи муш пахш кардани ин тугма, равзана пушида мешавад ва аз экран гайб мезанад. Дар ин маврид раванди кор бо равзана пурра катъ мегардад;
  2. – хангоми пахш кардани ин тугма, равзана пурра кушода мешавад ва тамоми экранро панох мекунад. Дар ин маврид тугма шакли -ро мегирад, ки он тугмаи
  3. баркароркуни номида мешавад. Пахши дуюмбораи ин тугма шакли пештараи равзанаро баркарор менамояд ва худи он ба тугмаи табдил меёбад ;
  4. – хангоми пахш кардани ин тугма, равзана ба нишонаи хурдакак табдил дода мешавад ва аз экран ба Панели масъалахои Мизи кори кучонида мешавад. Гарчанде дар ин маврид равзанаи папка аз Мизи кори хорич карда шуда бошад хам, вале раванди кор бо равзана ба охир нарасидааст. Барои давом додани кор кифоя аст, ки дар Панели масъалахо ба номи нишонаи папка ба воситаи муш як маротиба таъсир расонем.

Усули дигари чойивазкунии равзана дар Мизи кори ва тагйирдихии андозаи он бо имкониятхои муш вобаста аст. Масалан, нишондихандаи мушро ба сатри Сарлавхаи равза на гузошта, тугмаи чапи мушро пахшкунон худи равзанаро ба мавкеъхои гуногуни Мизи кори кучонидан мумкин аст.

Барои калон ё хурд кардани андозаи равзана бошад, нишондихандаи мушро ба яке аз канорхои равзана чунон гузоштан лозим аст, ки он бояд шакли ё -ро гирад. Масалан, агар нишондихандаи мушро ба канори поёнии равзана чунон гузорем, ки он шакли -ро гирад, он гох тугмаи чапи мушро пахшкунон худи мушро ба тарафи боло ё поён мелагжонем. Дар ин маврид андозаи равзана мувофикан ба самти амуди хурд ё калон мешавад. Айнан хамин амалиётро бо дигар канорахои равзана низ гузаронидан мумкин аст.

Барои мутаносибан калон ё хурд кардани андозаи равзана бошад, нишондихандаи мушро ба яке аз кунчхои равзана чунон бояд гузошт, ки он яке аз шаклхои ё -ро гирад. Баъд бо усули лагжониши муш андозаи равзанаро тагйир додан мумкин аст.

Саволхо:

  1. Тагйирдихии шакл ва андозаи равзана гуфта чиро мефахмед?
  2. Кадом командахои менюи равзанаи папка барои илова ё хоричкунии элементхои равзана хизмат мерасонанд?
  3. Оё ба воситаи имкониятхои муш мавкеи равзанаи папкаро дар Мизи кори тагйир додан мумкин аст?
  4. Сатри сарлавхаи равзанаи папка дар тагйирдихии мавкеи равзана дар Мизи кори ягон функсияеро ичро карда метавонад?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Дар дафтар усулхои тагйирдихии шакл ва андозаи равзанахоро нависед.
  3. Папкаи хусусии худро кушоед ва ба воситаи Нишонаи системавии сатри сарлавхаи равзана андозаи равзанаро тагйир дихед.
  4. Тагйирдихии андозаи равзанаро бо ёрии имкониятхои муш ва тугмахои идоракунии андозаи равзана такрор намоед.
  1. Аз командахои зарурии менюи равзана истифода бурда панели асбобхо, сатри сурогави ва сатри вазъи равзанаро аввал аз экран хорич кунед ва баъд онхоро боз аз нав баркарор намоед.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …