Главная / Илм / ТАҒЙИРДИҲИИ ШАКЛ ВА АНДОЗАИ РАВЗАНАҲО

ТАҒЙИРДИҲИИ ШАКЛ ВА АНДОЗАИ РАВЗАНАҲО

Гарчанде дар Windows шакл ва андозаи на ҳамаи равзанаҳоро тағйир додан мумкин бошад ҳам, вале параметрҳои равзанаҳои папкаҳоро истифодабарандагони компютер мувофиқи табъу завқи худ ва аз рўи зарурат, метавонанд дигар созанд. Масалан, панели асбобҳо, сатри суроғавӣ, сатри вазъи равзана ва дигар элементҳои онро дар вақти дилхоҳ аз экран хориҷ ва аз нав ба он ҷо барқарор кардан мумкин аст. Барои илова ё хориҷкунии элементҳои равзана аз командаҳои менюи равзана ВидПанели инструментов (НамудПанелҳои асбобҳо) ва СервисПараметры (СервисПараметрҳо) истифода мебаранд, ки бо онҳо мо баъдтар шинос хоҳем шуд.

Шакл ва андозаи равзанаро бо усулҳои гуногун тағйир додан мумкин аст. Усули аз ҳама оддитарини тағйирдиҳии андозаи равзана истифодабарии менюи хидматии Нишонаи системавии сатри сарлавҳаи равзана ба ҳисоб меравад.

panel-instrumentov

Тугмаҳои идоракунии андозаи равзана, ки дар тарафи рости сатри сарлавҳа ҷойгир шудаанд, баъзе командаҳои менюи хидматиро такрор менамоянд. Таъиноти ин тугмаҳо чунин аст:

  1. – ҳангоми бо ёрии нишондиҳандаи муш пахш кардани ин тугма, равзана пўшида мешавад ва аз экран ғайб мезанад. Дар ин маврид раванди кор бо равзана пурра қатъ мегардад;
  2. – ҳангоми пахш кардани ин тугма, равзана пурра кушода мешавад ва тамоми экранро паноҳ мекунад. Дар ин маврид тугма шакли -ро мегирад, ки он тугмаи
  3. барқароркунӣ номида мешавад. Пахши дуюмбораи ин тугма шакли пештараи равзанаро барқарор менамояд ва худи он ба тугмаи табдил меёбад ;
  4. – ҳангоми пахш кардани ин тугма, равзана ба нишонаи хурдакак табдил дода мешавад ва аз экран ба Панели масъалаҳои Мизи корӣ кўчонида мешавад. Гарчанде дар ин маврид равзанаи папка аз Мизи корӣ хориҷ карда шуда бошад ҳам, вале раванди кор бо равзана ба охир нарасидааст. Барои давом додани кор кифоя аст, ки дар Панели масъалаҳо ба номи нишонаи папка ба воситаи муш як маротиба таъсир расонем.

Усули дигари ҷойивазкунии равзана дар Мизи корӣ ва тағйирдиҳии андозаи он бо имкониятҳои муш вобаста аст. Масалан, нишондиҳандаи мушро ба сатри Сарлавҳаи равза на гузошта, тугмаи чапи мушро пахшкунон худи равзанаро ба мавқеъҳои гуногуни Мизи корӣ кўчонидан мумкин аст.

Барои калон ё хурд кардани андозаи равзана бошад, нишондиҳандаи мушро ба яке аз канорҳои равзана чунон гузоштан лозим аст, ки он бояд шакли ё -ро гирад. Масалан, агар нишондиҳандаи мушро ба канори поёнии равзана чунон гузорем, ки он шакли -ро гирад, он гоҳ тугмаи чапи мушро пахшкунон худи мушро ба тарафи боло ё поён мелағжонем. Дар ин маврид андозаи равзана мувофиқан ба самти амудӣ хурд ё калон мешавад. Айнан ҳамин амалиётро бо дигар канораҳои равзана низ гузаронидан мумкин аст.

Барои мутаносибан калон ё хурд кардани андозаи равзана бошад, нишондиҳандаи мушро ба яке аз кунҷҳои равзана чунон бояд гузошт, ки он яке аз шаклҳои ё -ро гирад. Баъд бо усули лағжониши муш андозаи равзанаро тағйир додан мумкин аст.

Саволҳо:

  1. Тағйирдиҳии шакл ва андозаи равзана гуфта чиро мефаҳмед?
  2. Кадом командаҳои менюи равзанаи папка барои илова ё хориҷкунии элементҳои равзана хизмат мерасонанд?
  3. Оё ба воситаи имкониятҳои муш мавқеи равзанаи папкаро дар Мизи корӣ тағйир додан мумкин аст?
  4. Сатри сарлавҳаи равзанаи папка дар тағйирдиҳии мавқеи равзана дар Мизи корӣ ягон функсияеро иҷро карда метавонад?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Дар дафтар усулҳои тағйирдиҳии шакл ва андозаи равзанаҳоро нависед.
  3. Папкаи хусусии худро кушоед ва ба воситаи Нишонаи системавии сатри сарлавҳаи равзана андозаи равзанаро тағйир диҳед.
  4. Тағйирдиҳии андозаи равзанаро бо ёрии имкониятҳои муш ва тугмаҳои идоракунии андозаи равзана такрор намоед.
  1. Аз командаҳои зарурии менюи равзана истифода бурда панели асбобҳо, сатри суроғавӣ ва сатри вазъи равзанаро аввал аз экран хориҷ кунед ва баъд онҳоро боз аз нав барқарор намоед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …