Главная / Биология / Сусмор – эчкемар

Сусмор – эчкемар

Сусморхо ё ин ки эчкемархо  – калтакалосхои калончусса буда, то 4 м дарозии бадан доранд. Думи дарози серхаракат ва пойхои нагзинкишофёфта дошта, тез медаванд. Сусморхо дар Африка, Осиёи Чануби, Австралия бисёр вомехуранд. Баъзеи онхоро назди об ё дар дохили об хам дидан мумкин аст. Дар Туркманистону Узбекистон ва Точикистон сусмори хокистаррашро дидан мумкин аст, ки онро мардуми махалли эчкемар (бузмак) меноманд, то 1,5 метр дарози дорад.

Сусмори аз хама калонро соли 1914 аз Индонезия ёфта буданд, ки 3 метру 65 см дарози ва 160 кг вазн дошт. Баъзан сусморхо барои чустучуи хурок ба болои буттаю дарахтхо мебароянд. Дар кафас то 2 мох хурок нахурда зинда мемонанд. Сусмор аз 3-солагиаш болиг шуда, ба афзонш cap мекунад. Бахор сусмори модина ба peг ё гил 10-12 тухм гур мекунад, ки охирхои июл аз онхо сусморчахои чавон мебароянд.

8. Саргирдаки гушдор. 9. Сипартумшуки захрдор; 10. Агамаи кухй; 11. Бузмак
8. Саргирдаки гушдор. 9. Сипартумшуки захрдор; 10. Агамаи кухй; 11. Бузмак

Гушти сусморхо хурданибоб буда, aгap онро чушонем ё бирён кунем, мазаи гушти мурги марчонро медихад. Сусмор паррандахои хурд, инчунин хашароту сангпуштхо ва калтакалосу курбоккаро шикор карда, гушти хайвонхои мурдаро мехурад. Вай аз чойи истикоматаш барои чустучуи хурок то ба масофаи 15 км меравад.

Суръати харакаташ дар як дакика 10-20 м аст. Дар вакти тарсу тахдид шикамашро дам дода, думашро мебардорад, фашшоскунон нафас бароварда, хатто ба одам хамла мекунад. Дахонаш дандонхои безахр дорад. Пусти сусмор барои тайёр кардани пойафзол, сумка, портфел хуб аст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …