Главная / Гуногун / Шуриши солхои 1908 – 1909 дар Табрез

Шуриши солхои 1908 – 1909 дар Табрез

Баъди дар Техрон ба амал омадани табаддулот маркази муборизаи инкилобии Эрон ба Табрез кучид. Нерухои шох хостанд, ки ин шахрро ишгол кунанд, вале ахолии он бо шуриш чавоб гардонд. Ба шуриши Табрез иштирокчии харакати чирики Саттор ва бинокор Богир рохбари менамуданд. Шуришчиёни Табрез талаб карданд, ки конститутсия аз нав баркарор ва мачлиси нав даъват карда шавад. Баъди чангхои шадиди чормоха ба табрезихо муяссар шуд, ки сарбозони шох ва иттифокчиёни уро аз шахр ронанд.

14091_113e3b4c48304f-203e41413839413a304f-4d3d46383a3b3e3f3534384f-223e3c-11-805

Шуриши табрезихо хамаи нерухои аксулинкилобро ба худ чалб кард. Он воситаи мухими дар мамлакат вусъат ёфтани харакати инкилоби гардид. Мохи январи соли 1909 дар Исфахон хокимиятро чонибдорони конститутсия гирифтанд. Ба онхо дастахои мусаллахи хонхои Бахтиёрия низ хамрох шуданд. Дар чануби мамлакат шуриш бо рохбарин Абдулхусейн ном чонибдори конститутсия огоз ёфт. 26 январи хамон сол дар Рашт шуриш ба амал омад ва хокимият ба дасти чонибдорони конститутсия гузашт, мохи март чонибдорони конститутсия дар Бушир ва Бандари Аббос хам хокимиятро ба даст медароранд. Муборизаи кахрамононаи табрезиён ва баромадхои чонибдорони конститутсия дар шахрхои дигари Эрон хокимият ва куввахои шохро суст карданд. Ин буд, ки сарбозони у мукобилияти Табрези мухосирашударо шикаста натавонистанд.

Аз вазъияти муносиб истифода бурда, империалистони англис ва рус ба тачовузи зидди Эрон даст заданд. Англисхо дар чануби Эрон, дар Бушир, Бандари Аббос ва Линг десант фароварда, анчуманхоро пароканда ва харакати инкилобиро пахш карданд. Хукумати подшохии Русия бошад, дар пахш кардани шуриш дар Табрез ба шохи Эрон дасти ёри дароз кард.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

maktabi-37

Мактаби №37-и ш. Душанбе (н. Сино)

Мактаби миёнаи №37 и шахри Душанбе вокеъ дар кучаи Маяковский хонаи 10. Ин мактаб солхои …