Главная / Гуногун / Шуриши солҳои 1908 – 1909 дар Табрез

Шуриши солҳои 1908 – 1909 дар Табрез

Баъди дар Теҳрон ба амал омадани табаддулот маркази муборизаи инқилобии Эрон ба Табрез кӯчид. Нерӯҳои шоҳ хостанд, ки ин шаҳрро ишғол кунанд, вале аҳолии он бо шӯриш ҷавоб гардонд. Ба шӯриши Табрез иштирокчии ҳаракати чирики Саттор ва бинокор Богир роҳбарӣ менамуданд. Шӯришчиёни Табрез талаб карданд, ки конститутсия аз нав барқарор ва маҷлиси нав даъват карда шавад. Баъди ҷангҳои шадиди чормоҳа ба табрезиҳо муяссар шуд, ки сарбозони шоҳ ва иттифоқчиёни ӯро аз шаҳр ронанд.

14091_113e3b4c48304f-203e41413839413a304f-4d3d46383a3b3e3f3534384f-223e3c-11-805

Шӯриши табрезиҳо ҳамаи нерӯҳои ақсулинқилобро ба худ ҷалб кард. Он воситаи муҳими дар мамлакат вусъат ёфтани ҳаракати инқилобӣ гардид. Моҳи январи соли 1909 дар Исфаҳон ҳокимиятро ҷонибдорони конститутсия гирифтанд. Ба онҳо дастаҳои мусаллаҳи хонҳои Бахтиёрия низ ҳамроҳ шуданд. Дар ҷануби мамлакат шӯриш бо роҳбарин Абдулҳусейн ном ҷонибдори конститутсия оғоз ёфт. 26 январи ҳамон сол дар Рашт шӯриш ба амал омад ва ҳокимият ба дасти ҷонибдорони конститутсия гузашт, моҳи март ҷонибдорони конститутсия дар Бушир ва Бандари Аббос ҳам ҳокимиятро ба даст медароранд. Муборизаи қаҳрамононаи табрезиён ва баромадҳои ҷонибдорони конститутсия дар шаҳрҳои дигари Эрон ҳокимият ва қувваҳои шоҳро суст карданд. Ин буд, ки сарбозони ӯ муқобилияти Табрези муҳосирашударо шикаста натавонистанд.

Аз вазъияти муносиб истифода бурда, империалистони англис ва рус ба таҷовузи зидди Эрон даст заданд. Англисҳо дар ҷануби Эрон, дар Бушир, Бандари Аббос ва Линг десант фароварда, анҷуманҳоро пароканда ва ҳаракати инқилобиро пахш карданд. Ҳукумати подшоҳии Русия бошад, дар пахш кардани шӯриш дар Табрез ба шоҳи Эрон дасти ёрӣ дароз кард.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

hosilshavii-tuxm

КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТӢ

РӮЙХАТИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИТАБОБАТИЮ ПРОФИЛАКТИКИИ ЗЕРТОБЕИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ   № НОМ …