Сураи ап-нур

Дар аввал тафсир гуяд, ки маънии оятхои сураи «ан-Нур» дар бораи он аст, ки ин сура фиристода шудааст аз олами кудс, то ки итоат намоянд ба хукмхои он. Яке аз ин гуна хукмхо чазои марду зани зинокунанда, агар мухсина ё мухсин набошанд, чазояшон сад тозиёна аст ва дар мавриди чазо бояд чанд нафар аз муъминон шохид бошанд. Ин хукм дар хар мактаби хукуки хар хел аст. Агар бешохид бар гунох касеро муттахам кунанд, бар даъвокунандаи дуруггуй задани 80 тозиёна хукм шудааст. Дар сурати набудани шохид он мард, ки зинои занашро дидааст, бояд касам хурад ва хар як касам хукми як шохидро дорад. Сипас дар шархи оятхо киссаи Оиша /зани пайгамбар/ ва Сафвон ибни Муаттал оварда шудааст.

surai-nur

Ба гуфти тафсир Оиша аз корвон акиб мемонад ва уро Сафвон дар шутури худ савор карда, то кароргохи аскар, ки Мухаммад /с/ он чо буд, меоварад. Ибни Убай Оишаро савори шутури Сафвон дида, ба у тухмат мезанад. Оиша муддати беилтифотии пайгамбарро хис карда, ба хонаи падараш меравад, то

рузе Мухаммад суроги Оиша рафта уро гирёну полон мебинад. Чанд оят дар ин маврид нозил мешавад, ки бегунохии Оишаро исбот мекунад.

Дар оятхои 30-34 дар бораи пушонидани занон узвхоеро, ки бояд аз назари марди бегона пинхон бошад, сина, гардан, сок, сухан меравад. Зебу зинати ин узвхо ба чуз барои шавхарашон, падаронашон, писаронашон ва гайра манъ аст. Зинои канизакон дар оят манъ туда, доир ба махру нафака сухан меравад. Микдори махр дар мазхабхо гуногун аст. Аз чумла тафсир мисол меоварад, Ибни Убаи Сулул – пешвои мунофикон шаш канизак дошт, ки онхо ба зиноикрох /мачбур мекардааст.

Ду нафар аз онхо барои фахмидани хайру шарри ин амал назди Мухаммад /с/ меоянд, аз ин кор суол мекунанд. Харати пайгамбар амали мунофиконро махкум мекунад.

Оятхо мегуянд, ки Худо нури осмонхо дар осмонхову замин аст, остони нури вай дар калби мусулмонон, ки монанди токе аст, ки дар он чарог аст. Тафсир шарх дихад, ки Нури яке аз асомии худост. Номи сураи «ан-Нур» низ аз хамин оят аст.

Тафсир шарххои зиёди нурро овардааст. Инчунин дар охири сура оятхое аст, ки дар хусуси одоби мурочиат бошанд, ки тафсир онхоро чун оятхои ба одоби мурочиат ба пайгамбар тааллук дошта шарх додаст.

 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …