Сураи ап-нур

Дар аввал тафсир гўяд, ки маънии оятҳои сураи «ан-Нур» дар бораи он аст, ки ин сура фиристода шудааст аз олами қудс, то ки итоат намоянд ба ҳукмҳои он. Яке аз ин гуна ҳукмҳо ҷазои марду зани зинокунанда, агар мўҳсина ё мўҳсин набошанд, ҷазояшон сад тозиёна аст ва дар мавриди ҷазо бояд чанд нафар аз мўъминон шоҳид бошанд. Ин ҳукм дар ҳар мактаби ҳуқуқӣ ҳар хел аст. Агар бешоҳид бар гуноҳ касеро муттаҳам кунанд, бар даъвокунандаи дуруғгўй задани 80 тозиёна ҳукм шудааст. Дар сурати набудани шоҳид он мард, ки зинои занашро дидааст, бояд қасам хўрад ва ҳар як қасам ҳукми як шоҳидро дорад. Сипас дар шарҳи оятҳо қиссаи Оиша /зани пайғамбар/ ва Сафвон ибни Муаттал оварда шудааст.

surai-nur

Ба гуфти тафсир Оиша аз корвон ақиб мемонад ва ўро Сафвон дар шутури худ савор карда, то қароргоҳи аскар, ки Муҳаммад /с/ он ҷо буд, меоварад. Ибни Убай Оишаро савори шутури Сафвон дида, ба ў тўҳмат мезанад. Оиша муддати беилтифотии пайғамбарро ҳис карда, ба хонаи падараш меравад, то

рўзе Муҳаммад суроғи Оиша рафта ўро гирёну полон мебинад. Чанд оят дар ин маврид нозил мешавад, ки бегуноҳии Оишаро исбот мекунад.

Дар оятҳои 30-34 дар бораи пўшонидани занон узвҳоеро, ки бояд аз назари марди бегона пинҳон бошад, сина, гардан, сок, сухан меравад. Зебу зинати ин узвҳо ба ҷуз барои шавҳарашон, падаронашон, писаронашон ва ғайра манъ аст. Зинои канизакон дар оят манъ туда, доир ба маҳру нафақа сухан меравад. Миқдори маҳр дар мазҳабхо гуногун аст. Аз ҷумла тафсир мисол меоварад, Ибни Убаи Сулул – пешвои мунофиқон шаш канизак дошт, ки онҳо ба зиноикроҳ /маҷбур мекардааст.

Ду нафар аз онҳо барои фаҳмидани хайру шарри ин амал назди Муҳаммад /с/ меоянд, аз ин кор суол мекунанд. Ҳарати пайғамбар амали мунофиқонро маҳкум мекунад.

Оятҳо мегўянд, ки Худо нури осмонҳо дар осмонҳову замин аст, остони нури вай дар қалби мусулмонон, ки монанди тоқе аст, ки дар он чароғ аст. Тафсир шарҳ диҳад, ки Нури яке аз асомии худост. Номи сураи «ан-Нур» низ аз ҳамин оят аст.

Тафсир шарҳҳои зиёди нурро овардааст. Инчунин дар охири сура оятҳое аст, ки дар хусуси одоби муроҷиат бошанд, ки тафсир онҳоро чун оятҳои ба одоби муроҷиат ба пайғамбар тааллуқ дошта шарҳ додаст.

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …