Главная / Илм / Сиёхдона дар Канзи Шифо (Китоб)

Сиёхдона дар Канзи Шифо (Китоб)

soyohdona-0-600x330Сиёхдона (Cие дона) — ин тухми растании бустонист ба монанди тухми арпабодиён, вале аз он дарозтару бориктар, рангаш сиёх ва буяш тунд мебошад. Гулаш зарди моил ба сафеди ва инчунин бунафш низ мешавад. Баргаш дарозаки нугдор, тухмаш дар гилофи калонтар аз гилофи тухми банг (кирмрезонак) аст. Кувваташ то хафт сол боки мемонад.

Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши Сиёхдона: ин гармкунанда ва хушккунандаи рутубатхои нодаркор, пазонанда ва барои хорич шудан тайёркунандаи онхо мебошад, инчунин аз узвхои дохили кандани онхо (ахлот) ва поккунандаи бадан аст; шир, пешоб ва хайзро равон мекунад. Агар инро бихуранд ва бо равгани савсан сиришта, занхо аз таг бардоранд, бачаи зинда ва мурдаро аз шиками онхо меафтонад, инчунин хамрохаки (ёраки) чанинро зуд хорич мекунад, бар зидди захрхои тармизоч тарёк мебошад.

Инро бихуранд ва гузошта банданд, сурфаи хунукмизоч ва рим кай карданро таскин медихад; барои дарди узвхои даруни сина, ростнафас, истиско (водянка), зардпарвин, бехузур (бечо) шудани дил, беморихои сипурз ва кулинчи боди даво мешавад. Инро хар руз ба дили нахор бо мудовамат бихуранд, пешоб, хайз ва дигарро равон мекунад; агар бо равган бихуранд, ранги рухсорро сурх мегардонад, башараро соф мекунад; агар бо сирко бихуранд, хамаи навъхои кирми меъдаро ихроч менамояд. Аз 4,5 то 10,5 грамми онро бо оби нимгарм бихуранд, барои саги девонагазида дору ва бар зидди захри гунда тарёк мешавад; хамин микдорро бо сиканчабин (сиркоасал) биёшоманд, таби дуруздармиён ва таби балгамии кухнаро шифо мебахшад; бо об ва асал бихуранд, ростнафасро дафъ мекунад, сангхои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, табхои кухнаро шифо мебахшад; бо танакори армани бихуранд, душвории шошиданро ислох менамояд.

Сиёхдонаро сухта, бо рубби мурд, яъне бо оби чушонида гафсгардонидаи мурд биёшоманд, бавосирро шифо мебахшад. Хоми онро бибуянд ё дар латта баста, як шаб дар сирко тар кардашудаи онро соида, батакрор субх дар бини бирезанд, дарди сари кухнаро, ки аз сарди бошад, дафъ мекунад, бастагии сурохи биниро мекушояд; зуком ва назларо бархам медихад, инчунин кач шудани руйро ба ибро меоварад — дар ин бобат давои бемисл аст.

Чун хафт адад тухми онро як соат дар шири занон тар карда, дар бинии касе, ки иллати зардпарвин дошта ва чашмонаш зард гашта бошанд, бичаконанд, иллатро дафъ мекунад. Сиёхдонаро куфта, бо равгани савсани кухи даромехта, дар бини бирезанд, оби дар гавхараки чашм фуромадаро, ки дар холати ибтидо бошад, дафъ мекунад. Ва агар куфтаи сиёхдонаро батакрор чун сурма ба чашм кашанд, гавхаракро аз он оби фуромада холис мегардонад, ба шарте ки иллат дар холати саршави бошад.

Сиёхдонаро гарм карда ба сар гармбанди намоянд, зукомро дафъ мекунад ва агар ба узвхои дигар гармбанди кунанд, бодхоро тахлил медихад. Сиёхдонаро дар об чушонида, ба он об сирко омехта, ин таркибро дар дахан гардонанд, дарди дандонро, ки аз сарди бошад, таскин медихад.

soyohdona-300x180Онро куфта, ба пеши сар гузошта банданд, назлахои кухнаро банд менамояд ва дарди сарро, ки сабабаш хунуки бошад, басанда месозад, сурохи бандшудаи биниро мекушояд; агар куфтаи онро бо сиркои хамр (винный уксус) ё бо сиркои ангури хамир сохта гузошта банданд, озаххо, холи руйи пуст, иллати пустпартои, дарди бугумхо, доги сафеди пуст, пес, донача ва обилахо, инчунин шукуфаи пустро дафъ мекунад; бо пешоби кудакон хамир карда гузошта банданд, варамхои сахт, озаххо ва холро дафъ мегардонад.

Сиёхдонаро куфта, бо оби тарбузи абучахл (ханзал)-и тару тоза сиришта, ба атрофи ноф бимоланд, кирми кадудонаро (солитёрро) бо куввати тамом ихроч мекунад; бо оби дарманаи тар даромехта бимоланд, кирмхои дарози шикамро башаст ихроч менамояд. Сиёхдонаро махин ос карда, бо хуни куршабпарак ё бо хуни фароштурук ва ё бо хуни мори афъи даромехта бимоланд, доги сафеди пустро дафъ мекунад; бо асал ва равган сиришта бимоланд, агар бачадон хангоми омадани хайз дард мекарда бошад, дарди онро шифо мебахшад; бо равгани гулисурх сиришта бимоланд, кутурро хох тар бошад ва хох хушк, шифо мебахщад.

Сухтаи онро бо мумравгане, ки аз муми занбури асал ва равгани савсан тартиб дода ё дар равгани хино гудохта бошанд, даромехта гузошта банданд, сари калро сихат мекунад, рехтани муйро манъ менамояд ва дар сари кал муйро меруёнад — барои ин кор батакрор бояд гузошта банданд.

Сиёхдонаро андак бирён карда, куфта, бо гулоб хамир сохта гузошта банданд, захмхои савдовии соки поро дафъ мекунад; бо пешоби кудакон хамир карда гузошта банданд, решхои сарро, ки рутубаташон монанди асал бошад ва дигар решхои тарро, ки аз сарди бошанд, шифо мебахшад. Сиёхдонаро то буяш баромадан бирён кунанд, инро сиёхдонаи будода меноманд. Сиёхдонаи будодаро куфта, дар равгани зайтун пухта, се-чор катра аз он равган дар бини чаконанд, зукомеро, ки бо атсаи бисёр бошад, дафъ месозад.

Вале агар сиёхдонаро аз хад зиёд бихуранд, одамони гарммизочро ба дарди гулу гирифтор мекунад — давои ин дар сирко тар карда хурдан аст. Инчунин ба гурда хам зиёнкор аст — давои ин хурдани катиро мебошад. Микдори як бор хурдан аз сиёхдона дар як руз барои одамони хунукмизоч то 7 грамм аст, вале барои касони гарммизоч то 1,75 грамм мебошад. Агар сиёхдона ёфт нашавад, ба чойи он арпабодиён бихуранд, раво мебошад ва инчунин нисфи вазни он тухми шибитро хурдан низ чойиз аст. Аз сиёхдона равган хам тайёр мекунанд. Ин бо роххои гуногун хосил карда мешавад:

  1. Бигиранд дар таносуби 70 грамм сиёхдона 17,5 грамм равгани бодоми талх — хардуро якчо бикубанд. Бар он андак оби гарм пошида, баъд бошиддат фишор дода, равгани онро биситонанд.
  2. Колбаро дар хачми хохиш гирифта, ба он гили бута бимоланд ва даруни онро то гарданаш аз сиёхдона пур созанд ва дар гулуи колба лифи загирпоя чо намоянд. Баъд бигиранд лаган ё тунукаи гафсро аз миёначояш мувофики гунчоиши гардани колба сурох кунанд. Колбаи пуркардашударо сарозер дар он сурох гузоранду аз боло ва атрофи он дар руйи лаган оташи тез биафрузанд. Равгани сиёхдона чудо гашта, дар лиф покшавон ба поён фуруд меояд.
  3. Як микдори муайян сиёхдонаро дар хашт баробари вазни он оби ширин як шабонаруз тар карда, баъд то чоряки об мондан бичушонанд. Ва онро аз матоъи бофташ зич гузаронида, соф намуда, дар зарфе аз болояш равгани кунчиди тоза ё равгани зайтун ду баробари он об андохта, бо оташи мулоим бичушонанд, то об бухор шуда, равган бимонад. Эхтиёт кунанд, ки равган дог нагардад.

Мизочи равгани сиёхдона дар дарачаи севум гарм ва хушк аст. Хурдани ин ва молиданаш барои иллатхои фолич, кач шудани руй, чингак шудани узвхо, дарди бугумхо аз сарди, сустии олатхои таносул, дафъ кардани гирехи асабхо, мондаги, дарди камар, барои кувват бахшидани бох ва ба харакат овардани аъзои таносул, хатто барои касоне, ки аз марди махрум гашта бошанд, даво мебошад. Агар махз бо равгани зайтун ин равганро тайёр карда бошанд, барои баркарор кардани куввати одамони аз марди махрум ва ноумед давои бемисл аст, хам хурданаш ва хам молиданаш. Микдори як бор хурдан аз равгани сиёхдона дар як руз то 7 грамм аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …