Главная / Илм / Себарга дар Канзи Шифо (Китоб)

Себарга дар Канзи Шифо (Китоб)

sebarga-klever-2-600x330Себарга (ба русси  Клевер) — як намуди растании хамешасабз, ки ду навъ мебошад: навъи бустони ва намуди сахрои дорад. Ду гурух дорад: гулаш сурх ва гулаш сафед. Бехтаринаш кисми сафедгули он аст.

Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва дар якум хушк аст. Хислатхои шифобахши бустонии он: оби аз себаргаи тар фишурдаро дар офтоб хушк кунанд, инро усораи себарга меноманд. Усораи инро махин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, пардаи афтодаеро, ки чашмро торик мегардонад ва гули чашмро дафъ мекунад, реши чашмро шифо мебахшад.

Себаргаро куфта бо шароб бихуранд, истиско ва зардпарвинро даво мешавад, кулинчро, ки варам ва дарди рудахои гафс аст, ба ибро меоварад, дарди рудахоро таскин медихад, захрхои каттолро аз бадан дур менамояд, пучакхоро мепазонад ва мекафонад; холати бади ахлоти сегона — хун, балгам ва сафроро, агар мурдор гашта бошанд, ба ислох меоварад, дарунро мулоим мекунад, иштихоро мекушояд.

Барги тарашро кима карда, бо андак равган бирён намуда, бардавом тановул кунанд, иллати истискоро, ки сабабаш чамъ шудани моддахои хунукмизоч бошад, сихат мекунад. Араки инро низ бардавом бинушанд, истискоро шифо мебахшад.

Тарики гирифтани араки себарга чунин аст. Барги тарашро куфта, дар анбик андохта, ба оташ мегузоранд ва ба руйи ин асбоб оби хунук мерезанд. Оби барги себарга бухор гашта, ба сархонаи сарди анбик расида, катрахои об гашта, ба зарфи дар поён гузошташуда мечакад. Вале араки ин монанди нушокихои масткунанда таъсир намекунад.

Аз себарга равган хам тайёр мекунанд. Ошомидани равгани он хар руз як махал 4,5 грамм дарди бугумхо ва дарди хояхоро дафъ мекунад. Вале агар инро аз хад бисёр бихуранд, дарди гулуро ба амал меоварад. Дар ин холати зараркардааш коху ва коснии тару тоза бихуранд, ислохи зарар мекунад. Ин равганро ба мабдоъи асабхо ва похои касе, ки замингир, яъне барчомонда бошад ва кобили хестан набошад, бимоланд, шифо мебахшад.

Тайёр кардани равгани он чунин аст. Барг ва банди баргхои тарашро чамъ намуда, дар соя хушк кунанд. Аз ин хар кадар, ки хоханд бигиранд. Дар шаш бароба-ри он оби борой ё оби мукаттар як шабонаруз тар намоянд. Баъд то ду хиссаи об бухор шудан бо оташи мулоим бичушонанд. Сони онро аз матоъи бофташ зич гузаронида, соф гардонанду дар зарфе бар болои он об аз болояш хамон микдор равгани зайтун андозанду бо оташи мулоим бичушонанд, то он ки об тамоман бухор шавад ва равган бимонад. Аломати ба тамом бухор шудани об он аст, ки аз чуш мемонад. Вале эхтиёт кунанд, ки равган дог нагардад.

Гирифтани равганн ин тарзи дигар хам дорад. Як микдор оби себаргаи тару тозаро дар зарфе карда, аз болояш хамон микдор, равгани зайтун андохта, ба тарики якум тайёр мекунанд. Тухми себаргаи бустониро бихуранд, куввати бохро ба харакат меоварад. Агар инро куфта, бо об хамир карда бимоланд, доги кунчидакро дафъ мекунад. Микдори як бор хурдан аз тухми себаргаи боги то 10,5 грамм аст.

Себаргаи сахроиро гулаш сурх ва баргаш калонтар аст, ки инро юнучкаи кухи ё себаргаи сурх меноманд. Мизочи ин дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши он оби гиёхи тару тозаи онро бинушанд, саръ ва дарди пахлуро шифо мебахшад, меъдаро кувват медихад ва дардашро хам дафъ мекунад; бодхоро пароканда месозад, исхолро мебандад, сардии хичакро ислох мекунад, чакмезакро шифо медихад; хайз, шир ва пешобро равон мекунад, арак меоварад. Ин обро дар бини чаконанд, барои иллати саръ ва девонаги дору мешавад. Агар оби инро ба чойи газидаи каждум бирезанд, захр ва азияти онро дафъ мекунад, вале ба узви солим бирезанд, дар он дард пайдо мекунад.

sebarga-klever
Сурат — рами Себарга

Инро дар об чушонида, кудаконро дар он об бинишонанд, онхо зуд ба рох медароянд. Равгани инро бимоланд, дарди узвхоро таскин медихад. Бо оби ин гиёх бишуянд, башара, яъне пустро аз хар гуна догхо пок мегардонад. Истеъмоли ин ба дарун дарди сар меоварад ва ба одамони гарммизоч зарар дорад. Дар ин холат кашниз ва растанихои дигари сардмизоч бихуранд, ислохи зарари он менамояд.

Мизочи тухмаш гармтар ва хушктар аз гиёхи он аст. Хурдани ин куввати бох мебахшад ва поккунандаи пуст мебошад. Агар инро куфта, бо об хамир карда бимоланд, чирк ва догхои кунчидаки руйро дафъ мекунад. Микдори як бор хурдан дар як руз аз тухми ин то 10,5 грамм аст. Вале хурданаш дар пусти бадан кутур пайдо мекунад, дар ин холат катиро бихуранд, ислохи зарар менамояд; ба узвхои даруни сина хам зиён дорад дар ин маврид каллаканд бояд хурд, ки дафъи зарар кунад.

Яке аз хусусиятхои он чунон аст, ки барг ва решаи онро бар рони чапи зан бибанданд, зоиданро осон ва сабук мегардонад. Бояд ки баъд аз зоидан зуд кушода партоянд. Муаллифи китоби «Дастур-ул-атиббо» навиштааст, ки чун решаи себаргаи сафедро дар соя хушк карда, баъд онро дар об ё дар гулоб бисоянду дар чашм кашанд, муйи мижахои рехтаро аз нав меруёнад, обрави ва кутури чашмро дафъ месозад.

Чун ин оби барги тару тозаи онро гирифта, дар 32 грамм обаш 132 грамм шири гов андохта бихуранд, пешоби бандшударо мекушояд. Агар решаи онро ба микдори мурч бо як дона мурч ба хурданаш огоз намуда, хар руз ба микдори як дона мурч аз реша зиёд карда ва мурчро хам якдонаги афзуда то чил руз ва рузи чилум чил баробари мурч ва бо чил дона мурч бихуранд ва аз рузи чилум як микдори решаро ба андозаи як мурч ва мурчро низ як донаги кам карда, дар рузи хаштодум боз решаро ба микдори донаи мурч ва мурчро ба як дона биёваранду бихуранд, хамаи беморихои аз хунуки ва тари сарзада, табхои балгамии кухнашуда, фуромадани об дар хояхо ва похо ва инчунин ба чохои дигар фурудомада дарднок бошад, барои хамааш дармон мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …