Главная / Гуногун / Сарватхои зеризаминии Осиёи Миёна дар асри XIX

Сарватхои зеризаминии Осиёи Миёна дар асри XIX

Маводи хомро барои истехсолоти хунарманди аз хочагии кишлок ва хам аз истихрочи маъдан ба даст меоварданд. Осиёи Миёна аз сарватхои зеризамини бой буд. Дар ин сарзамин конхои маъдан кам набуданд, вале ба сабаби хануз дар холати ибтидои вокеъ гардидани тарики истихроч ва хеле афзун будани талабот эхтиёчи кишварро тамоман конеъ карда наметавонистанд.

Микдори зиёди тилло дар Каротегину Дарвоз ва болооби Зарафшон бо усули заршуи хосил карда мешуд. Дар куххои Хисор, Ванч ва дигар махалхо маъдани охан, дар Кухи Танг, кухсори Фаргона ва Варзоб сурб (кургошим) истихроч мекарданд. Баробари истифодаи силохи оташфишон хонхо ба истихрочи кургошим ва селитра, ки барои тайёр кардани тир ва борут зарур буданд, ахамияти махсус медодаги шуданд. Кургошим, нукра ва селитраро дар куххои Уротеппа, Фаргона, санги мармарро дар Нурато, фируза, мис, сурма ва оханро дар болооби Зарафшон, Нурато, гачро дар Самарканд истихроч мекарданд.

buxoro3

Болооби Зарафшон – Мастчох, Фалгар, Фон, Киштут аз тиллою олтингугирд, селитраю сурма, ангиштсанг ва дигар сарватхои зеризамини бой буд.

Намак дар нохияхои Карши, Бойсун, Норак, куххои Хочасартез, Хочамуъмин ва чойхои дигар фаровон истехсол мешуд. Онро хам ба шакли дуда (масалан дар Ашт) ва хам ба шакли намаксанг (конхои машхури намаки рангини куххои Бузор, намаки кухи Хочамуъмин – наздикии Кулоб ва гайра) ба даст меоварданд.

Дар кухистони Бадахшон ва Фаргона хар гуна чавохирот ва сангхои киматбахо, аз кабили лаълу ёкут, фируза, лочвард ва амсоли инхо ба даст оварда мешуд. Тахтаохан, сихохан, тилло ва нукра аз Русия ворид мегашт.

Набудани техника ва мутахассисон истирохроч ва истифодаи сарватхои зеризаминии махаллиро душвор мегардонд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …