Главная / Гуногун / Сарватҳои зеризаминии Осиёи Миёна дар асри XIX

Сарватҳои зеризаминии Осиёи Миёна дар асри XIX

Маводи хомро барои истеҳсолоти ҳунармандӣ аз хоҷагии қишлоқ ва ҳам аз истихроҷи маъдан ба даст меоварданд. Осиёи Миёна аз сарватҳои зеризаминӣ бой буд. Дар ин сарзамин конҳои маъдан кам набуданд, вале ба сабаби ҳануз дар ҳолати ибтидоӣ воқеъ гардидани тариқи истихроҷ ва хеле афзун будани талабот эҳтиёҷи кишварро тамоман қонеъ карда наметавонистанд.

Миқдори зиёди тилло дар Қаротегину Дарвоз ва болооби Зарафшон бо усули заршӯӣ ҳосил карда мешуд. Дар куҳҳои Ҳисор, Ванҷ ва дигар маҳалҳо маъдани оҳан, дар Кӯҳи Танг, кӯҳсори Фарғона ва Варзоб сурб (қурғошим) истихроҷ мекарданд. Баробари истифодаи силоҳи оташфишон хонҳо ба истихроҷи қурғошим ва селитра, ки барои тайёр кардани тир ва борут зарур буданд, аҳамияти махсус медодагӣ шуданд. Қурғошим, нуқра ва селитраро дар кӯҳҳои Ӯротеппа, Фарғона, санги мармарро дар Нурато, фирӯза, мис, сурма ва оҳанро дар болооби Зарафшон, Нурато, гаҷро дар Самарқанд истихроҷ мекарданд.

buxoro3

Болооби Зарафшон – Мастчоҳ, Фалғар, Фон, Киштут аз тиллою олтингугирд, селитраю сурма, ангиштсанг ва дигар сарватҳои зеризаминӣ бой буд.

Намак дар ноҳияҳои Қаршӣ, Бойсун, Норак, кӯҳҳои Хоҷасартез, Хоҷамуъмин ва ҷойҳои дигар фаровон истеҳсол мешуд. Онро ҳам ба шакли дуда (масалан дар Ашт) ва ҳам ба шакли намаксанг (конҳои машҳури намаки рангини кӯҳҳои Бузор, намаки кӯҳи Хоҷамуъмин – наздикии Кулоб ва ғайра) ба даст меоварданд.

Дар кӯҳистони Бадахшон ва Фарғона ҳар гуна ҷавоҳирот ва сангҳои қиматбахо, аз қабили лаълу ёқут, фирӯза, лоҷвард ва амсоли инҳо ба даст оварда мешуд. Тахтаохан, сихохан, тилло ва нуқра аз Русия ворид мегашт.

Набудани техника ва мутахассисон истирохроҷ ва истифодаи сарватҳои зеризаминии маҳаллиро душвор мегардонд.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

aleksandriya-eskhata-ili-khujand

Обёрӣ дар Аморати Бухоро ва хонии Хуқанд

Дар аморати Бухоро ва хонии Хуқанд корҳои бузургӣ обёрӣ анҷом дода шуданд. Муҳимтарин шабакаҳои обёрии …