Главная / Гуногун / Саффориён: давлати солхои 873–903

Саффориён: давлати солхои 873–903

Давлати Саффориён – Дар асрхои IХ–Х, ба мисли даврахои гузашта, яке аз вазифахои хокимияти давлати дар вохахои зироатии Осиёи Миёна ташкил кардани мухофизати ин вохахо аз хучуми горатгаронаи бодиянишинон буд. Бо хамин максад дар ин давра дастахои махсуси фидоиёни мусаллах ташкил дода шуда буданд, ки онхоро гози — муборизони рохи дин меномиданд. Ба сафи гозиён аксаран барзгарон ва пешаварони муфлис дохил мегардиданд. Ин одамоне, ки чангро касб карда гирифта буданд, ба хамон чохое фиристода мешуданд, ки бо «кофирон» задухурд ба амал меомад.

Хокимони махалли ин фавчхои гозиёнро барои хизмат ба истехкомоте, ки дар худуди байни вохахои зироати ва сахрои бодиянишинон вокеъ гардида буданд, мефиристониданд. Чи навъе олими чугрофидони араб — Макдиси кайд мекунад, гозихо «хам такягох ва хам як воситаи нооромии» хукуматдорони махалли буданд, онхо, аз як тараф, ба тааррузи бодиянишинон зарба дода вохахои зироатиро аз тохтутози душманон мухофиза намоянд, аз тарафи дигар, дар нехзати халкии зидди аъёну ашрофи махалли фаъолона иштирок мекарданд.

Дар охири асри IХ фавчхои мусаллахи гозиён асоси он чунбиши бузурги халкиро, ки дар худуди Осиёи Миёна ва Эрон руй дода буд, ташкил намуданд. Ин чунбиши халкро бародарон Яъкуб ибни Лайс ва Амр ибни Лайс ба манфиати худ истифода бурданд[1]. Ин ду бародар дар аввали кор як дастаи рохзан ташкил доданд, ки дере нагузашта ин даста ба яке аз фавчхои гозиёни тавобеи Систон хамрох шуд. Истеъдоди чанговари ва диловари ба Яъкуб имконият дод, ки дар андак фурсат рохбарии фавчро ба дасти худ бигирад. Ин фавч ба хаёти сиёсии вилоят фаъолона иштирок намуд ва аз шуриши мардумони вохахои зироати истифода бурда, дар соли 861 хокими тохирихоро ронд ва маркази Систон шахри Заранчро забт кард.

Яъкуб хукмрони ин вилоят гардида, дар зарфи дах соли оянда як катор вилоятхои шаркии хилофатро тасарруф кард, ки онхоро то ин вакт охирин намояндаи силсилаи Тохирихо – Мухаммад ибни Тохир (862-873) идора менамуд.[2] Дар соли 873 Яъкуб ба кувваи харбии Тохирихо шикаст дода, маркази Хуросон шахри Нишопурро забт кард. Ба хамин тарик, хокимияти Тохирихо дар Осиёи Миёна ва вилоятхои шаркии Эрони кунуни тамоман аз байн рафт.

Агарчанде хукумати Багдод аз ин муваффакиятхои Яъкуб хеле ба изтироб афтода, барои бештар пахн нагардидани нуфузи у баъзе чорахо пешбини карда бошад хам, натичае набахшид. Аз ин сабаб халифа дар соли 874 ин амри вокеиро эътироф намуда, мачбур гардид, ки идора кардани тамоми хоки Хуросонро ба Яъкуб супорад.

Яъкуб то охири хаёти худ хамчун як нафар марди чангии содда ва шикас-танафс боки монд, либоси оддии ресмони мепушид, ба палос ва колин ахамият надода, ба замин менишаст ва дар вакти истирохат сарашро ба чои болишт ба руи сипари худ гузошта мехобид. Дар айни хол вай бо мароми чунбишхои халкии Осиёи Миёна ягон кадар наздикие надошт.

Дар байни лашкариёни у интизоми сахт хукмфармо буд. Худи у намунаи диловарии хайратангезеро нишон дода, аз сарбозон ва сардорон низ инро бо катъият талаб мекард. Дар яке аз чангхо руи уро бо шамшер зада чунон маъюб карда буданд, ки бист рузи тамом ба дахонаш найча гузошта хурок мехурд. Пас аз сихат шудан боз мисли пештара далерона ба корзор даромад.

saforiyon-1024x784

Яке аз кисмхои асосии кушуни уро сарбозони «фидои» ташкил мекарданд, ки гохо онхоро бо оханги карохатомез «айёр» хам (ба маънии «каллоб» ва «рохзан») мегуфтанд. Ин табакаи махсуси «мучохидони рохи дин» буд, ки сафи худро аз хисоби барзгарони безамин ва фирори пурра мекард. Айёрхо дар хаёти сиёси роли мухим мебозиданд, аз чумла, онхо дар Систон ба мукобили истилогарон бо матонати тамом мубориза бурданд. Зохиран хамон айёр-хоеро, ки дар чанг беш аз хама диловари нишон медоданд, ба мартабаи баландтар бардошта, ба гурухи сархангхо дохил мекарданд. Дар катори айёрхо фарзандони дехконон ва заминдорон хам буданд, ки онхоро «озодагон» меномиданд. Гайр аз ин дар кушун дастахои махсуси гуломон хам мавчуд буданд. Аввалхо дар ихтиёри Саффориён хамаги 2-3 хазор сарбоз буд, аммо дар сол-хои 874-75 Яъкуб дар як мухориба 15 хазор аскари савораро ба корзор даро-вард. Кушуни саффори мошинхои харби ва филхои чанги дошт. Дар вакти хучум ба гузоштани дастаи пешоханги мухофиз ва тачассус ахамияти калон дода мешуд. Сарбозхо дар хар се мох маош мегирифтанд. хар вакт дар айёми Навруз тафтиши кушун ба амал меомад. Аз сарбоз то сардори кушун ба амалдори махсус аспу силохи худро намоиш медод ва, сипас, пул мегирифт.[3]

Муваффакиятхои Яъкуб ибни Лайс ахволи вазнини мехнаткашонро, ки у бо ёрдами онхо ба ин дарача расида буд, заррае тагйир надод. Яъкуб голибан ба заминдорони хурд ва миёнаи феодали такя менамуд. У дар вилоятхои забт-кардаи худ тамоми тартиб ва коидаи мавчударо бо хамон холати пештара боки гузошт, хатто микдори молиётро, ки бар души барзгарон бори гароне буд, кам накард.

Дар соли 876 Яъкуб бо нияти гасб кардани хокимияти хилофат ба Багдод лашкар кашид, лекин то он чо нарасида, 100 км дуртар дар мавзеи Дору-л-Акул аз тарафи кувваи харбии халифа ба шикасти сахт дучор гардида, акиб нишаст. Чи навъе ки манбаъхои таърихи нишон медиханд, яке аз сабабхои маглуб шудани Яъкуб ибни Лайс кумаки Али ибни Мухаммади Буркаиро рад кардани у буд. Али ибни Мухаммад ба шуриши зангиёни гулом дар Ирок, ки такрибан 14 сол (869-883) давом намудааст, сардори мекард. Яъкуб ибни Лайс, ки худ тарафдори гуломдори буд, аз иттиход бастан ба гуломон ор кард ва аз ин сабаб кумаки пешниходкардаи пешвои шуришиёнро напазируфт. Пас аз се соли лашкаркашии бемуваффакият ба Багдод асосгузори сулолаи Саффориён Яъкуб ибни Лайс вафот кард. Лашкариёни у бародараш Амр ибни Лайсро ба тахт нишонданд.

Амр ибни Лайс (879–900) дар баробари ишгол кардани чои бародари худ фавран ба халифа мурочиат намуда, итоати худро бо маркази хилофат изхор кард. Ин буд, ки аз тарафи халифа мансаби коиммакоми Хуросон ва идора кардани як микдор вилоятхои шаркии Эрон ба у супорида шуд. Лекин дар амал Амр хам мисли Тохириён истиклолияти худро аз хилофат нигох медошт. Бар тибки маълумоти сарчашмахо, вай як шахси дар идора кардан сохибтадбиру доно ва лашкаркаши тавоно буд.

Дар асоси баъзе мадракхо чунин тахмин кардан мумкин аст, ки Саффорихо нехзати мазхабии шиахоро, ки дар байни барзгарон ва пешаварон муваффакият пайдо карда буд, ба дарачаи хеле зиёд истифода бурдаанд (хатто ривояте хаст, ки гуё Яъкуб «Мо ба чои Каъба парастиши офтобро чори мекунем», гуфта бошад).

[1] Аз руи баъзе маълумот Яъкуб мисгар буд. Дар забони араб мисгарро саффор мегу-янд. Номи силсилаи Саффориён низ аз хамин бармеояд. Амр наччориро касб карда буд.

[2] Мухаммади Тохири яке аз калонтарин феодалони он замон буд. Мадракхое боrи мондаанд, ки мувофиrи шаходати онхо вай аз заминхои дар Мозандарон доштааш rариб як миллион дирам фоида ба даст меовардааст (дар сурате, ки даромади умумии Мозандарон 13 миллиону 630 хазор дирамро ташкил мекард). Ниг.: Ибни Исфандиёр, 1320/1941, чилди I, с. 74.

[3] Бартольд В.В., 1963 б, с. 272–280; Eosworth С.Е., 1968.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

zanoni-arobakas

Занони аробакаши Точик

Бинобар сабаби вазнин буданги сатхи зиндаги дар Точикистон занони точик ба аробакаши машгул шуда то …