Главная / Илм / СУГУРТАИ ХАТМИИ ЧАВОБГАРИИ ГРАЖДАНИЮ ХУКУКИИ СОХИБОНИ ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ

СУГУРТАИ ХАТМИИ ЧАВОБГАРИИ ГРАЖДАНИЮ ХУКУКИИ СОХИБОНИ ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ СУГУРТАИ ХАТМИИ ЧАВОБГАРИИ ГРАЖДАНИЮ ХУКУКИИ СОХИБОНИ ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ

Конуни мазкур асосхои хукуки, иктисоди ва ташкилии сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиётро муайян намуда, ба таъмини химояи хукук ва манфиатхои конунии сугурташавандагон хангоми расондани зарар дар натичаи ходисаи роху наклиёт равона шудааст.

БОБИ I. МУКАРРАРОТИ УМУМЊ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт – намуди сугуртаи хатмие, ки ба андозаи кисман ё пурра пардохт намудани чуброни сугуртавиро (пардохти сугуртавиро) барои зараре, ки ба манфиатхои молумулкии шахс вобаста ба ухдадорихои у оид ба чуброни зарари ба шахсони сеюм, бинобар аз чониби у истифода бурдани воситаи наклиёт, аз чумла чавобгарии гражданию хукукии интиколдиханда расонда шудааст, пешбини менамояд;

– воситаи наклиёт – воситаи наклиёти механики, аз чумла автомобилхои сабукрав, микроавтобусхо, автобусхо, троллейбусхо, автомобилхои боркаш, тракторхо, мототсиклхо, мошину олоти худгарди дигар;

– махзани маълумот – мачмуи маълумот дар бораи сугурташаванда ва сугуртакунанда;

naqliyot

– сохиби воситаи наклиёт – шахси вокеи ё хукуки, ки сохиби воситаи наклиёт бо хукуки моликият мебошад, инчунин шахсе, ки ба у воситаи наклиёт муваккатан барои сохиби ва истифода дода шудааст;

– ронанда – шахсе, ки воситаи наклиётро идора менамояд ё аз тарафи сохиби воситаи наклиёт барои идора кардани он дар доираи конунгузории Чумхурии Точикистон ичозат дода шудааст. Хангоми омухтани идоракунии воситаи наклиёт шахси таълимдиханда ронанда махсуб меёбад;

– сугуртакунанда (ташкилоти сугуртави) – шахси хукукие, ки фаъолияти сугуртавиро дар асоси ичозатномаи макоми назорати сугуртави амали менамояд;

– сугурташаванда – шахси вокеи ё хукукие, ки бо сугуртакунанда (ташкилоти сугуртави) шартномаи сугурта бастааст;

– фоидагиранда – шахси вокеи ё хукукие, ки аз чониби сугурташаванда барои гирифтани пардохти сугуртави (чуброни сугуртави) дар шартномаи сугуртави таъин шудааст ва дар полиси сугуртави дарч гардидааст;

– чабрдида – шахси вокеи ё хукукие, ки ба хаёт, саломати ва ё молу мулки у аз чониби шахси дигар дар натичаи ходисаи роху наклиёт хангоми истифодабарии воситаи наклиёт зарар расонида шудааст;

– шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт – шартномае, ки тибки он сугурташаванда ухдадор аст мукофоти сугуртавиро (хакки сугуртавиро) мутобики шартнома пардохт намояд ва сугуртакунанда (ташкилоти сугуртави) ухдадор аст хангоми рух додани ходисаи сугуртавии бо шартнома пешбинишуда ба сугурташаванда ё шахси сеюм (фоидагиранда), ки ба фоидаи у шартнома баста шудааст, пардохти сугуртавиро анчом дихад;

– ходисаи сугуртави – вокеае, ки хангоми рух додани он ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) тибки конунгузори ва шартномаи сугурта ухдадор аст пардохти сугуртавиро (чуброни сугуртавиро) анчом дихад;

– ходисаи роду наклиёт – ходисае, ки дар раванди истифодабарии воситаи наклиёт ва бо иштироки он, инчунин харакати кисмхои аз воситаи наклиёт чудошуда ва бори дар он буда рух додааст, ки дар натичаи он ба хаёт, саломати ва ё молу мулки чабрдида зарар расонида шудааст;

– мукофоти сугуртави (хакки сугуртави) – маблаги пулии дар шартнома дарчшуда, ки онро сугурташаванда ухдадор аст ба ташкилоти сугуртави бо тартиб ва дар мухлатхои дар шартномаи сугурта мукарраргардида пардохт намояд;

– маблаги сугуртави – маблаги пулие, ки ба он объекти сугуртави сугурта карда шудааст ва он хачми нихоии масъулияти ташкилоти сугуртавиро (азнавсугуртакуниро) хангоми рух додани ходисаи сугуртави дар бар мегирад;

– пардохти сугуртави (чуброни сугуртави) – маблаги пулие, ки ташкилоти сугуртави (азнавсугуртакуни) ба сугурташаванда (фоидагиранда) дар доираи маблаги сугуртави хангоми рух додани ходисаи сугуртави ба шахси сугурташуда мепардозад;

– полиси сугуртави – хуччате, ки вокеияти баста шудани шартномаи сугурта ва тибки талаботи шартномаи мазкур мавриди амал карор гирифтани ухдадорихои ташкилоти сугуртавиро оид ба пардохти сугуртави тасдик менамояд;

– макоми (ташкилоти) дахлдор – маком ё ташкилоте, ки хукуки гузарондани арзёбии андозаи зарари ба хаёт, саломати ва молу мулки чабрдида расондашударо дошта, дар ин асос хулоса медихад;

-портфели сугуртави – мачмуи дама шартномахои сугуртавии басташуда.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Принсипхои сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт

Сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт ба принсипхои зерин асос меёбад:

– кафолати чуброни зарари ба хаёт, саломати ва ё молу мулки чабрдидагон расондашуда;

– оммави будани сугуртакунии хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт;

– бефосилагии амали сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт дар тамоми мухлати истифодабарии воситаи наклиёт;

– хавасмандии моддии сохибони воситахои наклиёт ва таъмини бехатарии харакат дар рох.

Моддаи 4. Объектхои сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт

Объектхои сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт манфиатхои сохибони воситахои наклиёт вобаста ба ухдадории онхо оид ба чуброни зарари ба хаёт, саломати ва ё молу мулки чабрдида расондашуда мебошанд, ки дар натичаи ходисаи роху наклиёт хангоми истифодабарии воситахои наклиёт ба вукуъ омадаанд.

Моддаи 5. Сугуртакунии хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт
  1. Чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт, новобаста ба навъ ва намуди воситаи наклиёт, ки дар бозрасии давлатии автомобили ва ё макомоти дигар ба кайд гирифта шудаанд ва аз чониби сохибони онхо мавриди истифода карор доранд, инчунин воситахои наклиёти муваккатан ба худуди Чумхурии Точикистон воридшуда ва ё воридкардашуда ба сугуртакунии хатми фаро гирифта мешаванд.
  2. Бастани шартномаи сугуртаи ихтиёрии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт сохиби воситаи наклиётро аз ухдадори оид ба бастани шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт озод намекунад.
  3. Дар худуди Чумхурии Точикистон истифодабарии воситахои наклиёт, ки чавобгарии гражданию хукукии сохибони онхо тибки талаботи Конуни мазкур ба сугуртаи хатми фаро гирифта нашудааст, ичозат дода намешаванд.

БОБИ 2. ШАРТНОМАИ СУГУРТАИ ХАТМИИ ЧАВОБГАРИИ ГРАЖДАНИЮ ХУКУКИИ СОХИБОНИ ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ

Моддаи 6. Тартиб ва шартхои бастани шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт
  1. Сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт дар асоси шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт, ки байни сугуртакунанда ва сугурташаванда мутобики талаботи Конуни мазкур баста шудааст, амали карда мешавад.
  2. Шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт амалисозии пардохти сугуртавиро аз руи ухдадорихое, ки дар натичаи расондани зарар ба хаёт, саломати ва ё молу мулки чабрдида бармеоянд, пешбини менамояд.
  3. Шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт танхо бо он сугуртакунандае, ки дорои ичозатномаи хукуки амали намудани фаъолият аз руи хамин намуди сугуртаи хатми мебошад, баста мешавад. Сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт аз тарафи ташкилотхои сугуртави, новобаста аз шакли моликияташон, амали карда мешавад.
  4. Сугурташаванда дар интихоби сугуртакунанда озод аст.
  5. Шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт шартномаи оммави буда, сугуртакунанда хукук надорад хохиши сугурташавандаро оид ба бастани шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт рад намояд.
  6. Дар шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт маълумоти зерин дарч карда мешаванд:

– тарафхо (сугуртакунанда ва сугурташаванда);

-воситаи наклиёте, ки сохиби он чавобгарии худро сугурта мекунад;

– объекти сугурта;

– холатхое, ки хамчун ходисахои сугуртави эътироф мешаванд;

– андозаи маблаги сугуртави;

– андозаи мукофоти сугуртави;

– мухлатхо;

– холатхои рафънопазир;

– хукуку ухдадорихои сугуртакунанда ва сугурташаванда.

  1. Хангоми баста шудани шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт сугуртакунанда баъди аз тарафи сугурташаванда пардохт гардидани мукофоти сугуртавии мукарраргардида ба сугурташаванда полиси сугуртави медихад, ки хуччати тасдиккунандаи амалишавии сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт мебошад.
  2. Полиси сугуртави ба гайр аз шартхои муайянкардаи сугурташаванда бояд дорои маълумот оид ба андозаи маблаги сугуртави вобаста ба ходисаи сугуртави ва ишора ба намуди шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт бошад. Шакли намунавии полиси сугуртави аз чониби макоми назорати сугуртави тасдик карда мешавад.
  3. Талабот нисбати барасмиятдарории полиси сугуртави аз руи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти сугуртави мукаррар карда мешаванд.
  4. Дар холати гум кардани полиси сугуртави сугуртакунанда ухдадор аст дар асоси аризаи хаттии сугурташаванда ба у нусхаи полиси сугуртавиро дихад. Пас аз додани нусхаи полиси сугуртави полиси сугуртавии гумшуда беэътибор дониста шуда, аз руи он пардохти сугуртави амали карда намешавад.
  5. Харочоти сугуртакунанда барон пешбурди корхо хангоми такроран пур кардани нусхаи полиси сугуртави аз тарафи сугурташаванда ба андозаи панч фоизи як нишондиханда барои хисобхо пардохт карда мешавад.
  6. Агар сугуртакунанда шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиётро бо шартхои вазнинкунандаи вазъияти сугурташаванда баста бошад, хангоми рух додани ходисаи сугуртави у дар назди сугурташаванда мутобики мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон чавобгар мебошад.
  7. Пардохти мукофоти сугуртави аз руи шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт аз тарафи сугурташаванда дар шакли пардохти яквактаина амали карда мешавад, агар дар шартномаи мазкур тартиби дигар пешбини нагардида бошад.
  8. Шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт дар ташкилотхои сугуртави бо пешниходи шиносномаи техникии воситаи наклиёт ва хуччати тасдиккунандаи гузаштани воситаи наклиёт аз муоинаи хатмии давлатии техники баста мешавад.
  9. Ташкили махзани маълумот ва воридсозии иттилоот ба он аз чониби макоми назорати сугуртави амали карда мешавад.

Моддаи 7. амали шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт
  1. Шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт аз рузи ба имзо расонидани он эътибор пайдо мекунад.
  2. Шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт дар худуди Чумхурии Точикистон амал мекунад, агар дар шартномаи байналмилалие, ки Точикистон онро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбини нагардида бошад.
  3. Шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт ба мухлатхои зерин баста мешавад:

– хангоми истифодабарии доимии воситаи наклиёт – дувоздах мох;

– хангоми истифодабарии мавсимии воситаи наклиёт – на камтар аз шаш мох;

– дар холати воридшавии транзити ё муваккатии воситаи наклиёт ба худуди Чумхурии Точикистон барои тамоми давраи муваккатан карор доштани воситаи наклиёт дар худуди Чумхурии Точикистон, хангоми понздах руз ё камтар аз онпонздах рузи таквими.

  1. Андозаи мукофоти сугуртави, ки дар кисми 1 моддаи 12 Конуни мазкур вобаста ба намудхои воситахои наклиёт пешбини шудааст, аз руи таносуби ба андозаи хар як мох ростмеомада пардохт карда мешавад.
  2. Шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт хангоми ба худуди Чумхурии Точикистон ворид шудани воситахои наклиёте, ки дар давлати дигар ба кайд гирифта шудаанд, аз тарафи сохибони онхо шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт баста шудааст ва онро Точикистон мутобики шарту талаботи шартномаи байналмилалии байни Чумхурии Точикистон бо он давлат басташуда эътироф намудааст, баста намешавад.
  3. Бо сохибони воситахои наклиёте, ки дар давлатхои хоричи ба кайд гирифта шудаанд ва воситахои наклиёт муваккатан дар худуди Чумхурии Точикистон истифода бурда мешаванд, шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт барои тамоми мухлати истифодабарии муваккатии воситахои наклиёти мазкур баста мешавад. Хангоми понздах руз ва камтар аз он дар худуди Чумхурии Точикистон истифода шудани чунин воситахои наклиёт шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт ба мухлати понздах рузи таквими баста мешавад.

Моддаи 8. Холатхои катъ гардидани амали шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт
  1. Амали шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт дар холатхои зерин катъ мегардад:

– ба итмом расидани мухлати амали шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт;

– аз чониби сугуртакунанда амалисозии пардохти маблаги сугуртави ба андозаи пурраи маблаги сугуртави пас аз рух додани ходисаи сугуртави;

– холатхои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.

  1. Хангоми дар хачми пурра пардохт гардидани маблаги сугуртави полиси сугуртави беэътибор дониста мешавад. Дар ин холат сохиби воситаи наклиёт (агар воситаи наклиёт талаф наёфта бошад) ухдадор аст шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиётро ба мухлати нав бо дилхох сугуртакунандае бандад, ки хукуки амалисозии ин намуди сугуртаи хатмиро дорад.

Моддаи 9. Хукук ва ухдадорихои сугурташаванда
  1. Сугурташаванда хукук дорад:

– хангоми бастани шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт ташкилоти сугуртавиро интихоб намояд;

– аз сугуртакунанда маълумот оид ба мавчудияти иттилоот дар махзани маълумот доир ба шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёти худро талаб намояд;

– аз сугуртакунанда пурра фахмондани хукуку ухдадорихои худро талаб намояд;

– хангоми гум шудани полиси сугуртави нусхаи онро аз сугуртакунанда гирад;

– аз хизматрасонии макоми (ташкилоти) дахлдор оид ба арзёбии андозаи зарари ба молу мулки чабрдида расондашуда истифода барад;

– бо натичахои арзёбии андозаи зарари расондашуда, ки аз тарафи макоми (ташкилоти) дахлдор гузаронда шудааст ва хисоби андозаи пардохти сугуртави, ки аз тарафи сугуртакунанда амали карда шудааст, шинос шавад;

– шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиётро мутобики мукаррароти Конуни мазкур пеш аз мухлат бекор намояд;

– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар холати рози набудан бо карори сугуртакунанда оид ба рад намудани амалисозии пардохти сугуртави ва ё кам кардани андозаи он ба макоми назорати сугуртави ё суд мурочиат намояд;

– хангоми рух додани ходисаи сугуртави аз сугуртакунанда пардохти сугуртавиро дар холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур талаб намояд.

  1. Сугурташаванда ухдадор аст:

– мукофоти сугуртавиро мувофики Конуни мазкур ва шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт пардохт намояд;

– дар бораи рух додани ходисаи роху наклиёт ба сугуртакунандае, ки бо у шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиётро бастааст, хабар расонад. Агар сугурташаванда бо сабабхои узрнок имконияти ичро намудани чунин амалро надошта бошад, бояд хуччати тасдиккунандаи бозрасии давлатии автомобилиро пешниход намояд;

– хангоми рух додани ходисаи роху наклиёт ба чабрдидагон ва кормандони бозрасии давлатии автомобили дар бораи сугуртакунандае, ки бо у шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиётро бастааст, хабар дихад;

– хангоми рух додани ходисаи роху наклиёт оид ба пешгири ё кам кардани зарари имконпазир, аз чумла начот додани молу мулк ва расондани ёри ба шахсони чабрдида тадбирхо андешад;

– хангоми рух додани ходисаи роху наклиёт тибки Конуни мазкур ва шартномаи басташуда ба шахсони дахлдор оид ба ходисаи роху наклиёти рухдода хабар дихад;

– хангоми рух додани ходисаи роху наклиёт мутобики талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон аз муоинаи тибби чихати муайян кардани холати масти бар асари истеъмоли машрубот, воситахои нашъадор, моддахои психотропи ё моддахои дигари мадхушкунанда гузарад.

  1. Дар шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт инчунин метавонад хукуку ухдадорихои дигари сугурташаванда, ки ба конунгузори Чумхурии Точикистон мухолиф нестанд, пешбини гарданд.

Моддаи 10. Хукук ва ухдадорихои сугуртакунанда
  1. Сугуртакунанда хукук дорад:

– хангоми бастани шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт аз сугурташаванда пешниходи маълумотро тибки талаботи Конуни мазкур дархост намояд;

– аз макомот ва ташкилоти дахлдор хуччатхои тасдиккунандаи рух додани ходисаи сугуртави ва андозаи зарари ба чабрдидагон расондашударо дархост намояд;

– аз хизматрасонихои макоми (ташкилоти) дахлдор оид ба арзёбии андозаи зарари ба молу мулки чабрдидагон расондашуда истифода барад.

  1. Сугуртакунанда ухдадор аст:

– хангоми бастани шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт сугурташавандаро бо шарту талаботи шартномаи зикргардида шинос намуда, хукуку ухдадорихои уро, ки аз ин шартнома бармеоянд, фахмонад;

– банд аз бастани шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт ва пардохти мукофоти сугуртави полиси сугуртавиро дихад;

– хангоми аз тарафи сугурташаванда пешниход шудани ариза онро сари вакт барраст карда, дар давоми панч рузи кори чавоби хатти дихад;

– хангоми аз тарафи сугурташаванда барои пардохти сугуртави пурра пешниход нагардидани хуччатхои зарури дар давоми на зиёда аз як рузи кори аз рузи воридшавии хуччатхои мазкур ба шахси мурочиаткунанда бо нишон додани руйхати пурраи хуччатхо хабар дихад;

– хангоми рух додани ходисаи сугуртави пардохти сугуртавиро бо тартиб ва мухлатхое, ки Конуни мазкур мукаррар намудааст, амали намояд;

– харочоти сугурташавандаро, ки бо максади пешгири ва ё кам кардани хачми зарар хангоми рух додани ходисаи сугуртави ба вукуъ омадааст, чуброн намояд;

– аз сугурташаванда барои гирифтани маблаги пардохти сугуртави, ба истиснои хуччатхои дар Конуни мазкур мукарраргардида, хуччатхои иловагиро талаб накунад;

– хисоботи молиявии мутамарказонидаи худ ва хисоботи аудитории мустакилро хар сол дар на кам аз ду нашрияи даври, ки дар худуди Чумхурии Точикистон пахн мешаванд ва ё дар сомонаи худ бо забони давлати нашр намояд;

– расмиёти санчиши дахлдори сугурташаванда ё молик- бенефитсиарро аз руи шартномаи сугурта тибки талаботи Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи фаъолияти сугуртави” анчом дихад;

– хуччатхо ва маълумоти заруриро на кам аз панд сол пас аз андом ёфтани муносибатхои кори ва баста шудани суратхисоб нигох дорад.

Моддаи 11. Хукукхои чабрдида
  1. Чабрдида хукук дорад:

– ба сугурташаванда ва сугуртакунанда дар бораи зарари ба хаёт, саломати ва ё молу мулки у дар натичаи ходисаи роху наклиёт расондашуда хабар дихад;

– ба сугуртакунанда хуччатхои заруриро барои гирифтани пардохти сугуртави пешниход намояд;

– дар холатхои зарури аз хизматрасонии макоми (ташкилоти) дахлдор барои арзёбии андозаи зарари ба молу мулк расондашуда истифода барад;

– бо натичахои арзёбии андозаи зарари расондашуда ва хисоби андозаи пардохти сугуртави, ки аз тарафи сугуртакунанда амали карда шудааст, шинос шавад;

– хангоми рух додани ходисаи сугуртави аз сугуртакунанда пардохти сугуртавиро дар холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур талаб намояд;

– аз хизматрасонии муассисахои тибби истифода барад;

– ба сохиби воситаи наклиёт оид ба чуброни зарари расондашуда нисбати он кисми маблаги зарари расондашуда, ки аз андозаи пардохти сугуртавии амалигардида зиёд аст, талабот пешниход намояд ва дар сурати ичро нагардидани талаботи пешниходшуда аз чониби сохиби воситаи наклиёт бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба суд мурочиат кунад.

  1. Хукукхои чабрдида, ки дар кисми 1 моддаи мазкур мукаррар карда шудаанд, дар холатхои пешбининамудаи Конуни мазкур ба шахсони дигаре, ки ба сифати фоидагиранда баромад мекунанд, мегузаранд.

БОБИ 3. МУКОФОТИ СУГУРТАВЊ

Моддаи 12. Андозаи мукофоти сугуртави
  1. Андозаи мукофоти сугуртави аз руи меъёри нишондиханда барои хисобхо дар рузи бастани шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт муайян карда шуда, барои шахсони вокеи ва хукуки вобаста ба намуди воситахои наклиёт бо тартиби зерин мукаррар карда мешавад:

– автомобилхои сабукрав ва микроавтобусхо ба андозаи ду нишондиханда барои хисобхо;

– автобусхо ва троллейбусхо ба андозаи се нишондиханда барои хисобхо;

-автомобилхои боркаш ба андозаи се нишондиханда барои хисобхо;

– тракторхо, мошину олоти худгарди дигар ба андозаи ду нишондиханда барои хисобхо;

– мототсиклхо ба андозаи як нишондиханда барои хисобхо.

  1. Ба кам ё зиёд кардани андозаи мукофоти сугуртави, ба истиснои мукаррароте, ки дар кисми 1 моддаи 13 Конуни мазкур пешбини гардидаанд, рох дода намешавад.

Моддаи 13. Кам кардани андозаи мукофоти сугуртави
  1. Хангоми бастани шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт – иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватани ва шахсони ба онхо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти чанги дар худуди давлатхои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругохи барки атомии Чернобил зарар дидаанд, инчунин маъюбони гуруххои I ва II мукофоти сугуртавиро ба андозаи панчох фоизи маблаги мукофоти сугуртавии мукаррарнамудаи Конуни мазкур пардохт менамоянд.

2.Имтиёз барои кам кардани андозаи мукофоти сугуртави аз руи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт танхо барои як адад воситаи наклиёте, ки ба худи сугурташаванда тибки кисми 1 моддаи мазкур тааллук, дорад, пешниход гардида, дар ин хусус дар полиси сугуртави кайди дахлдор гузошта мешавад.

  1. Сохибони воситахои наклиёт, ки дар давоми идоракунии бефосилаи воситахои наклиёт коидахои харакат дар рохро вайрон накардаанд, бо пешниходи хуччати тасдиккунанда аз макоми ваколатдор дорои имтиёзхои зерин мебошанд:

– хангоми бе ходисаи роху наклиёт идора кардани воситаи наклиёт аз 5 то 10 сол пардохти мукофоти сугуртави ба андозаи 5% кам карда мешавад;

-хангоми бе ходисаи роху наклиёт идора кардани воситаи наклиёт аз 10 то 15 сол пардохти мукофоти сугуртави ба андозаи 10% кам карда мешавад;

– хангоми бе ходисаи роху наклиёт идора кардани воситаи наклиёт аз 15 то 20 сол пардохти мукофоти сугуртави ба андозаи 15% кам карда мешавад;

– хангоми бе ходисаи роху наклиёт идора кардани воситаи наклиёт зиёда аз 20 сол пардохти мукофоти сугуртави ба андозаи 20% кам карда мешавад.

БОБИ 4. МАБЛАГ ВА ПАРДОХТИ СУГУРТАВЊ

Моддаи 14. Андозаи маблаг ва пардохти сугуртави
  1. Барои хисоб намудани андозаи пардохти сугуртави нишондиханда барои хисобхо, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар рузи бастани шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт мукаррар шудаанд, истифода карда мешаванд.

2.Хачми нихоии масъулияти ташкилоти сугуртави ба андозаи хашсаду хаждах нишондиханда барои хисобхо мукаррар карда мешавад.

  1. Сугуртакунанда ухдадор аст хангоми рух додани хар як ходисаи сугуртави (новобаста ба шумораи он дар давоми амали шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт) пардохти сугуртавиро ба чабрдида тибки талаботи Конуни мазкур амали намояд.
  2. Хангоми расондани зарар ба саломатии чабрдида дар натичаи ходисаи роху наклиёт, ки боиси марг гардидааст, андозаи пардохти сугуртави панчсаду чилу панч нишондиханда барои хисобхоро ташкил медихад.
  3. Хангоми гирифтани маъюби дар натичаи ходисаи роху наклиёт тибки маълумотномаи макоми ваколатдори давлатии ташхиси тиббию ичтимои пардохти сугуртавии якдафъаина маблаги зеринро ташкил медихад:

– маъюби гурухи I – сесаду хаштод нишондиханда барои хисобхо;

– маъюби гурухи II – сесад нишондиханда барои хисобхо;

– маъюби гурухи III – дусаду бист нишондиханда барои хисобхо. 6. Хангоми расондани зарар ба молу мулки чабрдида, маблаги сугуртави то дусаду хафтоду се нишондиханда барои хисобхоро ташкил медихад.

  1. Пардохти сугуртавии якдафъаина хангоми расондани зарар ба саломатии чабрдида сугуртакунандаро аз чуброни пардохти сугуртави барои расондани зарар ба молу мулки чабрдида озод намекунад. Пардохти сугуртавии якдафъаина ва пардохти сугуртави барои расондани зарар ба молу мулк дар доираи хачми нихоии масъулияти ташкилоти сугуртави амали карда мешавад.
  2. Маблагхои аз хисоби мукофоти сугуртави воридгардида танхо дар холати ба охир расидани мухлати амали шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт даромади сугуртакунанда ба хисоб рафта, бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукуки ба фондхои захиравии сугуртави таксим карда мешаванд.

Моддаи 15. Шартхои амалисозии пардохти сугуртави

Сугуртакунанда пардохти сугуртавиро ба чабрдида (фоидагиранда) дар асоси хуччатхои зерин амали менамояд:

– полиси сугуртави (нусхаи он);

– нусхаи маълумотномаи тасдиккунандаи ходисаи роху наклиёт, ки аз тарафи бозрасии давлатии автомобили дода шудааст;

– нусхаи шиносномаи сугурташаванда;

– ваколатномаи аз тарафи сохиби воситаи наклиёт додашуда;

– нусхаи шаходатномаи ронандаги;

– нусхаи шаходатномаи техникии воситаи наклиёт;

– маълумотномаи муассисаи тибби оид ба корношоямии муваккати ё худ маълумотнома дар бораи мукаррар кардани гурухи маъюби дар холати расондани зарар ба саломатии чабрдида;

– нусхаи шаходатномаи вафоти мусофир, пиёдагард ё шахси (шахсони) дигари чабрдида;

– хуччати тасдиккунандаи андозаи зараре, ки ба молу мулки чабрдида расонда шудааст.

Моддаи 16. Тартиби амалишавии пардохти сугуртави
  1. Пардохти сугуртави тибки талаботи Конуни мазкур аз тарафи сугуртакунанда дар муддати панч рузи кори аз рузи пешниходи хуччатхои зарури амали карда мешавад.
  2. Дар холати фавти чабрдида ва дар асоси аризаи аз чониби фоидагиранда воридгардида дар бораи пардохти сугуртави ва маълумотномаи муассисаи тибби доир ба ходисаи мазкур, сугуртакунанда ухдадор аст панчох фоизи маблаги пардохти сугуртавиро дар мухлати як рузи кори пардохт намояд. Маблаги бокимондаи пардохти сугуртави пас аз пешниход намудани шаходатномаи вафот дар мухлати як рузи кори пардохт карда мешавад.
  3. Хангоми дар мухлати мукарраргардида амали накардани пардохти сугуртави сугуртакунанда ухдадор аст ба чабрдида (фоидагиранда) барои хар рузи батаъхиргузошташуда ба андозаи 0,5 фоизи маблаги пардохтшаванда ноустуворона супорад. 4. Хангоми муфлисшави, бархамхури ва ё бо сабабхои дигар катъ гардидани фаъолияти ташкилоти сугуртави портфели сугуртави тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба ташкилоти дигари сугуртави интикол дода шуда, ухдадорихо оид ба пардохти сугуртави низ мувофикан ба ташкилоти мазкур мегузарад.

Моддаи 17. Хукуки талаби мутакобила (регресс) нисбат ба шахсе, ки зарар расондааст

Сугуртакунандае, ки пардохти сугуртавиро ба чабрдида амали намудааст, дар холатхои зерин ба андозаи маблаги пардохтгардида нисбат ба шахсе, ки зарар расондааст, хукуки талаби мутакобиларо (регрессро) дорад:

– чавобгарии гражданию хукукии сугурташаванда дар натичаи амалхои баркасдонаи у, ки ба рух додани ходисаи сугуртави равона гардидаанд, фаро расида бошад;

– чавобгарии гражданию хукукии сугурташаванда хангоми идоракунии воситаи наклиёт дар холати масти, бар асари истеъмоли машруботи спирти, воситахои нашъадор, моддахои психотропи ё моддахои дигари мадхушкунанда рух дода бошад;

– чавобгарии гражданию хукукии сугурташаванда дар натичаи идоракунии воситаи наклиёт бе доштани хукуки идораи воситаи наклиёт фаро расида бошад;

-чавобгарии гражданию хукукии сугурташаванда дар натичаи гайб задани ронанда аз махалли рух додани ходиса фаро расида бошад;

– чавобгарии гражданию хукукии сугурташаванда дар натичаи истифодабарии воситаи наклиёт берун аз меъёри гунчоиши мусофиркашиву боркашонии он фаро расида бошад;

– чавобгарии гражданию хукукии сугурташаванда дар натичаи истифодабарии воситаи наклиёт бе муоинаи хатмии давлатии техникии воситаи наклиёт фаро расида бошад;

– холатхои дигаре, ки тарафхо дар шартнома пешбини кардаанд.

БОБИ 5. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВЊ

Моддаи 18. Халли бахсхо

Бахсхо вобаста ба шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт тибки конунгузории Чумхурии Точикистон хал карда мешаванд.

Моддаи 19. Назорати амали намудани сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт

Назорати ичрои ухдадорихои сохибони воситахои наклиёт оид ба бастани шартномаи сугуртаи хатмии чавобгарии гражданию хукукии сохибони воситахои наклиёт бо тартиби мукарраршуда аз тарафи бозрасии давлатии автомобили амали карда мешавад.

Моддаи 20. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 21. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                  Эмомали Рахмон

ш. Душанбе,

7 августи соли 2020

№ 1719

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sayora-olim

Барои чи диккати олимони аврупоиро, дар чустучуи хаёт дар дигар сайёрахо нею

Савол: Барои чи диккати олимони аврупоиро, дар чустучуи хаёт дар дигар сайёрахо нею махз Титан …